Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·2 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Ҳайвонот

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 10: Ҳайвонот. Чистонҳои 535–588.

535. Ҳаст болаш, намекунад парвоз,
По надорад, вале равон дартоз.

536. Печу печон, аҷабо,
Печу печон, аҷабо,
Ҷо дар шиками модар,
Бача ба ҷон аст, аҷабо.

537. Аз модари беҷон
Фарзанди ҷондор мерӯяд.

538. Даҳон дораду забон надорад,
Сад чӯб занӣ, фиғон надорад.

539. Қанот дорад, намепарад,
Ба рӯи замин намегардад.

540. Кӯҳаки ларзон,
Дарахти хазон.

541. Сандуқ даруни чаҳ,
Миёнаш чор лӯлибача.

542. Дар таги суфаи калон
Мебинӣ чаҳор посбон.
Даст нарасон, вагарна
Сафед кунад дастатон.

543. Таги кӯпрук — чор суғута.

544. Чор додарон дар биёбон,
На барф мерасад, на борон.

545. Ҳавзе, ки дар он мӯй нағунҷад ба миён,
Нӯшанд аз он об ҳама ҷонварон,
Он ҷонварон не, ки паранд ба ҳаво,
Аспу шутуру гову хару одамиён.

546. Таги кӯпрук — чор девор.

547. Чор вош-воши вош,
Чор замин латкун,
Ду ситорабин,
Як пашшаҳайкун.

548. Ду дурбин, ду осмонбин,
Чор заминкӯб, як заминрӯб.

549. Дуто дорад осмонкӯб,
Якто дорад заминрӯб,
Чорто дорад рӯғанӣ,
Чорто дорад заминкӯб.

550. Як ваҷаби мухтасар,
Серпашми кафидасар.

551. Аз як ваҷаб кӯтоҳтарак,
Аз чор ангушт дарозтарак,
Серпашмаки боқувваттарак
Дар даруни ду кафшакак.

552. Як порча санги каҳрабо
На дар замин, на дар ҳаво.

553. Бӯғчаи дилрабо
Не дар замин, не дар ҳаво.

554. Тобистон ҷайлов меравад,
Зимистон ба чӯл мехамбад.

555. Чих гуфтам, хоб рафт.

556. Ай дур омад хумбу-хумб,
Почадарози калтадумб.

557. Ҳавзи кулум-кулум,
Почадароз калтадум.

558. Дарози лаванд,
Зӯри гаранг.

559. Аз дур омад сербуғум,
Почадарози калтадум.

560. Аз дур омад ҳиндучашми гулдурмонӣ,
Хонаи таҳзаминӣ дорад,
Роҳи надаромаданӣ.

561. Дарахтбаро — одам нест,
Боғдузд — парранда нест.

562. Хезад — чорпо сандалича,
Хоб рафт — бепо сабадча.

563. Мерад, мерад, ғалбер барин
Ҷоя гирифта хоб мерад.

564. Шикам карбос,
Дум дукӣ,
Даҳон палос.

565. Паҳлавонест, ки ба ӯ ҳамроҳ даркор нест,
Таёқ гирад, даҳ мард даркор нест.
Хуштак кашад мисли чӯпон,
Чормағз шапад мисли боғбон.

566. Тап-тапи по шуд,
Беваи малул¹ куҷо шуд?

567. Чор чилик,
Чормон чилик,
Осмон харош,
Тасмачилик.

568. Аз кӯҳ баромад мири ганда,
Сар то қадамаш ҷомаи чанда.

569. Аз кӯҳ баромад мири фаш-фаш,
Кулоҳ ба сараш, ҷома мунаққаш.

570. Аз дур меояд ҳаш-ҳаш,
Гурда бинии манкаш,
Дигар намешам садкаш.

571. Аз дур омад ҳаш-ҳаш,
Найзаҳояш шасту шаш.

572. Ҳаш-ҳаши хушт омад,
Найза ба пушт омад.

573. Рӯзи наврӯз омаду ман сайри саҳро меравам,
Гули харбузаву тарбузро тамошо меравам.
Рафтанам нангу наво, хӯрданам бехи гиёҳ,
Хонааш зери замину худ фақири камнамо.

574. Ҷонваре дидам, ки бар сар тоҷи шашпар дорад,
Пойҳои калта-калта, нақши Умар дорад,
Нақша-нақши умарӣ, қути ӯ бехи гиёҳ,
Хонааш зери замину худ фақири камнамо.

575. Қамчини ҷондор,
Зарб занад, заҳрдор.

576. Арғамчини ало
Дар сар-сари дара.

577. Санг асту на санг,
Тавасанг асту на санг,
Чор по дорад, на гов,
Синакул аст, на шутур.

578. Таг — санг, рӯ — санг,
Миёна ҳаккови тезчанг.

579. Аҷоиб лӯъбате дидам мудаввар,
Дорад байзаву надорад пар,
Мурдаро зинда мекунад ба назар.

580. Таҳ санг, санг нест,
Рӯ санг, санг нест,
Морсар аст, мор нест,
Чор по дорад, гов нест.

581. Талап-талапи по шуд,
Намедонам куҷо шуд.

582. Охурчаи пастак,
Хутукчаи мастак.

583. Сар мундала, пой мундала,
Аз ҳама боло мегузарад.

584. Аз ин ҷо то Бухоро хона дорад,
Дусад нуқлу мавизу дона дорад.

585. Чистон-чистон,
Зорӣ бикунад пистон
Дар чиллаи зимистон,
Дар гармии тобистон.

586. Санги чоргӯшаи нақшин,
Ғалтӣ, дар об шин,
Баро дар суфа биншин,
Дегу косама бубин.

587. Дар об дарояд якта,
Аз об барояд садта.

588. Аҷоиб лӯъбате дидам беқарор,
Чаҳор моҳу ситора бисту чаҳор.


¹ Малул — гурбаи саҳроӣ.


Ҷавобҳо

535 — моҳӣ
536 — дарё ва моҳӣ
537 — дарё ва моҳӣ
538 — моҳӣ
539 — моҳӣ
540 — шохи гови док
541 — пистони гов
542 — пистони гов
543 — пистони гов
544 — пистони гов
545 — пистон
546 — пистон
547 — пистон, пой, чашм ва думи гов
548 — чашм, пой, шох ва думи гов
549 — чашм, шох, пой, пистони гов
550 — почаи гӯсфанд
551 — почаи гӯсфанд
552 — думбаи гӯсфанд
553 — думбаи гӯсфанд
554 — рама
555 — уштур
556 — уштур
557 — уштур
558 — уштур
559 — уштур
560 — суғур
561 — маймун
562 — саг
563 — саг
564 — гург
565 — хирс
566 — пишак, гурба
567 — гурба
568 — шер
569 — шер
570 — шер, чайра
571 — чайра
572 — чайра
573 — чайра
574 — чайра
575 — мор
576 — сангпушт
577 — сангпушт
578 — сангпушт
579 — сангпушт
580 — сангпушт
581 — муш
582 — муш
583 — муш, гурба
584 — муш
585 — қурбоқа, ғук
586 — оҳу
587 — думи асп
588 — наъли асп ва мехчаҳояш

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.