ГУЛАНДОМ
САЙИДАЛӢ МАЪМУР
ГУЛАНДОМ
Гуландом, эй Гуландом!
Макун, макун кори хом.
Шохи бодомро машкан,
Худро манмо ту бадном.
Ин бодомро пеш аз мо
Шинондааст бобом.
Ҳосилашро хўрдаанд,
Ҳам очаму ҳам додом.
Фардо ману ту кунем,
Ширин даҳону ҳам ком.
Ҳоло, ки ғарқи гул аст,
Машкан ту шохи бодом.
Биё, кори боборо
Беҳтараш диҳем давом.
Ниҳоли нав шинонем,
Барем ба бобо пайғом.
Бобои мо шавад шод
Аз ману ту, Гуландом.
АЛМОС
Алмоси мо ноёб буд,
Чолок чун санҷоб буд.
Бо мо буд ўву шод буд,
Зебо буду хушзот буд.
Чашмони чун алмос дошт,
З-ин рўй номи хос дошт.
Алмос бар хурду калон
Чун буд азизу меҳрубон,
Ҳар кас ба вай ғамхор буд,
Хўрокиаш бисёр буд.
Саг одати ҳар саг надошт,
Ҳам бемаҳал ак-ак надошт.
Ҳар аккасашро буд сабаб,
Мекард чизеро талаб.
Алмос аз ҳавлиямон
Як рўз гум шуд ногаҳон.
Ғам дар дили мо гашт ҷо
Ҳавлӣ бишуд мотамсаро.
Аз гиря чун пуроб шуд
Чашмони мо бехоб шуд.
То ёфтам Алмосро,
Бас кофтем Алмосро.
Алмоси мо дар хонае,
Дар хонаи бегонае,
Беҳол буд, бетоб буд,
Занҷирбаста хоб буд.
Бишнид чун овози мо
Аз ҷой ҷаст Алмоси мо.
Занҷирро кардам чу во,
Худ дода бар сўям ҳаво
Лесид дасту рўи ман,
Лесид cap, ҳам мўи ман.
Алмос чун пайдо бишуд
Ғам дур аз дилҳо бишуд.
Дар ҳавлии мотамсаро
Тўи калоне шуд бапо.
Алмос гарми бозӣ буд,
Алмос аз мо розӣ буд.
МУРҒОБӢ
Ҳабобию ҳабобӣ,
Дидем мурғи обӣ.
Дар кўл шино мекард,
Шино бо ду по мекард.
Мурғ аввал обӣ набуд,
Номаш мурғобӣ набуд.
Дар хушкӣ ҷои он буд,
Замину осмон буд.
Болу параш карда боз
Мекард дур парвоз.
Мурғ боре ногаҳон
Дар қиёми тобистон
Аз парвози дури худ
Бисёр ҳам хаста шуд.
Чун ба замин фаромад,
Вай ба лаби кўл омад.
Оби кўли каб-кабуд,
Чун осмон менамуд.
Мурғ ба лаби кўл нишаст
Ташнагии худ шикаст.
Обаки кўл сард буд,
Соф буду бегард буд.
Ба мурғ писанд омад,
Даруни он даромад.
Аз шиддати тобистон
Бимонда ў дар амон.
Зи нав зўру тавон ёфт,
Ҷои ҳузури ҷон ёфт.
Сонӣ болашро афшонд,
Ду пои худро ҷунбонд,
Мурғи хушкигард охир,
Шуд шиновари моҳир.
Мурғ оқибат оби шуд,
Номи он мурғобӣ шуд.
САНГПУШТ
(Афсона)ҷ
Буд, набуд самбаққа буд,
Ҷўраи қурбаққа буд.
Аввал набуд баднамуд,
Санге ба пушташ набуд.
Раҳ гаштанаш баҷо буд,
Қомати ў расо буд.
Пир набуд, ҷавон буд,
Танбал набуд, чаққон буд.
Ҳар ҷо, ки қурбаққа буд,
Ҳамраҳаш самбаққа буд.
Ҳар ду ки дўст буданд,
Як мағзу пўст буданд.
Ҳар ҷо равона буданд,
Аз ҳам ҷудо набуданд.
Ҳар чӣ ёбад самбаққа
Мехўрд бо қурбаққа.
Ба ин тариқу ин ҳол
Бигзашт чанд маҳу сол.
Қурбаққа як пагоҳӣ
Мекард оҳу воҳе.
Таб мекарду хоб набуд,
Об мехосту об набуд.
Об набуд, бас набуд,
Ҳатто як магас набуд.
Самбаққа оварда об
Гуфто ба ў:− ту бихоб,
Ман меравам ба шикор,
Маро бишав интизор.
Самбаққа бар ёла рафт,
Баъди қатъи жола рафт.
Аммо дар ёла ин бор
Шикораш накард барор.
Ў, ки бе ғизо омад,
Аз худ норизо омад.
Қурбаққа бедор буд,
Ўро интизор буд.
Самбаққаро чун бидид,
Аз тарс як қад парид.
Самбаққа буд баднамуд,
Афташ дигар гашта буд.
Дар сол агар ҷавон буд,
Чун пири нотавон буд.
Ранги рухаш парида,
Қомати ў хамида.
Қурбаққа пурсон бишуд:
− Бигў, ки бар ту чӣ шуд?
Чаро хеле дер кардӣ?
Маро хавотир кардӣ.
Чаро қоматат хам аст?
Чаро чашмонат нам аст?
Як паллаи тарозу
Парў шуд дар тани ту?
Куҷо будӣ, чӣ кардӣ?
Хўрдание овардӣ?
Самбаққа бо ғаму дард,
Пас ба ў ҳикоя кард:
− Ман пуштаҳоро кофтам,
Аммо чизе наёфтам.
Намонд илоҷу ночор,
Равон шудам ба бозор.
Бозор буд пуродам,
Хўрданӣ ҳам набуд кам.
Дар бозор буд ҳама чиз,
Карам буду ҳам кашниз.
Сабзӣ буду пиёз буд,
Пештахтаи дароз буд.
Себ буду ангур буд,
Рўи пештахта пур буд.
Ҳам ин буду ҳам он буд,
Хўрданӣ фаровон буд.
Чун пул надоштам ба худ,
Аз ҳар чӣ кам-кам ба худ,
Гирифта баҷо кардам,
Дар халтаам ҷо кардам.
Яке тарозубон дид,
Сўям бо ғазаб давид.
Чун нақапид маро ў
Бо паллаи тарозу
Аз дур зад ба пуштам,
Шуд қоматам аз он хам.
Ман бо ду чашми пуроб
Сўи хона бошитоб
Лангон-лангон давидам,
Аз тарси ҷон давидам.
То хонамон расидам,
Қафоямро надидам.
Халтаам монд дар бозор,
Холӣ омадам ин бор.
Қурбаққа ин қиссаро
Шуниду кард моҷаро:
− Чаро дуздӣ намудӣ?
Охир ту дузд набудӣ.
Худатро бадном кардӣ,
Маро ноором кардӣ.
Бо дузд ошно будан?
Беҳтар, ки ҷудо будан…
Аз ҳамон дам то имрўз,
Самбаққа хўрад афсўс,
Ки паллаи тарозу
Мондаст дар тани ў.
Вазнин шуда бори тан,
Натавонад давидан.
Чаққон буду танбал шуд,
Аз дарду ғам касал шуд.
Афту андомаш дигар,
Ҳам бишуд номаш дигар.
Самбаққа буд номи вай,
Сангпушт шуд номи вай.
Қурбаққа ҳам қаҳрӣ шуд,
Кўлӣ шуду наҳрӣ шуд.




