Ҳазору як чистон — Зироат ва сабзавот
Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 13: Зироат ва сабзавот. Чистонҳои 636–710.
636. Химчаи сарнагун,
Дарунаш пури қум.
637. Халтачаи кабудак,
Дарун пури нахӯдак.
638. Даранг-дурингаш бозича,
Кунгурааш бозича,
На дар дорад, на дарича.
639. Аз ин ҷо то Балх
Ҳам сабз, ҳам талх.
640. Чист он барг, ки баъд аз сӯхтан гул мешавад,
Дуди ӯ андар ҳаво печида сунбул мешавад?
641. Кулоҳи қаландар сар надорад.
642. Ҳалқачаҳак, биникачак,
Ҳоло ҳам бинам, келинчак.
643. Миҷиқ кунам, тар шавад,
Даст занам, хунаш барод.
644. Атала кунем, матала кунем,
Ба шумо занем, хунаш барод.
645. Тар кунам, лапар кунам,
Хунаш равад, ба даст монам.
646. Амакам даруни гӯр,
Ришаш беруни гӯр.
647. Як асп дорум дар хота,
Ёлу думуш то пота¹.
648. Бобом дар гӯр,
Ришаш беруни гӯр.
649. Худаш дар дарун,
Кокулаш дар берун.
650. Оимҷон як кокул дорад,
Таги кокул мокул дорад,
Шамол хезад, усул дорад.
651. Чист он лӯъбате дар ин даврон,
Ҷомаҳо бешумор дорад он?
Мӯи жӯлидае ба сар дорад,
Бедаҳон, ҷисми ӯ пур аз дандон.
652. Амакам як ваҷаб,
Ришаш ду ваҷаб.
653. Таҳ пахол, рӯ пахол,
Сурх кун, ба ту ҳалол.
654. Мирзо Ҳасан кокул дорад,
Болои кокул мокул² дорад.
Бод мезанад, усул дорад,
Подшоҳ бинад, қабул дорад.
655. Чист он лӯъбате, ки дорад сад синон болои сар,
Безабон, бечашму гӯшу ҷон, дорад болу пар?
Одамӣ ӯро ба каҷханҷар кунад зеру забар,
Аз ақиби ҳар синонаш лаълу дур ояд ба дар.
656. Гирд-гирдаш найзаҳо,
Дарунаш нуқраҳо.
657. Қадпастак, камоли³ бастак,
Соҳибаш омад, поша шикастак.
658. Тобистон ҷамъ меоранд,
Зимистон ғам надоранд.
659. Куттӣ, кулуттӣ,
Ҳама куттӣ — як куттӣ.
660. Си сандуқ, сила сандуқ,
Ҳама сандуқ дар як сандуқ.
661. Си қабат, сила қабат,
Ҳама қабат дар як қабат.
662. Як чизи гирябиёр
Дар таги атлас бешумор.
663. Сар дар поён, дум дар боло.
664. Қадаш ним ваҷаб,
Ришаш ду ваҷаб.
665. Чист он лӯъбати писандида,
Ҷомаи бешумор пӯшида?
Ҷумларо ба рӯи худ гирёнда,
Ҳеҷ ба рӯяш нахандида.
666. Чист он гирд гунбади бепӯст,
Пӯст дар пӯст гирди якдигар?
Ҳар ки бикушояд ин муамморо,
Рухаш аз оби дида гардад тар.
667. Аз ин ҷо то Ҳисор
Кокулаҳош бисёр,
Мешинум чашмдиёр⁴.
668. Сандуқчаи зулбиё,
Ба кордчеко бурайно,
Ба ҷумчеко хӯрайно.
669. Танӯри пуркулча,
На дар дорад, на дарича.
670. Гунбази калон дарича надорад.
671. Замин заранг аст,
Пистокиранг аст.
Ҳар кас наёбад,
Каси гаранг аст.
672. Аз дур дидам — кабудзор,
Қамчин задам — лолазор.
673. Гунбази лундаи сабзи камбар,
Ҳуҷраҳо дораду надорад дар.
674. Он чист, ки рӯз менамояд шабгун,
Садпора танаш, лек ба як пой нагун?
Гар ту бизанӣ бар ӯ, аз андоза бурун
Ҳамчун дили ошиқон фурӯ резад хун.
675. Момозардак бача кард,
Корди тез омад, парча кард.
676. Чист он лӯъбати гирду ғалтон,
Ду пои зинда дорад, лек беҷон?
Харе бошад, ки ин маъно надонад,
Зи буз камтар бувад он марди нодон.
677. Гунбазе дидам, он надорад дар,
Андарун ҳуҷраҳост сар то сар.
Сокинони даруни он ҳуҷра
Дар ҳисонат⁵ ба сони якдигар.
678. Бозорба фуромадам як гӯсолафурӯш,
Гӯсолаш на дум дорад, на гӯш.
679. Гӯсола дар мех,
Модараш дар шикамаш.
680. Он чист, ки пову сар надорад,
Гирд асту дарозу дар надорад?
Андар шикамаш ситорагонанд,
Ҷуз исми ду ҷонвар надорад.
681. Ширину бомаза,
Бе алов мепазад.
682. Момои зардак бача кард,
Корди тез омад, парча кард.
683. Аммаи зардак,
Кӯчагардак,
Корди тез овард,
Пора кардак.
684. Аз оча бача мешавад,
Аз бача оча мешавад.
685. Ман дар аҷабам,
Аҷаби ман дар аҷаб аст:
Гӯсола дар меху
Бачааш дар шикам аст.
686. Модарашро зинда дидам,
Тифлро андар шикам.
Тифлро зинда гирифтам,
Модараш дар хок рафт.
687. Сандуқчаи зарбандӣ,
Аз теппа камарбандӣ,
Дарунаш шакарбандӣ,
Ҳай-ҳай, дилам меравад,
Мирзои Самарқандӣ.
Устухонам нуқраю андар дилам дорам тило,
Ҳар кас ин маънӣ бидонад, бегумон ӯ номвар аст.
688. Чанда ба чанда овезон,
Чӯбакаш аз миёнаш овезон.
689. Чист он, ки чор хона дорад,
Андар сари хеш шона дорад?
Барф аст миёни хонаҳо пур,
Ин турфа, ки барф дона дорад.
690. Чист он гул, ки нуқра меорад,
Шавад обод ҳар кӣ з-он корад?
691. Колхозчӣ замин меронд,
Дар ҷӯякаш об монд.
Барзиёду босифат
Аз ниҳолаш нур боронд.
692. Чор кунҷу чор бурҷу чор ашраф, чор дар,
Чори дигар мисли барфу дар миёна ҷилвагар.
Каллаи ӯ сарнагуну одамонаш дар қабат,
Ҳар кӣ ин маънӣ биёбад, оқилонро сарвар аст.
693. Он чист, ки панҷ хона дорад,
Дар нармии худ нишона дорад?
Ҳар хонаи ӯ пур аст аз барф,
Чӣ турфа, ки барф дона дорад!
694. Чист он лӯъбате, ки чун лола
Дарунаш пур зи барфу ҳам жола?
Мӯниси ҷони кампирон бошад,
Хуш аз он вақти аммаю хола.
695. Амаки сабзак омад аз таги девор,
Корди алмос ва як-як садпора кард.
696. Тагаш мехча,
Болош садача.
697. Мехи заррин таги замин.
698. Он чист, ки ӯ аз барг паноҳе дорад,
Дар сар кулоҳу ҷома сиёҳе дорад?
Сар бибурам, ки ду синааш чок кунам,
Ман дар аҷабам, вай чӣ гуноҳе дорад?
699. Сараш сиёҳ асту мӯй надорад,
Шинам гӯяд, шишта наметавонад,
Хезам гӯяд, хеста наметавонад.
700. На зардаки зардолу,
На сурхаки шафтолу,
Дар боғи амирон аст,
Хӯроки вазирон аст.
701. Пак-пакана қад дорад,
Ҷома ҳафт қабат дорад.
702. Ҳафтод қабат пӯстин,
Ҳамааш беостин.
703. Он чист, ки бар сараш чодар дорад?
704. Аз дур дидам аранг-аранг,
Ҷомакабуди сабзранг.
705. Саракаш зардак,
Сармиччаякаш зардак,
Домоди алолунҷак
Мезанад ба ҳар ду лунҷак.
706. Намакчашак мечашӣ,
Аз гӯшакаш мекашӣ.
707. Аз дур дидам моҳе,
Ба дил кашидам оҳе.
Ҳар гаҳе пешаш равам,
Як табақи сиёҳе.
708. Ҷоҳу ҷалолаш бин,
Шохаҳояш бар замин,
Кулулаҳоша ту бин.
709. Дунгичачак, биникачак.
710. Тагаш суфача,
Болош садача.
¹ То пота — то пойҳоят.
² Мокул — сук.
³ Камол — рустӣ.
⁴ Чашмдиёр — интизор.
⁵ Ҳисонат — сурат, ҳусн.
Ҷавобҳо
636 — кӯкнор
637 — кӯкнор
638 — кӯкнор
639 — пос, тамоку
640 — тамоку
641 — каламфур
642 — каламфур
643 — хино
644 — хино
645 — хино
646 — ҷуворӣ
647 — ҷуворӣ
648 — ҷуворӣ
649 — ҷуворӣ
650 — ҷуворӣ
651 — ҷуворӣ
652 — ҷуворимакка
653 — ҷуворӣ
654 — гандум-ғалла
655 — гандум
656 — гандум
657 — мушунг
658 — ғалла
659 — пиёз
660 — пиёз
661 — пиёз
662 — пиёз
663 — пиёз
664 — пиёз, шалғам
665 — пиёз
666 — пиёз
667 — қаду
668 — тарбуз
669 — тарбуз
670 — тарбуз
671 — тарбуз
673 — тарбуз
674 — тарбуз
675 — харбуза
676 — харбуза
677 — тарбуз
678 — харбуза
679 — харбуза
680 — харбуза
681 — харбуза
682 — харбуза
683 — харбуза
684 — харбуза, тарбуз
685 — харбуза
686 — харбуза
687 — харбуза
688 — харбуза
689 — харбуза
690 — пахта
691 — пахта
692 — ғӯза-пахта
693 — ғӯза
694 — ғӯза
695 — пахта
696 — пахта
697 — пахта
698 — сабзӣ
699 — сабзӣ
700 — сабзӣ
701 — боимҷон
702 — боимҷон
704 — карам
705 — карам
706 — карам
707 — бодаринг
708 — офтобпараст
709 — мушунг
710 — офтобпараст
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




