Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Абхарв

Абхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 10 километр дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма аз се ҷо фаввора мезанад, ки ҳарорат ва дебиташон гуногун аст. Чашмаи якум тақрибан 1 километр дуртар аз резишгоҳи сойи Дараи Намак воқеъ гашта, ҳарорати обаш 13,2 – 14 °С, дебиташ 2,4 литр дар як сония аст. Ду чашмаи дигар дар масофаи 150–300 метр аз резишгоҳи сой ҷой гирифтаанд; ҳарорати оби онҳо + 7 °С, дебиташ 0,3 литр дар як сония аст. Таркиби оби чашма аз катионҳои калсий (433 миллиграмм дар як литр), натрий (222 миллиграмм дар як литр), магний (121 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1244 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (667 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (248 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин оҳан, никел, рух, маргимуш, радон (4,6 нанокюри дар як литр) ва бром иборат аст. Оби Абхарв барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии курортҳои Хмелницкий ва Балатонфюред (Маҷористон) ва нарзани Кисловодск наздик аст.

Авч

Авч, чашмаи минералӣ дар соҳили дарёи Панҷ, 26 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2410 метр. Дебиташ – 5 литр дар як сония, ҳарорати обаш 34 – 35 °С. Дар таркиби оби чашма микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – магний, оҳан, никел, фтор, рух ва бром мавҷуданд. Соли 1895 дар назди чашма ҳаммом сохта шуда буд, ки дар он сарҳадбонон шустушӯ мекарданд. Маълумоти аввалини илмӣ оид ба чашма ба қалами олими шӯравӣ Н. М. Прокопенко (1930) тааллуқ дошта, оид ба он Н. С. Котова низ пажӯҳиш анҷом додааст. Оби чашма газнок буда, миқдори гази карбонати ҳалшуда дар он 80% ташкил медиҳад; бӯи гидрогенсулфид эҳсос карда намешавад, ҳарчанд миқдори он дар таркиби об 61,4 миллиграмм дар як литр аст. Дар таркиби оби чашма литий, оҳан, никел, фтор, рух, бром, радон (2,3 нанокюри дар як литр) низ ёфт шудаанд. Оби чашмаро метавон ошомид, чун обзан (ванна) ва барои ингалятсия, оббозӣ, шустани меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ оби чашма ба оби нарзанҳои сулфатии Кисловодск наздик аст. Соли 1978 дар заминаи беморхонаи ноҳияи Ишкошим шуъбаи физиотерапевтии «Авч» ташкил карда шуд, ки дорои 60 кат мебошад. Оби чашма барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, мубодилаи моддаҳо, бемориҳои занона, урологӣ ва ғадудҳои усораи дохилӣ нафъ дорад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 378.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.