Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» (идома)
Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст.
Дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бемориҳои роҳи меъдаю рӯда ва ҷигар (гастрит, энтерит, колит, холесистит, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, санги талхадон), амрози силсилаи асабҳои канорӣ, дастгоҳи такяву ҳаракат (ғайрисилӣ), простатит, аъзои ҷинсии занона ва пӯст (себорея, экземаи себореявӣ, экземаҳои музмини хушк, дерматитҳои сабабашон моддаҳои кимиёвӣ, шукуфаи сурх, склеродермия, моҳипӯстӣ, хоришак, кератодермия ва ғайра) табобат карда мешаванд.
Осоишгоҳ дорои 500 ҷойи хоб дар масоҳати 17 гектар воқеъ аст.
Бори нахуст соли 1952 тавассути пармачоҳҳо оби шифобахши мавзеи Шоҳамбарӣ кашф карда шуда барои табобати мардум ба кор шурӯъ намудааст. Соли 1986 пармачоҳҳои нави оби шифобахш кофта шудаанд. Соли 1990 бинои 5 қабатаи нави осоишгоҳ сохта шуд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 377–378.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




