Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·2 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Чистонҳои гуногун

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 19: Чистонҳои гуногун. Чистонҳои 853–900.

853. Аҷоиб лӯъбате дидам,
Ба сурат он бувад одам.
Ба мардум мекунад хизмат,
Надорад ҷон вале дар тан.

854. Зинда мурдаро ба саҳро бурд,
Ҳила карду ба хок супурд.
Мурда барҷаст, халқи зинда гирифт,
Зинда мурд, мурда зинда нашуд.

855. Ҳараки ларза,
Гӯшакаш қайза.

856. Аз дур дидам аранг-аранг,
Ҷомакабуди муштарӣранг.

857. Чист он оташе, ки чун об аст?
Назди ту шуд, ғами ту ноёб аст.
Ҳар гадоро агар расад дасте,
Шод гардад, агарчи ношод аст.

858. Тоқи баланд дорем, нардбонаш не,
Ҳафт уштури кор дорем, корвонаш не.

859. Давак-давак по надорад,
Ҷингиласарак мӯй надорад.

860. Чист он, ки даҳон ҳазор дорад,
Андар даҳанаш ду мор дорад?

861. Деги сиёҳи мазанг,
Аз шохиҳон ҳафтранг.

862. Мурғи сиёҳи ҷола,
Як дона пар надора,
Бурдам ба пеши қозӣ,
Дилу ҷигар надорад.

863. Худаш дандони барра,
Челаки алоча дорад,
Дар болои дандонҳо
Кокули заррин дорад.

864. Баданаш чӯбин,
Шикамаш ресмон,
Дилаш латтапора,
Хӯрокаш санги хора.

865. Бобом дар бар,
Саллааш дар ҷар.

866. Бузичаи зарди ҷола
Дар чаҳ задай, менола.

867. Таҳ санг, рӯ санг,
Миёна лӯъбати заранг¹.

868. Аҷоиб сурате дидам,
Ки сар болои сар дорад.
Ба сар тоҷи пӯлодӣ,
Ба чангаш реза пар дорад.

869. Аз дар даромад хандалак,
Пӯстине дорад мундалак,
Бе ӯ набошад зиндагӣ,
Ҳамеша боло бигзарад.

870. Ду даричаи ночиз
Оламро кардай оҷиз.

871. Чор ҳарфи пурсафо
Боиси осоиши дунё.

872. Як порчаи дастархон,
Дар рӯяш замину осмон.

873. Хиргоҳи мудаввар сутун надорад.

874. Панҷ деҳқон ба як сипор ҷуфт мекунанд.

875. Шаш по дорад, менозад,
Ду даст боло метозад.

876. Он чист, ки пову сар надорад,
Роҳ мераваду хабар надорад?
Вақте ки расанд бар вай,
Паррад ба ҳавою пар надорад.

877. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор,
Ки рӯз то шаб замин кӯбад беор.

878. Аспи чобуке дидам дар биёбон,
Сари гул хӯраду оби борон.

879. Ҷондор — ҷондори ёбой,
Поҳош поҳои мурғобӣ.

880. Гунбази калон соя надорад.

881. Тухмест, ки ношукуфта вомегардад,
Нокошта дар нашъунамо мегардад.
Ҳарчанд на мағз дорад, на пӯст,
Чун хӯша бигирад, осиё мегардад.

882. Он чист, ки раванда чун тираки тез,
Бурранда чун шамшери ғуррон?

883. Ба шакли моҳ дидам дилситоне,
Кавокиб аст ба даври ӯ қироне,
Суруди ишқ мегӯяд чу Маҷнун,
Кашида пӯсте бар устухоне.

884. Чист чун нардбон сурати ӯ?
Равиши ӯ манзили ҳубоб бошад.
Лашкараш савору пиёда сокин,
Ҳама беҷангу талош бошад.

885. Он чист, ки худ ду ном дорад,
Яку хоҷаву сад ғулом дорад?
Зангибачаҳои ҷомагулдор
Андар шикамаш азоб дорад.

886. Чист он гунбази печиладар,
Ки дар ӯ хуфтааст шоҳдухтар?

887. Аҷаб саночи зардак,
Дарунаш пури гардак.

888. Чист каҷқулсурат дар об,
Аксар вақт шабона дар хоб?

889. Чих гӯям, чуккӣ занад,
Чӯх гӯям, луккӣ занад.

890. Ғеҷи-ғеҷон меравад,
Каҷмоқачак меравад.

891. Як сутун дорад, се долон.

892. Чистон чизест, ки дум дорад,
Чоки дарозу хун дорад.

893. Чун даҳ марди базарда
Гирад дасти даҳмарда.

894. Мурғе дидам, ки обӣ,
Дар хушкӣ ҳам меёбӣ.

895. Зи пардакҳои дуродур баста,
Ки дар фикраш дили доност хаста.

896. Чӣ бошад, ки дар бодия маскан дорад,
Ҳар хела сутуну дувоздаҳ гардан дорад?

897. Ёре, халоиқ ҳама пӯшанд ӯро,
Шоҳони ҷаҳон ҳалқабагӯшанд ӯро.
Чун дида азиз аст ба пеши ҳама кас,
Аҷиб он ки ба тарраъе фурӯшанд ӯро.

898. Чист он лӯъбате, ки фан дорад,
Модина пушти мард маскан дорад?
Вале худи ӯ қути одамӣ дорад,
Дар миёни шикам даҳан дорад.

899. Он чӣ бошад мунис ба ҳар шоҳе,
В-аз сӯи вафо ҳеҷ надорад роҳе?
Об аст бурун омада аз оташи тез,
Он гаҳ фурӯ рафта ба гармин чоҳе.

900. Уштур аф кард,
Дарё кафк кард.


¹ Заранг — зардранг.


Ҷавобҳо

853 — хӯса, қарашку
854 — қапқон
855 — довуча
856 — боимҷон
857 — шароб
858 — осмон ва ситораи ҳафтдодарох
859 — абр
860 — мӯй ва кокулбанди занона
861 — кулоҳ
862 — тор
863 — ҷуворӣ
864 — гулак
865 — чӯбкаду
866 — сумалак
867 — фатирмаска
868 — обҷувоз
869 — гандум
870 — чашм
871 — сулҳ
872 — харита
873 — осмон
874 — панҷа ва қалам
875 — троллейбус
876 — тир
877 — кафш
878 — оҳу
879 — пара (навъи растанӣ) парамбарг
880 — осмон
881 — шаб ва рӯз
882 — дандон ва забон
883 — дойра
884 — шоҳмот
885 — тарбуз
886 — қулф ва соҳибхона
887 — санчӣ
888 — сабати моҳигирӣ
889 — уштур
890 — мор
891 — себарга
892 — камар-кавар
893 — тайғи чӯпон
894 — мурғобӣ
895 — чистон
896 — хиргоҳи чӯпон
897 — пул
898 — осиёб
899 — корд
900 — собун

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.