Бӯғинак
Бӯғинак, чашмаи минералӣ, дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар болооби дарёи Кофарниҳон (Сорбо) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2550 метр. Оби чашма камишқор (pH 8,1) буда, аз силикатҳо, гидрокарбонатҳо, нитратҳо, ҳамчунин оҳан, манган, натрий, калий, калсий иборат аст. Бӯғинак хосияти табобатӣ дорад.
Бутарӣ
Бутарӣ, чашмаи минералӣ. Тақрибан 1 километр ҷанубу шарқтари шаҳраки Чоруқдарони вилояти Суғд, дар сойи амиқе ҷой гирифтааст. Дебиташ – 0,31 литр дар як сония, ҳарорати обаш 15 °С. Дар таркиби оби чашма сулфатҳо, гидрокарбонатҳо, натрий, калсий ва унсурҳои дигар мавҷуданд. Он ҳамчунин каме радон, уран ва ба миқдори зиёд нитратҳо (113 миллиграмм дар як литр) дорад.
Ванҷ
Ванҷ, чашмаи минералии обаш гарм. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 57 километр болотар аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз чашма то роҳи мошингард – 2,5 километр. Ҳарорати обаш + 22 °С; дебиташ 2,3 литр дар як сония. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (86,0 миллиграмм дар як литр), натрий (63,0 миллиграмм дар як литр), магний (62,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (390 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (283 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (5,01 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин микроэлементҳо (мис, кобалт, бор, молибден ва арсен) мавҷуданд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби чашмаи Пауши Ҷумҳурии Руминия шабоҳат дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби камминерали дорои гидрокарбонатҳо, сулфатҳо, магний, калсий ва натрий аст. Онро метавон барои табобати гастрити музмин, ҳепатити музмин, холецистит ва колит истеъмол кард.
Вездара
Вездара, чашмаи минералӣ. Дар ноҳияи Шуғнон, дар соҳили рости дарёи Вездара, 50 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3400 метр. Дебиташ 2,6–3,3 литр дар як сония, минералнокии умумиаш – 3,3 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +17 – +33 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (400 миллиграмм дар як литр), калий (53 миллиграмм дар як литр), калсий (196 миллиграмм дар як литр), магний (36 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (1165 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (430 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (50 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (187 миллиграмм дар як литр), метаборат (97 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (660 миллиграмм дар як литр) мавҷуданд. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемории узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Онро метавон нӯшид, ҳамчунин обзан (ванна) кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Налчик шабоҳат дорад.
Вранг
Вранг, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили рости дарёи Вранг, 85 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2 800 метр. Дебиташ 0,01–0,25 литр дар як сония, минералнокиаш 2,92 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +12,5 – +15,5 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (137 миллиграмм дар як литр), магний (80,0 миллиграмм дар як литр), калий (21,0 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (1287 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (142 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (106 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (130 миллиграмм дар як литр), метаборат (134 миллиграмм дар як литр), радон (30 нанокюри дар як литр), ҳамчунин оҳан, бром ва борат мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемории узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муҳим аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд.
Гармоба
Гармоба, чавонӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Файзобод. Дар водии дарёи Гармоба (шоҳоби чапи дарёи Обигарм), 6 километр шумолу ғарбтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1520 метр. Обаш гарм (42 °С), таркибаш аз ионҳои сулфат, хлорид, натрий, калсий, манган, молибден, волфрам, инчунин кислотаи силикат (42 миллиграмм дар як литр), кислотаи метаборат (2 миллиграмм дар як литр) ва бром (1,06 миллиграмм дар як литр) иборат мебошад. Минеранокиаш 0,5 грамм дар як литр. Дебиташ 1,3 литр дар як сония. Оид ба чашма бори нахуст Э. Э. Карстенс таҳқиқот анҷом додааст (1937).
Гармчашма (ноҳияи Ванҷ)
Гармчашма, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Ванҷ. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 50 километр шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр – 2400 метр. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ мебарояд, ки панҷтои онҳо 500 метр дуртар аз роҳи мошингард воқеанд; дебити умумиашон 20 литр дар як сония. Пармачоҳи шашум дар сари роҳи мошингард ҷой гирифтааст; дебиташ зиёда аз 10 литр дар як сония (оби он ба дарёи Ванҷ мерезад). Маҳалли чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Ҳарорати обаш +21 °С; минералнокии умумиаш – 1,9 грамм дар як литр. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (267 миллиграмм дар як литр), калсий (189 миллиграмм дар як литр), магний (61,0 миллиграмм дар як литр), калий (16,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои сулфат (683 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (281 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (268 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (27,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин оҳан, никел, фтор, бром, маргимуш, рух ва сезий иборат аст. Оби чашма ҳамчунин радон (2,8 нанокюри дар як литр) дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби минералнокиаш ками карбонатии дорои сулфатҳо, хлоридҳо, натрий ва калсий мебошад. Онро метавон барои муолиҷаи холетсистит, ҳепатит, илтиҳоби музмини меъда ва фарбеҳӣ истеъмол кард.
Гармчашма (ноҳияи Ишкошим)
Гармчашма, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар масофаи 42 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Шоҳдара, дар баландии 2 800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Тадқиқотҳои илмии чашма аз ибтидои асри 20 оғоз ёфтаанд (Б. А. Федченко). Минбаъд ба ин кор олимон Н. И. Березкина, Е. Г. Андреев, Н. Е. Хрисанфов ва Г. И. Жуков идома бахшидаанд. Оби минералӣ аз байни ҷинсҳои қадимии кристаллию метаморфӣ фаввора зада, чанд ҳавзчаи табииро ба вуҷуд меорад, ки сатҳашон аз 0,5 то 20 метри мураббаъ; умқашон то 0,5 метр. Дебиташ 7 литр дар як сония, минералнокиаш 3,4 грамм дар як литр. Ҳарорати об аз 33 ° то 50 °С. Таркиби он аз натрий (700 миллиграмм дар як литр), калий (75,0 миллиграмм дар як литр), калсий (132 миллиграмм дар як литр), магний (32,0 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (1629 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (404 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (161 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (196 миллиграмм дар як литр), метаборат (32,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (500 миллиграмм дар як литр), ҳидрогенсулфиди озод (170 миллиграмм дар як литр), гази карбонати ҳалшуда (380 – 500 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, алюминий, магний, фтор ва стронсий) иборат аст. Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст муфид мебошад. Оби чашма аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба обҳои курорти Истису (Озарбойҷон), Пятигорск, Железноводск (Русия), Хайдусабосло ва Харкани (Маҷористон) шабоҳат дорад, вале миқдори ҳидрогенсулфид ва кислотаи силитсий дар он бештар аст (аз ин рӯ, шифобахшии нисбатан бештар дорад). Бино бар зиёд будани минералнокии оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шӯша мебандад. Дар натиҷа ба кристалҳо табдил ёфтани калсийи оби чашма чандин обзан (ванна)-и табиии хурду калон ба вуҷуд омадааст.
Даршай
Даршай, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили рости дарёи Даршай, 42 километр шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Чашма дар пои шахи овезон дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Обаш бӯи ҳидрогенсулфид (46 миллиграмм дар як литр) мекунад. Дебиташ 2,3–3,0 литр дар як сония, минералнокиаш – 3,6 грамм дар як литр; ҳарорати обаш +31,5 °С. Таркиби оби чашма аз натрий (496 миллиграмм дар як литр), калсий (383 миллиграмм дар як литр), магний (38,6 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (443 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (250 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (360 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (75,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин мис, фтор, бор, рух ва молибден иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳозима, ҳаракат, системаи асаб, пӯст, узвҳои ҷинсӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо судманд аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои минералии Бюксек (Венгрия) ва Сойминск (Закарпатия) наздик мебошад.
Дӯстироз
Дӯстироз, дастирост, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ванҷ. Дар саргаҳи дарёи Ванҷ, 7 километр болотар аз даромадгоҳи дараи Дӯстироз воқеъ гаштааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3600 метр. Оби чашма аз қабати оҳаксанг, ки дар байни варақсангҳои давраи палеозой хобидааст, мебарояд. Дебиташ 6 литр дар як сония. Ҳарорати об +6 °С; минералнокиаш — 0,7 грамм дар як литр. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (300 миллиграмм дар як литр), калсий (45,0 миллиграмм дар як литр), магний (12,0 миллиграмм дар як литр), натрий (11,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (110 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар як литр), инчунин мис, рух, сурб, никел, кобалт, титан, стронсий иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ оби чашма ба обҳои минералии Аршан (Бурятистон) шабоҳат дорад. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва хунгард муфид аст.
Жунт
Жунт, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили чапи дарёи Гармчашма, 500 метр шарқтари деҳаи Жунт ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2780 метр. Дебиташ – 0,1 – 0,2 литр дар як сония, минералнокиаш — 2,7 грамм дар як литр. Ҳарорати обаш +12 – +17 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди озоди карбон (220 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (90,0 миллиграмм дар як литр), катионҳои калсий (321 миллиграмм дар як литр), натрий (178 миллиграмм дар як литр), магний (91,0 миллиграмм дар як литр), калий (24,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1196 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (485 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (108 миллиграмм дар як литр), инчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, титан, мис, никел, кобалт, бром ва йод) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемории узвҳои ҳозима, пешобзо ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои сулфатдори нарзани Кисловодск ва Хмелнитский шабоҳат дорад.
Зерев
Зерев, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 5 километр дуртар аз резишгоҳи сойи Дараи Зерев, дар баландии 2900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Минералнокиаш – 2,0 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +10 – +18 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (255 миллиграмм дар як литр), натрий (175 миллиграмм дар як литр), магний (65,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1391 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (125 миллиграмм дар як литр) мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст.
Зонг
Зонг, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар андаробии дарёҳои Помир ва Вахон, тақрибан 111 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2840–3020 метр. Оби чашма аз 9 ҷой, ки оби шаштои он хунук ва сетоаш гарм аст, мебарояд. Мавзеи чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Дар атрофу акнофи он бӯи гидрогенсулфид ҳис мешавад. Дебити чашмаҳои обаш гарм 6,0 литр дар як сония, ҳарорати обашон +25,5 – +47 °C аст. Обаш газ дорад. Таркиби об аз натрий (650 миллиграмм дар як литр), калий (61,0 миллиграмм дар як литр), калсий (61,0 миллиграмм дар як литр), магний (16,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (1232 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (291 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (287 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (301 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (161 миллиграмм дар як литр) ва метаборат (159 миллиграмм дар як литр) иборат аст. Минералнокиаш 3,07 грамм дар як литр. Ҳарорати чашмаҳои обашон сард +15 – +19 °C, дебиташ 2,85 литр дар як сония аст. Дар таркиби об оҳан, литий, стронсий, фтор, титан, манган, алюминий, мис ва берилий мавҷуданд. Оби чашмаро метавон барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокринӣ истифода бурд. Лойқаи атрофи чашмаҳо (ғафсиаш 10-15 сантиметр) низ шифобахш аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Истису (Озарбойҷон), Боржоми (Гурҷистон) ва Дилиҷон (Арманистон) шабоҳат дорад.
Зоог
Зоог, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Рӯшон. Дар водии дарёи Бартанг, 2 километр поёнтар аз кӯли Сарез, дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ҳарорати обаш зиёда аз +20 °C, минералнокии умумиаш – 1,0 грамм дар як литр. Таркиби оби чашма аз калсий (491 миллиграмм дар як литр), натрий (329 миллиграмм дар як литр), магний (119 миллиграмм дар як литр), оҳан (40,0 миллиграмм дар як литр), калий (6,0 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (36,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар як литр) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асаб ва камхунии оҳаннорасо муфид мебошад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби курортҳои Ронченко ва Левико (Итолиё) монанд аст.
Инеф
Инеф, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 88 километр дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма ба воситаи ду пармачоҳ мебарояд. Дебиташ 0,7–0,9 литр дар як сония. Маҳалли чашма шибарзамин аст. Ҳарорати обаш +18 – +19 °C, минералнокиаш – 4,5 грамм дар як литр. Оби чашма газнок буда, ба назар «ҷӯшида» меистад. Дар таркиби он ангидриди карбон (1310 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (65 – 68 миллиграмм дар як литр), метаборат (184 миллиграмм дар як литр), натрий (457 миллиграмм дар як литр), калсий (259 миллиграмм дар як литр), калий (77,0 миллиграмм дар як литр), магний (69 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (1421 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (500 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (142 миллиграмм дар як литр), инчунин оҳан, никел, фтор, бром, молибден, сурб, литий ва рух мавҷуданд. Оби чашмаро барои ошомидан ва ба шакли обзан (ванна) барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, пиелонефрити музмин, бемориҳои санги пешобдон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғадудҳои эндокринӣ истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Зваре, Муаши (Гурҷистон), Ессентуки (Русия) ва Сойминск (Закарпатия) шабоҳат дорад.
Иссиқбулоқ
Иссиқбулоқ, Яшилкӯл, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили рости дарёи Аличур ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3900 метр. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ – 0,3 – 2,0 литр дар як сония, минералнокиаш – 0,53 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +69 – +71 °C. Бӯи гидрогенсулфид мекунад. Таркиби об аз натрий (182,0 миллиграмм дар як литр), калсий (10,0 миллиграмм дар як литр), калий (6,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (152 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (60,0 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (82,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (9,0 миллиграмм дар як литр), фтор (16,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин аз мис, литий ва никел иборат аст. Барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, системаи асаб, банду буғум, устухон, мушак, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, амрози занона, ғадудҳои эндокринӣ муфид мебошад.
Ичкелик
Ичкелик, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Дар масофаи 169 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3800 метр. Дебиташ 0,2-0,5 литр дар як сония, минералнокии умумиаш 0,5-0,8 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +10 °C. Дар таркиби оби чашма натрий (65,0 миллиграмм дар як литр), калсий (44,0 миллиграмм дар як литр), магний (17,0 миллиграмм дар як литр), калий (8,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (348 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (41,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (84,0 миллиграмм дар як литр), радон (24,9 нанокюри дар як литр), ҳамчунин фтор, мис, рух ва молибден мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, системаи асаб, узвҳои ҷинсӣ ва амрози занона манфиат дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Ямаровка (вилояти Чита, Русия), Липовская ва Саирма (Гурҷистон) монанд аст.
Каҳқ
Каҳқ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили чапи дарёи Ғунд, 150 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4200 метр. Дебиташ 3–4 литр дар як сония. Оби чашма ба воситаи чанд пармачоҳ мебарояд. Ҳарорати обаш аз +71 то +76 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (194 миллиграмм дар як литр), калсий (10,0 миллиграмм дар як литр), магний (10,0 миллиграмм дар як литр), калий (8,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои сулфат (156 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (141 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (122 миллиграмм дар як литр), молекулаҳои кислотаҳои силитсий (112 миллиграмм дар як литр), метаборат (10,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (4,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин мис, никел, рух, фтор ва сурб мавҷуданд. Минералнокии умумиаш – 9,7 –10,8 грамм дар як литр. Оби чашмаро метавон барои обзан (ванна)-ҳо истифода бурд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Красносельски Бошқирдистон наздик аст. Онро барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳаракат, силсилаи асабҳо, амрози занона, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 380–383.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




