Ҳазору як чистон — Дарахт ва меваҷот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 15: Дарахт ва меваҷот. Чистонҳои 739–780.
739. Чист он гунбазе, ки ӯ бедар,
Андарун духтарон бувад яксар?
Ҳоли он духтарон агар пурсӣ,
Ҳама хуниндиланд дар чодар.
740. Танг аст, кӯзача,
Танг ба танг аст, кӯзача,
Кунгурадор аст, кӯзача,
Даҳон надорад, кӯзача.
741. Таг сабадак, рӯ сабадак,
Ақиқу марҷон сабадак.
742. Сандуқча пури мехча,
На дар дорад, на дарча.
743. Сандуқчаи зарбандӣ,
Дарунаш шакарбандӣ.
744. Хун дорад, ҷон надорад.
745. Дарахти шаҳнигор,
Даст бубар, хун биёр.
746. Лингчаи пур аз орд,
Дар дарунаш як сутун.
747. Орди орднокарда,
Чӯби тешанозада.
748. Ҷомаи алоча дарз надорад.
749. Мағзак даруни чӯбак,
Чӯбак даруни ордак,
Ордак даруни пӯстак.
750. Се дӯкони кӯшмакӯш:
Якташ бахмалфурӯш,
Якташ ордфурӯш,
Якташ алочафурӯш.
751. Даруни пӯстак — чӯбак,
Даруни чӯбак — ордак,
Даруни ордак — мағзак,
Ёбед, чист ин аҷабак?
752. Гунбазе дидам, ки надорад дар,
Андарун ҳуҷраҳост сар то сар,
Сокинони даруни ҳар ҳуҷра
Дар ҳисоб аст ба сони якдигар.
753. Дегчаяки пурҷазза,
Ошакаш бамазза.
754. Таг табақ, рӯ табақ,
Миёна фатири бенамак.
755. Чор чиз дар шиками модараш,
Кай биёяд лӯласандуқ бар сараш,
Хӯрдани ӯ чор марги модараш.
756. Гирд аст, кӯзача,
Гирдогирд аст, кӯзача,
Дона ҳазор аст, кӯзача,
Кунгурадор аст, кӯзача.
757. Шадда ба шадда, шаддааш овезон,
Чӯбаш дар пушташ, лӯндааш овезон.
758. Мағзи сангча,
Ранги сабзча.
759. Таҳ санг, рӯ санг,
Миёна бахмали дуранг.
760. Чист он лӯъбати писандида,
Ҷомаи сабзу сурх пӯшида,
Дар миёни ду хонаи чӯбин
Бо ҳазор карашма хобида?
761. Чанд ба чанд, чандаҳош кашол,
Тӯти баланд, синаҳош кашол.
762. Тобистон бозор,
Зимистон мазор.
763. Модар паҳну парешон,
Бачаҳош ғунчаю гелон.
764. Каҷи дароз падараш,
Ҳама тунук модараш,
Хубу латиф духтараш,
Девонашанг писараш.
765. Паҳнаки бамаза
Дар тирамоҳ мепаза.
766. Дупатаи бамаза
Дар сариқавс мепаза.
767. Ай ӯ тут, барги тут,
Косалеси чашмкабуд.
768. Аз дур дидам, зар дидам,
Ба дасти заргар дидам.
769. Атар-атар чӣ бошад?
Батар-батар чӣ бошад?
Думчашакар чӣ бошад?
Қанду асал чӣ бошад?
770. Сурхак сари тор
Мезанад бӯи баҳор.
771. Лӯнда ба лӯнда,
Лӯнда овезон,
Чӯбак ба думаш,
Кулӯла овезон.
772. Рангаш ба ранги ошиқон,
Бӯяш ба бӯи гулрухон,
Рӯ аз намад карда аён,
Гӯё ки бемор омада.
773. Санг бастем, ранг бастем,
Дар тану шохи чинор бастем.
774. Аспе дорам дар мазор,
Ёлу думаш сад ҳазор.
775. Таги замин сурх қамчин.
776. Чист он, ки пӯсташ ҳалол,
Пушташ ҳаром, мағзаш ҳалол?
777. Ҳар ҷо бадале дидам,
Зебо бадале дидам,
Шакар думаке дидам,
Рангин табаке дидам.
778. Очаш дав-давакон,
Бачаш чапакзанон.
779. Очааш ҳаракӣ,
Бачааш саракӣ.
780. Аз дур дидам якта,
Аз пеш дидам садта.
Ҷавобҳо
739 — дастхушкунак
740 — нуқра, санҷид
741 — анор
742 — анор
743 — анор
744 — анор
745 — анор
746 — шохтут
747 — шохтут
748 — санҷид-ҷигда
749 — санҷид
750 — санҷид
751 — санҷид
752 — санҷид
753 — санҷид
754 — анор, чормағз
755 — чормағз
756 — чормағз
757 — чормағз, санҷид
758 — анор
759 — чормағз, писта
760 — чормағз, писта
761 — писта
762 — ангур
763 — ангур
764 — ток ва хӯшаи ангур
765 — ток, навда, хӯшаи ангур, май
766 — дӯлона
767 — дӯлона
768 — мавлиҷоя
769 — зардолу
770 — гелос
771 — гелос
772 — гелос
773 — биҳӣ
774 — шилми дарахт
775 — маҷнунбед
776 — решаи тут, рӯйи
777 — дона ва мағз
778 — анҷир
779 — навда ва барги сафедор
780 — шоху барги сафедор
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




