Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Койтезак

Койтезак, Кӯҳтезак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили чапи дарёи Суули-Тоғаркаки воқеъ гаштааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3960 метр. Маҳалли чашма шибарзамин аст. Оби чашма ба воситаи 3 пармачоҳ мебарояд. Дебиташ – 1,5–4,0 литр дар сония, ҳарорати обаш 23–33 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (72,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо ва сулфатҳо (182 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (77,0 миллиграмм дар литр), фтор (12,0 миллиграмм дар литр), радон (3,4 нанокюри дар литр), ҳамчунин бор, рух, литий, мис, никел мавҷуданд. Оби чашма гази нитроген дорад. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ ва системаи асаб, бемориҳои узвҳои ҷинсӣ, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мешавад. Оби чашмаро менӯшанд, барои қабули обзан (ванна) кор мефармоянд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.