Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·2 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Манзилгоҳ ва биноҳои ҷамъият

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 6: Манзилгоҳ ва биноҳои ҷамъият. Чистонҳои 361–405.

361. Тахт болои тахт,
Нимтахт болои тахт.

362. Аҷоиб ҷонваре дидам,
Ба пеши сина пар дорад.
Ба пояш наъли пӯлодӣ,
Даҳон болои сар дорад.

363. Сарпо омаду пӯстин ба сар кард,
Чун ҳар-ҳанг заду гӯшҳоро кар кард.

364. Ноф дар ноф,
Мех дар шикоф,
Барф меборад
Дар ҳавои соф.

365. Аз як дара об мерезад,
Аз як дара барф мерезад.

366. Аз боло гир-гир омад,
Ба монанди тир омад,
Шашдандона бирақсад,
Яке паҳлавон гардон шуд,
Мардум ҳама хандон шуд.

367. Аспи сиёҳи мардум,
На ёл дорад, на дум.
Дар хонаи одамон
На ҷав мондай, на гандум.

368. Сурхак мехӯрад,
Сафедак мебарорад.

369. Об наомад, орд омад,
Аспе, ки ба ҷанг омад,
Овози куланг омад.

370. Хум-хуми рубоб омад,
Аз сарҳад ба дав омад,
Алмастӣ бизад акса,
Қурбарзангӣ мерақсад.

371. Уқоби тезчанги мо
На нӯл дорад, на дум.
Об хӯрад зи дарё,
Хӯроки ӯ зи гандум.

372. Шаб хоб наравад булбулак,
Рӯз хоб наравад булбулак,
Ором надорад булбулак.

373. Аҷоиб лӯъбате дидам,
Даҳан болои сар дорад.
Ба зери панҷааш пӯлод,
Миёнаш шашта пар дорад.

374. Мурғи куланги бедум
Ҳам об хӯрад, ҳам гандум.

375. Обаш додам фаровон,
Сар додамаш ба майдон,
Шодӣ карду бозӣ кард,
Ҳама касро розӣ кард.

376. Фир-фир мекунад,
Сафедак медиҳад.

377. Уштури куланги бедум
На ҷав хӯрад, на гандум,
Об хӯрад зи дарё,
Нафъ диҳад ба мардум.

378. Мехӯрад дон ба умед,
Мепошад барфи сафед.

379. Аждаҳое, ки хорпушт бувад,
Ҳарфҳояш басе дурушт бувад,
Мехӯрад рӯзии ҳама мардум,
Даҳонаш дар миёни пушт бувад.

380. Чиғ-чиғи дар,
Чиғмоли дар,
Ҳавзи зулол,
Бодоми тар.

381. Ғиж-ғиж дар,
Ғижмоли дар,
Ҳавзи кабуд,
Мокуи тар.

382. Хар дар бор, бор дар хар,
Сих дар дум, тоҷ дар сар.

383. Чиғи дар, чиғмоли дар,
Ҳавзи калон, маскаи тар.

384. Пир-пирак боло меравад,
Аз оқибаш шӯрбо меравад.

385. Чист он лӯъбате, ки ӯ нохуфта
Шабу рӯз бувад машғули гуфта?
Қатра-қатра об зи ӯ падид ояд,
Ҳар киро давои ишкам бояд.

386. Чист он чисти молҳо чист?
Сесад сутуну гардан сари кифт.

387. Он чист, ки дар биёбон маскан дорад,
Сесад суруку¹ даҳ гардан дорад?

388. Хонаи торик,
Ҷавони борик.

389. Яктааш «сарам» мегӯяд,
Яктааш «дилам» мегӯяд.

390. Алиқалта Алидароза ҳуҷ мекунад,
Алидароз Резурова ҳуҷ мекунад,
Резуров хасу хошок ҳуҷ мекунад.

391. Чилта муллобача дар як тагсарӣ сар мемонанд.

392. Хар дар дарун,
Гӯшакош дар берун.

393. Ҳамеша бо меҳмон
Сад дуздбача, ҳафт дузди калон.

394. Ду тагсарии сахти маҳкам,
Ба рӯи он чил сар ҳам.

395. Дар як тагсарӣ чил сар,
Дар болои чил сар бори сад хар.

396. Сад сатилу сад шона,
Сад сандалию паймона,
Ин қадар ғалоғулӣ,
Мисли каси девона.

397. Боло нам, поён нам,
Миёна мардуми олам.

398. Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дашт,
Сараш дар об, думболаш дар оташ,
Ба як дам мекашад сад одамиро,
Барояд ҳар яке з-он хубу зебо.

399. Сатил-сатил об равон
Аз болои одамон,
Овози ғалоғула,
Ҷаранг-ҷурунг фаровон.

400. Деги чоргӯша
Дар ҳама ҷо меҷӯша.

401. Оспун-респун,
Абдуллои беустухон.

402. Не дар замин, не дар осмон,
Болошда мебарой, гаҳворачунбон.

403. Аҷоиб лӯъбате хушкор бошад,
На дар хобу на дар бедор бошад,
На ӯро кас харад, на кас фурӯшад,
Ҳамеша дар сараш бозор бошад.

404. Субҳ дамид, боғ ки пурмева шуд,
Шайх мурду чор занаш бева шуд.

405. Ях болишти баланд,
Гирдаш нуқрабанд,
Ҳай-ҳай, Мирзоҷон,
Тоқии Самарқанд.


¹ Сурук — рамаи калон.


Ҷавобҳо

361 — панҷаи даст
362 — осиёб
363 — ҷувоз
364 — осиёб
365 — осиёб
366 — осиёб
367 — осиёб
368 — осиёб, ғалла ва орд
369 — дастгоҳ, осиёби дастӣ
370 — осиёб
371 — осиёб
372 — осиёб
373 — осиёб
374 — осиёб
375 — осиёб
376 — осиёб
377 — осиёб
378 — осиёб
379 — осиёб
380 — ҷувоз
381 — ҷувоз
382 — ҷувоз
383 — ҷувоз
384 — ҷувоз
385 — ҷувоз
386 — хиргоҳи чӯпон
387 — хиргоҳи чӯпон
388 — сутун ва оғил
389 — рав ва сутун
390 — сутун, рав ва вассаҳо
391 — рав ва дастакҳо
392 — бом ва чигас
393 — васса ва болор
394 — болор ва вассаҳо
395 — рав, болор ва вассаҳо, хоки бом
396 — ҳаммом
397 — ҳаммом
398 — ҳаммом
399 — ҳаммом
400 — мактаб ва толибилмҳо
401 — кӯпруки ларзон, таҳворачупон
402 — кӯпруки сангин
403 — илм
404 — масҷид
405 — мадраса

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.