Сайёди ҳарис
Сайёде рӯзе дар саҳро мегузашт. Рӯбоҳе дид бағоят чусту чолок, ки дар фазои он дашт мегашт ва бозикунон дар ҳар ҷониб ҷилва менамуд. Ба сайёд мӯи ӯ хуш омада ба баҳои тамом фурӯхтани ӯро тасаввур кард ва дар пайи Рӯбоҳ гашта, сӯрохи ӯро донист ва наздики сӯрох чоҳе канда, бо хасу хошок пӯшида, мурдоре ба болои он гузошт. Худ дар камин мунтазир нишаст. Иттифоқо Рӯбоҳ аз сӯрох берун омада ва бӯи он мурдор ӯро кашон-кашон ба лаби он чоҳ расонид. Бо худ гуфт:
«Агарчи аз бӯи ин мурдор димоғи орзу муаттар аст, аммо бӯи бало низ ба машоми эҳтиёт мерасад ва оқилон ба коре, ки эҳтимоли хатар дошта бошад, ҳаргиз даст назадаанд.
Ҳар куҷо хатти мушкиле бикашанд,
Ҷаҳд кун, то буруни хат бошӣ.
Ва агарчи мумкин аст ин ҷо ҷонвари мурда бошад, шояд дар зери он доме гузошта бошанд.
Мар туро чун ду кор пеш ояд,
Ки надонӣ кадом бояд кард,
Он ки вай дар мазаннаи* хатар аст,
Он-т* бар худ ҳаром бояд кард.
В-он ки бе хавфу хатар бошад,
Ба ҳамонат қиём бояд кард».
Рӯбоҳ ин фикр карда аз сари он мурдор даргузашт ва роҳи саломат пеш гирифт. Дар ин асно Паланги гуруснае аз болои кӯҳ даромад ва ба бӯи мурдор худро ба чоҳ афканд. Сайёд чун овози дом ва садои афтодани ҷонварро дар чоҳ шунид, тасаввур кард, ки Рӯбоҳ ғалтад. Аз ғояти ҳирс, бе он ки таҳаммуле кунад, худро аз паи ӯ дарандохт. Паланг ба хаёли он ки ӯро аз хӯрдани мурдор манъ хоҳанд кард, баргашт ва шиками сайёд бидарид.
Сайёди ҳарис ба шумии ҳирс дар доми фано афтод ва Рӯбоҳи қонеъ ба қатъи тамаъ аз вартаи бало наҷот ёфт.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




