Ҳазору як чистон — Илм ва маориф
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 16: Илм ва маориф. Чистонҳои 781–802.
781. Гуле дидам, ки он бехор бошад,
На дар дашту на дар кӯҳсор бошад,
На ӯро кас харад, на кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.
782. Аҷоиб лӯъбате хушкор бошад,
На онро хобу не бедор бошад,
На ӯро кас харад, не кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.
783. Чӣ чиз аст он мурғи бе болу пар,
На зоида модар, на дида падар?
Сараш то набуррӣ, нагӯяд сухан,
Танашро надаррӣ, нарезад гуҳар.
784. Як гиёҳест дар биёбон, ки онро хар хӯрад,
Гар ба дасти шоҳ афтад, мулки Искандар хӯрад,
Меравад роҳи сафед, қайд мекунад хуни сиёҳ,
Гар зи роҳ рафтан бимонад, бар сараш ханҷар хӯрад.
785. Ланги раванда асту гӯш не, суханёб,
Гунги фасеҳ асту чашм не, ҷаҳонбин,
Тезии шамшер дораду равиши мор.
786. Чист он лӯъбати шакаргуфтор,
Оби ҳайвон чакида аз минқор?
787. Бе забон асту роз мегӯяд,
Бе даҳон асту мекунад гуфтор?
788. Ман сафед ҳамчу барфам,
Ту сиёҳӣ — ҳама ҳарфӣ.
Ман ба зери ту, ту ба боло,
Ту гар ҷунбӣ, ман наҷунбам.
789. Ман рафтам ба лаби дарё,
Дидам наи сафеди бурё.
Меравад роҳи сафед,
Қайд мекунад хуни сиёҳ.
790. Ҳуту ҳамалу саврву ҷавзо,
Гул дар табақу миёна дарё.
791. Оинаи ҷаҳоннамо, панҷ ҳилол дар бараш,
Гурги даҳондаридаю зоғи сиёҳ раҳбараш.
792. Як парча замин доштам,
Тухми сиёҳ мекоштам,
Бо чашми худ бидидам,
Бо ақли худ шинохтам.
793. Ҳамдаме дорам, ки беовоз суҳбат мекунад,
Бе даҳону бе забон нақлу ривоят мекунад.
Ҳушу ақлу завқ афзун мекунад гуфтори ӯ,
Аз кадомин фан, ки хоҳӣ, ӯ ҳикоят мекунад.
794. Агар кунӣ ба ӯ назар,
Шавӣ зи ҳар чӣ бохабар.
795. На даст дорад, на по,
Хабар мебарад ҳар ҷо.
796. Кӯҳ асту санг надорад,
Замин асту хок надорад,
Ҷангал асту дарахт надорад,
Баҳр асту об надорад.
797. Гунбазе дидам, ки дорад шохҳои бешумор,
Андар он гунбаз бидидам чор баҳри номдор.
Боз бистои дигар з-он чор бошад хурдтар,
Панҷаҳои ӯ бувад аз ҳад зиёду бешумор.
798. Мисли тарбуз лунда аст, аммо нарӯяд аз замин,
Бе замин асло намешуд шакли вай тарбуз барин.
Гар ту ҳастӣ бохабар аз илми олам, чист он,
Бе ҳамон ҳаргиз надонӣ рӯи олам инчунин?
799. Он чист, ки худаш намебинаду ба дигарон роҳ нишон медиҳад?
800. Аз бом меғалтад,
Ҳеҷ чиз намешавад,
Дар об меғалтад,
Майда-майда мешавад.
801. Замин сафеду ҳосил сиёҳ,
Коштем ба най, даравидем ба даҳан.
802. Дар дасти Сангин
Халтаи ҷармин,
Дар халтаи ҷармин
Як ҳавзи сангин,
Ин ҳавзи сангин
Пур оби рангин.
Ҷавобҳо
781 — сада, дарахтзор
782 — илм
783 — илм
784 — қалам
785 — қалам
786 — қалам ва коғаз
787 — қалам
788 — қалам ва коғаз
789 — қалам
790 — китоб
791 — китоб ва қалам
792 — китоб
793 — китоб
794 — рӯзнома, газета
795 — мактаб
796 — харита
797 — кураи арз (глобус)
798 — кураи арз
799 — қутбнамо
800 — коғаз
801 — коғаз, хат, қалам ва хондан
802 — портфель ва сиёҳидон
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




