Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

САНГПУШТ ВА ОДАМОНИ БАД

Аз сангпушт пурсиданд:

- Аз ин деҳа ба деҳаи дигар дар чанд рӯз мерасӣ?

Сангпушт:

- Ҳаматарафа ҳисобу китоб кардам, пастию баландӣ, хушкию тарӣ ва шамолию офтобиро. Дар се рӯз ба деҳаи дигар мерасам, аммо боз ҳам шаш рӯз мегӯям.

Баъди шаш рӯз сангпуштро дар нимароҳ мебинанд ва мегӯянд:

- Роҳеро, ки дар се рӯз тай карда метавонистӣ, дар шаш рӯз ҳам нисфи роҳро тай кардаӣ. Дар ҳоле, ки тамоми ҳисобу китоби роҳро карда будӣ.

Сангпушт гуфт:

- Бале, ман тамоми роҳро ҳисобу китоб кардам, аммо одамони бадро ҳисоб накардам. Ҳар вақте суръатамро тез мекардам, одамони бад самтамро тағйир медоданд.

ХУБӢ КАРДА НАМЕТАВОНӢ, ҲАДДИ АҚАЛ БАДӢ МАКУН!...

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.