Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

Мададгорони бобо

Шодӣ нав панҷсола шуда бошад ҳам, ба бисёр корҳо сарфаҳм мерафт. Шодӣ бобои ҳафтодсолае дошт. Ӯро Салим-ота меномиданд. Бобо ба Шодӣ ҳикояҳои аҷоибу ғароиб гуфта медод, ӯро ҳамеша ҳамроҳаш гирифта мегашт. Аз ин кори бобо Шодӣ беҳад хурсанд буд.

Боре, вақте ки ҷамъоварии ҳосили чормағз расид, Шодӣ назди бобо омад ва дарахти калони чормағзро нишон дода, гуфт:

— Бобо, шумо чӣ хел ба ин дарахт мебароед?

— Чаро ба дарахт мебаромадаам? — пурсид дар ҷавоб бобо.

— Набошад, чормағзро чӣ хел меафшонед?

— Дар ин кор ба ман ту ёрӣ медиҳӣ, дигарон ёрӣ медиҳанд. Ба дарахт баромадан шарт нест.

— Чӣ хел?

— Баъд мефаҳмӣ, — гуфт бобо ва ҳамроҳи наберааш ба соҳили дарёе, ки деҳаро ҳалқа зада мегузашт, рафт. Бобо аз буттаҳо химча мебурид, Шодӣ онҳоро ҷамъ мекард.

Бобо аз химчаҳо сабади бетаг бофт, ки ин Шодиро ба ҳайрат овард.

— Чаро сабади бетаг бофтед, бобо? — пурсид Шодӣ.

— Баъд мефаҳмӣ, — номаълум гуфт бобо ва сабадро ба таги дарахти чормағз, ки он дар канори деҳа, дар наздикии хонаашон буд, бурда монд.

Нисфи шаб ба ин ҷо хирс омад. Вай ба дарахти чормағз баромада, муддате чормағзро афшонд. Сонӣ боз ба поён фуромад ва чормағзҳои афшондаашро ба сабад андохтан гирифт. Ин кори ӯ то пагоҳӣ давом кард. Вақте ки бобою набера сӯйи дарахти чормағз мерафтанд, Шодӣ баногоҳ хирсеро дид, ки сабади холиро пуштора карда мерафт.

— Хирс! — қариб буд фарёд кунад Шодӣ, вале дар пуштораи ӯ сабадро дида, тааҷҷуб кард: — Ин сабади мо, чаро ӯ...?

— Баъд мефаҳмӣ, — гуфт бобо сухани Шодиро бурида ва тез-тез қадам монд. Онҳо ба назди дарахти чормағз омаданд. Ба ҷойи сабад як тӯб чормағз буд.

— Ана, акнун фаҳмидӣ, — гуфт бобо ба наберааш, — хирс ба ман чӣ хел мадад мерасонидааст: чормағзҳоро афшонд, баъд тӯб карда ба сабад андохт, аммо чормағзҳо монду сабади холиро гирифта рафт.

Шодӣ бо завқ хандид.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.