Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·2 рӯз пешНашрия

Ҳазору як чистон — Чистон: сайқали фикр

Асадулло Сӯфиев. «Ҳазору як чистон». Душанбе, «Маориф», 1994. Сарсухан.

Чистон маҳсули ақлу заковат, ҷаҳонбинӣ, донишу фазилат ва завқу салиқаи халқ аст. Ин жанри қадимӣ ва машҳури фолклор аз нутқи маҷозӣ ва мафҳуми иҷтимоӣ то ба як намуди дилкаш ва шавқангези санъати сухан роҳи дуру дарози тараққиётро тай кардааст. Чунончи, шахси хушзавқе фармудааст:

Таҳ санг, рӯ санг,
Миёна уқоби тезчанг.

Ва ё:

Об дар об чӣ бошад?
Ҳавзи гулоб чӣ бошад?
Оташ расад, ях кунад,
Ӯро ҷавоб чӣ бошад?

Ин чистонҳо зоҳиран содда ва осон намоянд ҳам, кашфи асрори ниҳони онҳо донишу маҳорат ва зеҳну таҷрибаро тақозо менамоянд. Ҳар касе ки ин предметҳои ҷондор ва беҷонро дида, сифат ва хосияти онҳоро санҷида ва равшан мушоҳида карда бошад, ҷавоби мафҳумоти сарпечро амиқ муайян менамояд. Ташбеҳоти мувофиқ ва муносиб сифату хосиятҳои сангпушт ва тухмро равшану диққатангез сохтаанд. Шунаванда ба фикр фурӯ меравад, аломат ва сифатҳои гуногуни сангпушт ва тухмро бо ҳам муқоиса мекунад, дониш ва мушоҳидаи худро ба кор мебарад ва шабоҳати байни узвҳои сангпушт ва уқобро ба хотир меорад. Дар акси ҳол муайян сохтани ҳусни матлаб маҳол аст.

Дар ҳақиқат сифатҳои сангпушт ва тухм дар чистонҳои мазкур дуруст ва дилкаш тасвир шудаанд ва ҷавоби онҳо шубҳаеро ба миён намеорад. Чистонҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо аломат ва сифатҳои предмету ҳодисаҳо нопурра ва номукаммал ифода ёфтаанд. Албатта, чунин чистонҳо маҳсули афкори шахсони камтаҷриба, ҷавон, тақлидкор ва камистеъдоданд. Илова бар ин, аломат ва сифатҳои як қатор ашёҳо ва ҳодисаҳо бо ҳам монанд ва ҳамранганд. Аз ин рӯ, баъзе тавсифот ва ташбеҳоти як предмет бо предмети дигар омезиш меёбад, ки ин ҳолат сабаби такрори ҷавоби чистонҳои ҷудогона ва ё предмети истиорашаванда мегардад. Барои мисол чистонҳои «ҷувоз», «обҷувоз», «осиёб» ва «киштӣ»-ро зикр кардан кифоя аст. Ба об вобаста ва алоқаманд будани осиёб ва киштӣ монандӣ ва шабоҳати истиорашавандаҳоро ба миён овардааст, ки ин набояд боиси иштибоҳ гардад. Шалғам, сабзӣ, пиёз ва карам барин намуди сабзавот аломат, хосият ва сифатҳои монанд ва муштарак доранд. Дар натиҷа образ ва истиорашавандаи як чистон дар ҷавоби чистони дигар такрор мешавад. Нусхаҳои комил ва нокис, мукаммал ва номукаммал, такрор, калимаву ибораҳои тақлидӣ, вазну қофия, саҷъ, хушоҳангӣ ва зуҳуроти камӣ ва костӣ дар онҳо қисман ба ҳамин монандӣ алоқаманд мебошад.

Чистонҳои манзум аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, вазн, қофия, истиора, ташбеҳ, тавсиф, ташхис, киноя, муболиға, забону сабки рангини баён ҷолиб ва шавқангезанд. Онҳо дар шаҳрҳо ва деҳаҳои гуногуни кишварамон эҷод шуда, тамоми соҳаи ҳаёт ва фаъолияти мардуми тоҷикро фаро гирифтаанд. Олот ва воситаҳои мухталифи меҳнат, ҳодиса ва воқеаҳои табиат, асбобу анҷоми рӯзгор, зироат, манзилгоҳ, ҳайвонот, ҳашарот, илму техника ва ҳама чизҳое ки дар зиндагии халқи меҳнаткаш мавқеи муҳим доранд, образ ва мундариҷаи чистонҳои манзуманд. Чистон аз савол ва ҷавоб иборат аст. Дар қисмати савол сурати маҷозии предмету ҳодисаҳо тасвир шуда, дар қисмати ҷавоб номи аслии предметҳо ифода ёфтаанд:

Оҳангарак, сӯзангарак,
Дар рӯи он бозингарак.

Дар ин чистон қофия ва ҳамоҳангии гуфтор ва таровати забони гӯянда равшан зоҳир шудааст. Баъзан мегӯянд, ки забону сабки баёни чистонҳои халқӣ ва вазну қофияи онҳоро дуруст намудан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин маврид сабки гуфтор, ҳусни забон ва шаклҳои рангоранги калимасозию ибораороии халқ аз байн мераванд. Чистонҳо монанди дигар жанрҳои фолклор бо ин ё он шеваи халқ эҷод шудаанд ва дар онҳо ҳусну таровати забони гӯяндагон таҷассум гардидааст. Ин ҳолат моро водор месозад, ки дар кори хайр ба сохтакорӣ роҳ надиҳем ва аз таҳрири ҷиддӣ ва ҳартарафаи осори бадеии шифоҳии халқ худдорӣ намоем. Чунончи, дар як ҷой «бобояк» гӯянд, дар ҷои дигар «бобоҷак» мегӯянд, дар ҷое «яктояк» гӯянд, дар макони дигар «яктаҳак» талаффуз менамоянд. Агар ин сабки гуфтори мардумро бо як тарз таҳрир намоем, ҷавҳари забони гӯянда ва зуҳуроти хушоҳангии чистонҳо аз байн меравад. Чистон маҳсули фикру салиқаи коллектив аст, зеро дар чистонгӯӣ ва чистонёбӣ бояд ҳатман ду нафар иштирок намоянд. Яке савол диҳад, дигаре онро муайян созад. Ин анъана мисли дигар шуғли халқ аз талаботи зиндагӣ ба вуҷуд омада, дар ҳаёти гузаштаи мардуми мо мавқеи калон дошт. Деҳқонон ва косибон дар мавриди кор ва истироҳат чистонгӯӣ карда, меҳнати худро сабук менамуданд, зиракӣ, хушзеҳнӣ, ҳозирҷавобӣ ва сурату сифати асбобу ашёи зиндагиро то чӣ дараҷа донистани якдигарро месанҷиданд ва доираи фикру ҷаҳонбинӣ ва завқи бадеии худро васеъ мекарданд:

Гуле дидам, ки он бехор бошад,
На дар дашту на дар кӯҳсор бошад.
На ӯро кас харад, на кас фурӯшад,
Ҳамеша бар сараш бозор бошад.

Чистони «илм» аз ҷиҳати таносуб ва оҳангнокӣ, истиораву санъати радду бадал ва тавсифу муболиға дилкашу гуворо ифода ёфтааст. Вазни он ҳам, ки баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф аст, мутобиқи мизони мафоӣлун, мафоӣлун, фаӯлун сурат пазируфтааст ва аз ин лиҳоз завқу шавқи шунавандаро ривоҷ медиҳад. Чистонҳо имкон медиҳанд бифаҳмем, ки деҳқонон, ҳунармандон, косибон ва толибилмон ба ин ё он олоту асбоби меҳнат, ҳодисаҳои мухталифи табиат, рӯзгор, зироат, меваҷот, растанӣ, наботот ва ҳайвонот чӣ гуна муносибат доштанд ва рангу сифати ҳар яке аз онҳоро то чӣ андоза моҳирона тавсиф намудаанд:

Меравад зери замин,
Пур мекунад рӯи замин.
(Оҳани ҷуфт)

Дар сардара ду мор кар-кар мекард,
Барфро мехӯрд, чоларо қай мекард.
(Ҳаллоҷӣ)

Воқеан, аз рӯи ин чистонҳо дар бораи рангу шакл ва намудҳои асбобу олоти меҳнат, вазифа ва мақоми онҳо дар ҳаёти деҳқонон ва ҳунармандон тасаввуроти равшан ҳосил менамоем. Халқ дар давоми асрҳо дар ҷараёни кору зиндагӣ асбобу олотҳои гуногунро кор фармуда омадааст. Вай аз шаклҳои оддии деҳқонӣ ба шаклҳои мураккаби он, аз олоту асбобҳои оддии меҳнат (каланд, омоч, чиғина, ҳаллоҷӣ, чарха ва ғайра) то дастгоҳҳои мураккаб (тракторҳо ва мошинаҳои пуриқтидори ҳозиразамон) роҳи дури тараққиётро тай намудааст. Тамоми ин процессҳои мураккаби тараққиёт пайваста бо фаъолияти меҳнатии халқ дар чистонҳо акс ёфтаанд:

Осмон барояд, ялаққӣ,
Замин фарояд, тараққӣ.
(Каланд)

Аҷоиб ҷонваре дидам,
Миёни сина пар дорад.
Ба пояш кафши пӯлодӣ,
Даҳон болои сар дорад.
(Трактор)

Чистон мисли дигар жанрҳои фолклор дар натиҷаи тараққиёт ва дигаргуншавии ҳаёти моддӣ, иқтисодӣ ва мадании мардуми тоҷик тараққӣ мекунад ва дигаргун мешавад. Дар процесси ин тараққиёт ва дигаргуншавӣ ҷавоби баъзе чистонҳо кӯҳна шуда, тадриҷан аз байн меравад, ҷои онро предмету ашёҳои нав ишғол менамоянд. Халқ оид ба предмету ашёҳои нав чистонҳо офарида, дар онҳо хусусият, мавқеъ ва вазифаи ашёҳоро таъкид ва тавсиф мекунад:

Аз ин ҷо то Ҳисор,
Метозад қатор-қатор.
(Мӯрча — поезд)

На дил дораду на гурда,
Мехонад бачамурда.
(Дутор — радио)

Чистонҳои китобӣ аз рӯи мураккаб будани шаклу мазмун, риоя намудани хусусиятҳои забони адабӣ, кор фармудани санъатҳои бадеӣ, вазн ва роҳу усулҳои эҷод карда шуданашон аз чистонҳои оддӣ ва маъмули эҷодиёти даҳанакӣ фарқ мекунанд. Чистонҳои китобӣ ба тамоми талаботи шеърӣ ҷавоби пурра дода, бо ду роҳ инкишоф ёфтаанд. Яке ба тариқи рубоӣ, қитъа ва мухаммас эҷод шуда, аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун ва шакл ба чистонҳои халқӣ ҳамранг мебошанд. Дигаре ба тариқи маснавӣ ва ғазал эҷод карда шуда, дар онҳо илова ба шаклу мазмуни мураккаб санъати суханбозӣ, ташбеҳ ва тавсифҳои мутлақу душворфаҳм васеъ истифода шудаанд. Зеро онҳоро адибони нуктасанҷу соҳибтабъ барои муҳокима, санҷидани завқу истеъдоди бадеӣ ва ақлу заковати якдигар иншо намудаанд.

Чистонҳои халқӣ бо ду шакл эҷод мешаванд. Яке ба шакли мисраъ, байт ва дигаре ба шакли рубоӣ ва қитъа эҷод шудаанд. Дар чистонҳои халқие, ки ба шакли рубоӣ ва қитъа офарида шудаанд, таъсири адабиёти китобиро равшан мушоҳида кардан метавон. Дар байни халқ паҳн шудан ва дар айни замон асосан хусусиятҳои забони адабиро нигоҳ доштани чистонҳо исбот менамояд, ки эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик ба адабиёти бадеии китобӣ ва забони адабӣ алоқаи мустаҳкам доштааст.

Аз рӯи қоидаи шеърият дар истиора ва ташбеҳ бояд унсурҳои истиорашаванда ва ташбеҳшаванда ва истиоракунандаву ташбеҳкунандаҳо муштарак зикр ёбанд, вале дар чистонҳои халқӣ акси ин ҳолатро мушоҳида мекунем, яъне дар чистонҳои халқӣ танҳо истиоракунанда ва ташбеҳкунандаҳо таъкидан зикр меёбанд:

Аспи сафеди мардум,
На ёл дорад, на дум.

Як қатор олоту асбобҳои меҳнат ва хоҷагии қишлоқ аз истифодаи мардум баромадаанд, вале шаклу намуд, вазифа ва мавқеи онҳо ҳанӯз ҳам дар чистонҳои халқӣ ҳифз шудаанд:

Осмони гулдур-гулдур,
Чор найзаву ду айғур,
Болораву хӯникаш,
Таваки тилло таги каш.
(Чиғина)

Ҳар як намуди олоту асбоби кор дар ҳаёти мардум мавқеи хос дорад, ин ё он вазифаро адо менамояд ва мувофиқи эҳтиёҷи зиндагӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Масалан, чистонҳои «лак» ва «қулф»-ро гирем:

Аз ин дарак ба он дарак,
Меҳмони қаландарак.

Ғуломаки сиёҳаки мо,
Хонанигоҳдораки мо.

Таому хӯрокворӣ — ошпазӣ, ҳалвогарӣ, нонвойӣ ва ғайра ҳамчун касбу ҳунар дар ҳаёти мадании тоҷикон шӯҳрати қадимӣ доранд, шаклу намуд ва сифатҳои рангоранги онҳо дар чистонҳо акс ёфтаанд:

Шаш сихи оҳанӣ,
Миёнаш равғанӣ.
(Сихкабоб)

Дар бораи як предмету ҳодисаи зиндагӣ офарида шудани чандин чистон ва ё баръакс, як чистонро ба чандин предмету ҳодисаи зиндагӣ нисбат додани мардум, аз як тараф, ба табъу фаҳми гуногуни одамон вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба якхела набудани шароит ва муҳити зиндагии халқ алоқаманд аст. Зеро чистонҳо маҳсули ин ё он муҳиту шароитанд ва онҳо мафҳуми ашёҳои дар ҳамон муҳит вуҷуддоштаро акс менамоянд, ки ин ашёҳо дар муҳити дигар ё вуҷуд надоранд ва ё ба тарзи дигару бо номҳои дигар ифода карда мешаванд.

Чунончи, ин чистон дар се канори Тоҷикистон се хел ҷавоб дорад:

Були зарди башиғар,
На дил дорад, на ҷигар.

Ҷавоби чистони мазкур дар Кӯлоб «дутор» бошад, дар Дарвоз «қайқ» ва дар Панҷакент «дойра» мебошад.

Дар анбори одамон
На ҷав мондааст, на гандум.
(Осиёб)

Таҳ табақ, рӯи табақ,
Миёна фатири бенамак.
(Чормағз)

Ташбеҳ намудҳои гуногун дорад, вале дар чистонҳои халқӣ, асосан, ду намуди он мушоҳида карда мешавад: яке ташбеҳи равшан ё ташбеҳе, ки ба воситаи адоти ташбеҳ (мисли барин, монанд, чун ва ғайра) зоҳир мегардад ва дигаре ташбеҳи пӯшида, ки аслан бе адоти ташбеҳ ифода меёбад, яъне дар он як предмет бо предмети дигар таъкидан монанд карда мешавад, ки инро аз мисолҳои боло низ пай бурдан мумкин аст. Ҳар ду намуди ташбеҳ дар чистонҳои халқӣ хусусияти истиориро доранд, зеро ки дар онҳо ташбеҳшавандаҳо аёнан ба назар намерасанд.

«Арӯз», ки дар он ба ҷуз миқдори ҳиҷоҳо дарозӣ ва кӯтоҳии онҳо низ ба назар гирифта мешавад, дар чистонҳои халқӣ зуҳуроти хос дорад.

Дар чистонҳои халқӣ навъҳои мухталифи баҳри «ҳазаҷ» нисбат ба баҳрҳои дигари «арӯз» бештар ба назар мерасанд. Баъзан дар чистонҳое, ки аз ҷиҳати сохт ва шакли шеърӣ ба байт ва рубоӣ шабоҳат доранд, ҳар як мисраъ дорои баҳр ва мизони ҷудогона мебошад, ки ин хусусиятро дар дигар жанрҳои манзуми фолклор мушоҳида намекунем:

Аз дур дидам, вар дидам,
Ба дасти заргар дидам.

Забони чистонҳо равон, содда ва рангоранг буда, барои тадқиқ ва омӯхтани таърихи тараққиёти истилоҳоти халқӣ аҳамияти муҳим дорад. Процесси тағйирот ва дигаргуншавии таркиби луғавии забон назар ба дигар жанрҳои фолклори тоҷик дар чистонҳо равшану ҳартарафа акс ёфтааст. Дар чистонҳои халқӣ номҳои шахсони таърихӣ, мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва калимаву ибораҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик васеъ акс ёфтаанд.

Дар маҷмӯаи «Ҳазору як чистон» маводи хазинаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, хазинаи фолклори Дорулфунуни давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, чистонҳои дар матбуоти даврӣ ва ба шакли маҷмӯаҳои гуногун нашршуда, инчунин маводе, ки муаллифи ин сатрҳо ҳангоми сафарҳои илмӣ гирд овардааст, истифода шудаанд.

Ин китоб танҳо як қисми чистонҳои манзумро дар бар мегирад ва дар он хелҳои дигари чистонҳои халқӣ дохил нашудаанд.

Маҷмӯа чистонҳои гуногуни халқиро дар бар мегирад ва нусхаҳои онҳо бо ҳарфҳои «а», «б», «в» ва ғайра ишора шудаанд.

Маводи маҷмӯа то андозае таҳрир шудааст, то ки он барои мардуми ҳамаи мавзеъҳои тоҷикнишин фаҳмо ва дастрас бошад.

Чистонҳои халқӣ, мисли дигар жанрҳои манзуми эҷодиёти даҳанакӣ, асосан ба ду вазни маъмул — «ҳиҷо» ва «арӯз» эҷод шудаанд. Баробар омадани ҳиҷоҳои як мисраъ ба мисраи дигар қонуни асосии вазни «ҳиҷо» шуморида шавад ҳам, он дар чистонҳои халқӣ ҳама вақт риоя карда намешавад ва ин боиси ба вуҷуд омадани ҳиҷоҳои мухталиф гардидааст.

Дар чистонҳое, ки ба вазни «арӯз» гуфта шудаанд, оҳанги гуфтор, мувозанати байту мисраъҳо ва гуногунии (дарозу кӯтоҳ омадани) миқдори ҳиҷоҳои ҳар як мисраъ низ мавқеи калон дорад:

Мехӯрад дон бо умед — 7
Мепӯшад барфи сафед — 7
(Осиёб)

На даст дораду на по — 7
Хабар барад ба ҳар ҷо — 7
(Мактуб)

Дар чистонҳо, чунон ки ишора шуд, унсурҳои забони гуфтугӯии халқ ва шеваҳои гуногуни он равшан ифода ёфтаанд. Як қатор чистонҳои носуфта ва аз лиҳози вазну қофия нокис ҳам ба назар мерасанд, ки онҳо маҳсули ҷаҳонбинӣ ва завқу салиқаи мухталифанд. Азбаски маҷмӯа барои доираи васеи хонандагон аст, омӯзгорон дар ҷараёни таълим мушкилии шогирдонро осон месозанд. Онҳо дар ҷараёни дарс сабаби дар ин ё он шеваи забон ба тарзи гуногун ифода ёфтани мафҳумҳоро моҳирона шарҳу эзоҳ медиҳанд, ҷавононро ба хушзеҳнӣ, кунҷковӣ ва ҳозирҷавобӣ ҳидоят месозанд.

Ҷавоби як қатор чистонҳоро ба хонандагон ҳавола намудем, то ки онҳо фикр кунанд ва ҷавоби муаммоҳоро бо асарҳои тозаи шифоҳӣ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дарҷ намоянд ва баҳсу мунозираи хушзеҳниро ҳарҷониба ривоҷ диҳанд.

Рақамҳо шумораи чистонҳоро нишон медиҳанд. Дар маҷмӯа як силсила чистонҳои халқишудаи адибони гузашта ва имрӯзаи тоҷик низ дохил шудаанд. Китоби «Ҳазору як чистон» аз рӯи мавзӯъ ба 20 фасл тақсим мешавад ва феҳристи ҷавоби чистонҳо дар фасли охир дода шудааст.

Чунон ки ишора шуд, маҷмӯа аз камбудӣ ва нуқсонҳо комилан холӣ нест. Умед аст, ки дӯстдорони фолклор ва ашхоси хушсалиқа барои беҳтар гардидани маҷмӯа қайду эродҳои худро баён менамоянд.

Асадулло Сӯфиев

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.