АНДАР ОЙИНИ БА ГАРМОБА РАФТАН
Бидон, эй писар, ки ҳар гоҳ ба гармоба равӣ, бо шиками сер марав, зеро ин кор ба саломатӣ зиён дорад.
Гармоба ҷойи бисёр хубест ва метавон гуфт, ки аз миёни биноҳое, ки ҳакимон сохтаанд, чизе беҳтар аз гармоба насохтаанд.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи фоидаҳояш, ҳар рӯз ба гармоба рафтан судманд нест, балки метавонад зиён дошта бошад. Зеро гармии зиёд асабҳо ва буғумҳоро суст мекунад ва устувории онҳоро кам месозад. Ҳамчунин, бадан ба ҳар рӯз гармоба рафтан одат мекунад. Агар рӯзе ба гармоба наравӣ, худро мисли бемор эҳсос мекунӣ ва андомҳоят сахту ноором мегарданд.
Пас, беҳтар аст, ки ҳар ду рӯз як бор ба гармоба равӣ, то ҳам барои баданат судманд бошад ва ҳам туро ба худписандиву нозпарвардагӣ нисбат надиҳанд.
Ҳар гоҳ, хоҳ дар зимистон бошад, хоҳ дар тобистон, ба гармоба равӣ, нахуст муддате дар хонаи салқин бинишин, то баданат ба муҳити он одат кунад ва аз он роҳат ёбад.
Сипас ба хонаи миёна, ки гармии муътадил дорад, даро ва он ҷо низ андаке истироҳат кун. Баъд ба хонаи гарм рав ва муддате бинишин, то аз гармии он баҳра барӣ. Чун гармии гармоба ба баданат таъсир кард, ба хилватхона даро ва сару танатро бишӯй.
Дар гармоба аз ҳад зиёд намон ва оби бисёр гарм ё бисёр сардро бар баданат марез. Беҳтар он аст, ки об ҳарорати муътадил дошта бошад.
Агар гармоба холӣ бошад, онро ғанимати бузург бидон, зеро ҳакимон гармобаи холиро аз неъматҳои арзишманд шумурдаанд.
Ҳангоме ки аз гармоба берун меоӣ, нахуст мӯйҳоятро хуб хушк кун ва баъд ба роҳ баро. Зеро бо мӯи тар ба кӯча баромадан, ба ақидаи муаллиф, на кори хирадмандон аст ва на шоистаи одамони бообрӯ.
Ҳамчунин, пас аз гармоба бо мӯи тар ба назди бузургону шахсони муҳтарам рафтан аз одоби нек нест.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




