Ҳазору як чистон — Наботот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 14: Наботот. Чистонҳои 711–738.
711. Аз ин ҷо то Рӯшон
Кокул парешон.
712. Духтарчаи дӯстрӯй
Мешинад дар лаби ҷӯй.
713. Ман дар сари сабад,
Ман — ҷингиламӯй,
Ман — нозуки оламам,
Ҷавоби мана гӯй.
714. Он чист, ки саҳаргоҳ
Аз ғунча мекушояд,
Ҳар кас ба даст гирад,
Роҳат аз он бинад?
715. Гар даҳонаш во шавад,
Бӯи хуш пайдо шавад.
716. Боғи боғҳои мо,
Даври боғҳои мо,
Андар табақи чинӣ
Пеши бобои мо.
717. Ҷомаи сабз чун ба бар ӯро,
Лаби худро ба ханда бикушояд,
Пора-пора шавад ҷигар ӯро.
718. Қадаш ба алиф монанд, бораш ба санавбар,
Шаш нони тунук дораду як косаи зар.
719. Рафтам саҳро,
Ёфтам гиёҳ:
Пӯсташ сафед,
Мағзаш сиёҳ.
720. Мехи заррин дар замини бемадор,
Гаҳ ба пӯстин, гаҳ ба тоқӣ, гаҳ ба дастор.
721. Дар замин як чизи бемадор,
Гаҳ ба тоқӣ, гаҳ бо дастор.
722. Гӯши бобо кар будаст,
Ришаш таҳи ҷар будаст.
723. Бобом ар-ар мекард,
Риш таҳтан дар мекард.
724. Як чиз дидам дар саҳро,
Сар дар замин, дум боло.
725. Чист он лӯъбати баҳорӯй,
Қадди ӯ ба мисли гулобӣ,
Решаи ӯ чу нохуни одам,
Пои ӯ ба мисли пои мурғобӣ?
726. Он чист, ки андар дара маскан дорад,
Сесад чаману ҳазор гардан дорад?
727. Биёяд лик-лик,
Равад лик-лик,
Тамошо лик-лик,
Ҳамеша лик-лик.
728. Аз замин барояд каррафаш,
Найза дорад чилу шаш.
729. Саночаки сурхак,
Донаҳош сафедак.
Иру сангу уру санг,
Миёнаш лаъли дуранг.
730. Посбони рӯи девор,
Аз ӯ ҳама кас безор.
731. Мурғи сафед
Гирд-гирди бед.
732. То напазад, намекафад.
733. Аҷоиб лӯъбате дидам, ки дум дорад,
Даҳонаш воз, астар гулгун дорад.
734. Вул-вули вул давида,
Сурху сафед кафида.
735. Дарахти пастак,
Бешумор бастак.
736. Аҷоиб лӯъбати думдор дидам,
Сараш сабзу дилаш хунбор дидам.
737. Даруни сиёҳи лабчокак.
738. Лаъли дуранг,
Кӯчаи дусанг.
Ҷавобҳо
711 — картошка
712 — нахуд
713 — шалғам
714 — гули печак (тӯтипечак)
715 — зӯф
716 — гул
717 — гул
718 — гул
719 — гул, садбарг
720 — гули савсан
721 — лола
722 — қоку, гули қоку
723 — гули қоку
724 — чукрӣ
725 — чукрӣ
726 — чукрӣ
727 — чукрӣ
728 — торон
729 — хӯшак (навъи алафе, ки дар оши угро меандозанд)
730 — сӯзанак
731 — хуч-хулуд
732 — хори сари девор
733 — хоч-замбӯруғ
734 — кавар
735 — кавар
736 — кавар
737 — кавар
738 — кавар
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




