Калтуч
Калтуч, чашмаи минералӣ дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар водии дарёи Қофарниҳон, 0,5 км поинтар аз деҳаи Калтуч ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 1140 м. Дебиташ – 6 л/с, ҳарорати обаш 30,2 °С. Оби чашма аз гидрокарбонатҳо, калсий, натрий таркиб ёфтааст. Бо мақсади табобати бемориҳо истифода мешавад.
Дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон шудааст. Дар ин ҷо осоишгоҳҳои табобатӣ ва истироҳатгоҳҳои кӯдакона ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар ҳудуди он, дар мавзеи «Калтуч», чашмаи оби гарм мавҷуд аст, ки дар назди он барои табобат ва солимгардонии шаҳрвандон осоишгоҳ бунёд карда шудааст.
Ворид шудан ба ҳудуди мамнӯъгоҳ бо мувофиқаи маъмурияти он тавассути нақлиёти фармоишӣ ташкил карда мешавад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




