Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·2 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Асбоб ва анҷоми рӯзгор

Аз маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» (тартибдиҳанда Асадулло Сӯфиев, 1994). Фасли 2: Асбоб ва анҷоми рӯзгор. Чистонҳои 67–212.

67. Аҷоиб сурате дидам,
Миёни пушт дум дорад.
Аҷоибтар аз он бошад,
Ки шаш пою ду сум дорад.

68. Шаш по дорад, ду сумб,
Дар миёни пушташ думб.

69. Алӣ пеш-пеш, Валӣ аз дум,
Шашто пою як дум.

70. Шаш по дорад, ду шикам.

71. Шаш пой дорад, ду сум,
Болои сараш дум.

72. Аҷоиб лӯъбате дидам,
Ки шаш пою ду сум дорад,
Ду кифт болои сар дидам,
Миёни пушт дум дорад.

73. Шашта пояш,
Якта танаш,
Дуто шикамаш.

74. Рӯз интизор,
Шабҳо холӣ,
Хунобахӯр,
Меҳмоннавоз.

75. Бобоҳаки ришсафед
Меравад бар-бари бед,
Мемонад пайи сафед.

76. Ду шиштан, ду хестан.

77. Танаш чӯб, шикамаш рӯда,
Сараш латта, хӯрокаш санг.

78. Пушташ чӯб, шикамаш рӯда,
Нофаш латта, хӯрокаш санг.

79. Долони дарози мулло Боқир,
Ғур-ғур мекунад то таги охир.

80. Чизе бувад, ду ном дорад,
Ҳам хору ҳам ғулом дорад,
Заргарбачаи ҷомагулгун
Дар пешакаш мақом дорад.

81. Чист он лӯъбате, ки чун гардад,
Ҳаст доманкашаш зи ҳад афзун?
Кокуле чанд дар миён дорад,
Бошад ӯро аҷаб асо ба дарун.
Ӯст қоил ба кокулу ба асо,
Ҳар касе ёфт, зи аҳли фунун.

82. Поин таҳхуна,
Миёна меҳмонхуна.

83. Хонача, пури ходача.

84. Лик-ликон,
Обаш чаккон.

85. Чист алғунҷаку малғунҷак,
Мепартонш дар ҳар кунҷак?

86. Он чист, ки худаш намебинад,
Ба дигарон роҳ нишон медиҳад?

87. Бе забону бинӣ, бе чашму гӯш
Меравад якҷоя дар ҳар ҷой — чист?

88. Меравад-меравад,
Танга барин ҷойро мегирад.

89. Қоматаш дар ростӣ монанди сарв,
Нақши пои вай зиёд аз танга нест.
Он чист, ки рӯз мегардад, мегардад,
Шаб танга барин ҷойро гирифта хоб меравад?

90. Бузи ҳинг¹,
Дарва² тринг³.

91. Чашмҳояш чу гардиши айнак,
Чист минқори ӯ чу лаклак?
Баъди хӯрдан ҳамекунад ҳақ-ҳақ,
Ноф дорад зи пешу пас бешак.

92. Чист он, ки дар даҳонаш
Ҳарчӣ афтад, реза-реза кунад?
Ба ду чашмаш агар ниҳӣ ангушт,
Корҳо аз сари ситеза кунад.

93. Чист минқори ӯст чун лаклак,
Ҳар ду пояш бувад чу айнак.
Нофи ӯ аз пас аст, ҳам аз пеш,
Вақти хӯрдан ҳамекунад чақ-чақ.

94. Як ноз кунад, чист?
Ду ноз кунад, чист?
Лелак ба ишкоф барӣ,
Лаб во кунад, чист?

95. Ду нӯг дорад,
Дута ғилдирак,
Дар миёнаш мех.

96. Ду нӯг, ду ҳалқача,
Дар миёнаш тукмача.

97. Аз токча парид,
Ҷомааш дарид.

98. Як ноз кунад курнӣ⁴,
Ду ноз кунад курнӣ,
Ангушт ба сӯрох барӣ,
Лаб воз кунад курнӣ.

99. Як коз, ду коз,
Ангушти ман дар думби коз,
Даҳони коз шуд воз.

100. Ҳавои соф меборад.

101. Бобои шергир,
Бағалаш пури фатир.

102. Чор пой дорад, рӯда надорад,
Ҷасад дорад, ишкам надорад.

103. Вай чӣ хел мор, ки ду сар дорад,
Аз ду сӯрохӣ сар бадар орад?

104. Дастам оҳан аст,
Банди дастам оҳанӣ.

105. Хандон-хандон медарояд,
Гирён-гирён мебарояд.

106. Ларзон-ларзон медарояд,
Чаккон-чаккон мебарояд.

107. Оғили тангу торик,
Ҷавони сабзу борик.

108. Худаш якта,
Қабурғааш садта.

109. Амаки фарбеҳ
Пӯсти гавс дораду бемӯ.

110. Як падару як модар,
Боқимонда бародар.

111. Ин тараф тангкӯча,
Он тараф тангкӯча,
Миёнаш пури бача.

112. Як оча, чил бача,
Аз боло то поча.

113. Мардаки кука⁵ ҷуфт мекунад.

114. Ғуломи миёнбаста лой мекӯбад.

115. Як шуф гуфтам дар номат,
Лулу кардам дар қомат.

116. Шикамсери бесоя.

117. Оҳангарак, сӯзангарак,
Дар рӯи ӯ бозингарак.

118. Тақар-туқур каҳрабо,
Дар дарунаш маҳрабо.

119. Иру дара, уру дара,
Дар миёна овози бара.

120. Хонаи якболора,
На дар дорад, на тиреза.
Ҳама хона бом дорад,
Ин хона бом надорад.

121. Сафедоре, ки як пуд бор дорад,
Худаш беҷону бораш ҷон дорад.

122. Дасти дарози ту сарсанг,
Дамча шикофи таҳ маҳкам.
Дарун ҷондор ва-ва,
Пистон кашон ма-ма.

123. Чист он лӯъбате, ки бе сару дум,
Чорпоест, лек ӯ бе сум?
Оташеро кашад дар оғӯшаш,
Чун бипӯшад ҷомаи бекум⁶?

124. Ғишт болои ғишт,
Сиёҳпӯш омаду шишт,
Думдароз омаду бурд.

125. Як куланг омаду рафт,
Ду куланг омаду рафт,
Сиёҳпӯш омаду шишт,
Думдароз омаду лишт⁷.

126. Гови зард шиками гови сиёҳро мелесад.

127. Қизил-қизил қиёмат,
Даҳансиёҳ баромад,
Тар рафту хушк омад.

128. Дар миёнаи ҷар як бута кавар.

129. Чил ток,
Чил ман ток,
Чил ҳуҷра,
Чил пешток.

130. Рафтаму аз дур дидам,
Гунбази пурнур дидам,
Сесаду шаст хол дидам,
Дар дасти ҳар ёр дидам.

131. Чист он, ки як даҳон дорад,
Ҷой дар дасти маҳвашон дорад?
Тани ӯ ҳамчу хонаи занбӯр,
Захмҳои синон ба ҷон дорад.

132. Он чист, ки як даҳан дорад,
Баданаш ҳамчу хонаи занбӯр?
Ӯ барои маҳвашон доим
Мекунад хизмати аз ҳад зӯр.

133. Худаш якта, гӯшаш чорта.

134. Сиёҳпӯш аз асп фуромад,
Бачагонаш пеш омад.

135. Дарун аҷаб қиёмат,
Берун сиҳат-саломат.
Тар занему хушк гирем,
Аз он кунем мо роҳат.

136. Пагоҳӣ шап-шап,
Нимрӯзӣ шап-шап,
Бегоҳӣ як бор шап.

137. Рӯз шап-шап,
Ай ними шаб як шап.

138. Гирдогирди чаҳ
Чор намадча.

139. Ду по дорад, ду даст дорад,
Тахтапушти деви маст дорад.

140. Як хонача, пури ходача.

141. Чорпоя хонача,
Дарунаш пури гулғунча.

142. Болош бом, мулло имом.

143. Ҳама хоб, ини бедор.

144. Бобом на шаб мижа мезанад, на рӯз.

145. Ҷасад дорад, по надорад,
Шикам дорад, рӯда надорад.

146. Чизе ёфтам зи дарё,
Рангаш сурхи зарднамо.
Гап занӣ, акс мекунад,
Намедонам чӣ бошад.

147. Лӯъбате чист нағзу хокмизоҷ,
Ки ба обест дар ҷаҳон хурсанд?
Даст бар сар ниҳода пиндорӣ,
Бар сари хеш мехӯрад савганд.

148. Ирӯ равам мезанӣ,
Урӯ равам мезанӣ,
Чиба мана мезанӣ?
Гардакама мехӯрӣ?

149. То назанӣ, намедиҳад.

150. Ин сӯй равам, мезананд,
Он сӯй равам, мезананд.
Азобро ман мекашам,
Тиккаро дигарон хӯранд.

151. Токӣ такам мезанед,
Уштоки такам мезанед.
Нони гирдро шумо хӯред,
Мани асирро чӣ мезанед?

152. Аз осмони пастак
Барфи зиёд меборад.

153. Бузак давида меравад,
Шираш парида меравад.

154. Ин рӯ девор, он рӯ девор,
Миёнаш кампири бемор.

155. Аз ин дарак ба он дарак,
Меҳмонаки ғазандарак.

156. Оҳу ҷаста меравад,
Шираш рехта меравад.

157. Худаш якта, чашмаш садта.

158. Латифи лучак,
Поҳош дар кунҷак.

159. Ду пула харид кардам,
Хонаро равшан кардам.

160. Дар як дара як мор,
Дар сари мор нигор.

161. Шаб оиму рӯз ҷӯрӣ.

162. Вақ-вақи воқ-воқ аст,
Сиёҳдарун лабчок аст.

163. Як мудаввар⁸ ҳавз дидам, оби равшан дар миён,
Мурғи симинҳукка⁹ карда мори заррин дар даҳон.
Мурғ бошад қути¹⁰ мору мор бошад қути мурғ,
Мор агар беоб афтад, мурғ монад дар зиён.

164. Ҳавзи сангин,
Оби рангин,
Мори печон,
Гули хандон.

165. Чист он доно ҳаким андар миёни новадон,
Мори симинҳукка бошад, мурғи заррин дар даҳон?
Об бошад қути мору мор бошад қути мурғ,
Мор чун беоб монад, мурғ дармонад ба ҷон.

166. Аҷоиб сурате дар шом дидам,
Агар гӯям, касе бовар надорад.
Дарахте бар сарам як лава пуртоб,
Дар он море, ки заррин ҳалқа дорад.

167. Даруни ҳавз обак,
Даруни обак морак,
Сари морак аловак.

168. Беваи зол тоҷи тилло дорад.

169. Тоҷ дар сар,
Бор дар хар,
Гул дар бар,
Сиёҳ дар дум.

170. Гови зард дар сари девор мегардад.

171. Ар-ари дароз дар сараш гул дорад.

172. Зоғак зебо — зоғак,
Чуҷамурғак алогурғак.

173. Як дарё, болош пури бӯрё.

174. Ғуломаки сиёҳаки мо,
Хонабонаки мо.

175. Намечаккад, наметалаз,
Ба земи намемонад.

176. Як порча сиёҳак,
Ҳамеша дар пояк.

177. Устонорбой боло баромад,
Тарошид, харошид, фуромад.

178. Чист он лӯъбате, ки арзон аст,
Як сар асту ҳазор пай дорад?
Ҳар кӣ меҳмон шавад дар хонаи ӯ,
Хоки пояш ба дида бардорад.

179. Чист он ходими камарбаста,
Як тан асту ҳазор сар дорад?
Ҳар кӣ ӯро барад ба хонаи хеш,
Хоки пояш ба дида бардорад.

180. Миёнаш бастагӣ,
Берун хоб мекунад.

181. Ғуломаки миёнбаста
Рӯ-рӯи ҳавлӣ ҷаста.

182. Соли дароз
Миёнаш бастагӣ.

183. Пушти дар
Химчаи тар.

184. Сартилтаки¹¹ миёнбаста.

185. Замин заранг аст,
Зардолуранг аст.
Ҳар кас наёбад,
Шахси гаранг аст.

186. Аз думчааш мегирем,
Пасту боло мебарем.

187. То аз думбуш¹² нагирӣ,
Ба токча роҳ намеравад.

188. Чилдир мекунад писта,
Шилдир мекунад писта.
Роҳ рафтани ошиқон
Тақлид мекунад писта.

189. Осмони ҳафтум
Дар кафи дастум.

190. Аз дур дидам моҳро,
Ба дил кашидам оҳро.
Он турки сеҳрангезро,
Зебо баландпарвозро.

191. Дасту по надорад, расм мекашад.

192. Он чист, ки ҷилваҳо карду шукуфт,
Чун ханда задӣ, зи шарм рухро бинуҳуфт?
Бе он ки ба умри хештан дам бизанад,
Ҳар чиз, ки аз ту дид, филҳол бигуфт.

193. Тапутап менамояд,
Марди бад менамояд,
Бе ман чӣ тавр мекушояд?

194. Хонаи торик,
Дудаки борик.

195. Боло — шикоф,
Поён — шикоф,
Миёна — обу алов.

196. Аз дур дидам, банур дидам,
Як гунбази пурнур дидам.

197. Бобом ба комаш шох мехамбонад.

198. Мехи оҳанин, қапчуқи чӯпон.

199. Як ғулом дорум,
Ҳезумкаши бекому даҳон дорум.

200. Аҷоиб лӯъбате дидам,
Пой дораду панҷа не,
Даҳан дораду сар не,
Дандон дораду забон не.

201. Лабаш сиёҳ, дарунаш сурх,
Тар мекунад, сурх мешавад.

202. Аз ин ҷо то Машҳад
Риғи замина мекашад.

203. Рафтанаш сӯи ҳаво,
Хӯрданаш боду ҳаво,
Риштаас дар гарданаш,
Нӯгаш ба дасти дилбаро.

204. Шер меканад,
Рӯбоҳ мегузарад.

205. Алокунак, балокунак,
Сиёҳкунак, думдарозкунак.

206. Аз асп баланд,
Аз саг паст.

207. Задамаш зада шуд,
Кашидамаш кашида шуд.
Дутоаш кишол,
Яктааш кайҳо¹³ шуд.

208. Як задаму ду кишол.

209. Якта задам,
Дута кишол шуд.

210. Зани қоқӣ ба қоқӣ мекунад арғ,
Чандто будани сухану якто будани фарқ.

211. Ин бар бед, он бар бед,
Дар миёнаш тухми сафед.

212. Шалдар-шулдуронем,
Зиннати гулрухонем.


¹ Ҳинг — хокистарранг.
² Дарва — ба пеши дар.
³ Тринг — хушёр, тайёр, ҳозир.
⁴ Курнӣ — зоғ.
⁵ Кука — ҷутур; марди кука — марди ҷутур.
⁶ Бекум — беостин.
⁷ Лишт — давидан.
⁸ Мудаввар — давра.
⁹ Симинҳукка — нуқрадаҳон.
¹⁰ Қут — хӯрок.
¹¹ Тилт — ҷулида, парешон.
¹² Думбуш — думаш.
¹³ Кайҳо — рост.


Ҷавобҳо

67 — тарозу
68 — тарозу
69 — тарозу
70 — тарозу
71 — тарозу
72 — тарозу
73 — тарозу
74 — қапқон
75 — чӯткаи хонасафедкунӣ
76 — ғулак
77 — ғулак
78 — ғулак
79 — чилим ва тамоку
80 — чилик
81 — гӯгирд
82 — гӯгирд
83 — гӯгирд
84 — лиф
85 — лиф
86 — асо
87 — асо
88 — таёқ
89 — асо
90 — занҷир
91 — қайчӣ
92 — қайчӣ
93 — микроз
94 — микроз
95 — қайчӣ
96 — қайчӣ
97 — қайчӣ
98 — қайчӣ
99 — қайчӣ
100 — халтаи дӯр
101 — ноидон
102 — сандуқ
103 — зӯрбанд
104 — сатил
105 — сатил ва чоҳ
106 — сатил ва чоҳ
107 — гилоф
108 — сабат
109 — ҳум
110 — нардбон
111 — нардбон
112 — нардбон
113 — муҳпар-поипар
114 — муҳпар
115 — офтоба
116 — офтоба
117 — тағора
118 — болға
119 — гаҳвора ва кӯдак
120 — гаҳвора
121 — гаҳвора
122 — гаҳвора
123 — сандалӣ
124 — оташдон, дег ва кафлез
125 — оташдон, дег ва кафлез
126 — дегу алов
127 — оташ, дег ва оташдон
128 — гӯшвор-гӯшвора
129 — ангуштпона
130 — ангуштпона
131 — ангуштпона
132 — ангуштпона
133 — дег
134 — дег ва косаҳо
135 — дег ва косаҳо
136 — дари хона
137 — дари хона
138 — сандалӣ
139 — сандалӣ
140 — гӯгирд
141 — сандалӣ ва алов
142 — мурӣ
143 — мурӣ-равзан
144 — мурӣ-равзан
145 — кӯза
146 — кӯза
147 — кӯза
148 — элак
149 — элак
150 — элак
151 — элак
152 — элак
153 — элак ва орд
154 — элак ва орд
155 — элак ва орд
156 — элак ва орд
157 — ғалбер
158 — оташгирак
159 — шамъ
160 — шамъ
161 — чароғ
162 — чароғи лабчок
163 — чароғ, пилта ва равған
164 — чароғ, пилта ва равған
165 — чароғ
166 — чароғ
167 — чароғ
168 — чароғ
169 — чароғ
170 — чароғ
171 — чароғ
172 — чароғ
173 — деги об ва угро
174 — қулф
175 — қулф
176 — қулф
177 — теғ
178 — ҷорӯб
179 — ҷорӯб
180 — ҷорӯб
181 — ҷорӯб
182 — ҷорӯб
183 — ҷорӯб
184 — ҷорӯб
185 — ҷорӯб
186 — қошуқ
187 — ташноз
189 — оина
190 — оина
191 — оина
192 — оина
193 — калит
194 — самовор
195 — самовор
196 — самовор
197 — поку
198 — теғ
199 — теғ
200 — анбур
201 — танӯр
202 — зилзила, телефон
203 — бодбарак
204 — дарафш ва сӯзан
205 — ялогу, тоба
206 — зин
207 — зин ва язангу
208 — зин ва язангу
209 — зин ва язангу
210 — ангуштарин
211 — дук ва калоба
212 — оинахалта ва ҳамён

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.