Зеҳн
Саломатӣ·Зеҳн·22 рӯз пешНашрия

Барои таҳкими масуният (иммунитет)

Субҳ аз соати 7:00 то 9:00 нури ултрабунафши офтоб фаъол аст. Дар тобистон лаганро бо об пур карда, онро дар ҷои офтобӣ гузоред. Вақте кӯдак баъд аз сайри кӯтоҳ дар ҳавои тоза, хона баргашт, тахминан соати 11:00 бо ҳамин об оббозӣ дароред. Ин усул дар амал санҷида шудааст. Кӯдаке, ки дар давоми се моҳи тобистон чунин ваннаҳоро қабул кард, дар фасли зимистон ягон бор ҳам шамол нахӯрд. Яъне чунин ваннаҳо, баробари мусоидат ба ҳосилшавии витамини D дар организм, системаи масуният (иммунитет)-и кӯдакро низ мустаҳкам мекунанд.

Ҳангоми кирмҳои борик ва ба тухми каду монанд:

Сиёҳдона (седона) кирмҳои борики рӯда ва кирмҳоеро, ки ба тухми каду монанданд, нест мекунад.

Пас аз сактаи мағзӣ (инсулт):

Вақте ҳолати бемор пас аз сактаи мағзӣ дар ҳадде беҳтар мешавад, рӯз дар миён ванна кардан муфид аст. Барои ин 200 грамм меваи хуч (шиповник)-ро ба 1 литр оби ҷӯш андохта, дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Як соат дам дода, обполо (филтр) мекунанд. Сипас, ин маҳлулро ба ваннае, ки то нисф бо об пур шудааст, мерезанд. Ҳарорати об бояд тақрибан 38 дараҷа, давомнокии муолиҷа 10–20 дақиқа бошад. Курси табобат аз 20 то 30 ванна иборат аст.

Барои бартараф кардани сирояти бактерияҳо (инфекция):

Агар ҳазориспанд дуд кунед, ҳавои хона тоза шуда, микробу бактерияҳо нобуд мешаванд.

Ҳангоми ирқуннасо (радикулит):

Ҷӯшобаи бӯймодарон дар ирқуннасо, инчунин ҳангоми зиққи нафас шудан истифода мешавад.

Ҳангоми таб:

Аз замонҳои қадим тамашк (малина)-ро ҳангоми шамолхӯрӣ истифода мебаранд. Дар меваи малина кислотаҳои органикӣ, витаминҳо ва қанд зиёд аст. Меваи хушки он таъсири зиддиилтиҳобӣ дорад, табро паст мекунад ва пас аз истеъмол бадан арақ менамояд. Барои тайёр кардани нӯшоба ба болои 2 қошуқ қоқи малина як истикон оби ҷӯшон меандозанд, 10–15 дақиқа нигоҳ медоранд ва баъд аз дока мегузаронанд. Шомгоҳ пеш аз хоб гармтар карда менӯшанд. Агар рӯзона аз хона набароед, чунин чойро 2–3 маҳал нӯшидан мумкин аст.

Вақте ки таб баланд мешавад:

Тарбандӣ (компресс)-и хунук барои дарди сар, ки бо зиёд шудани гардиши хун дар майна алоқаманд аст ва ҳангоми хеле баланд шудани таб, тавсия дода мешавад...

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.