Бемористони байналмилалии Ибни Сино
Бемористони байналмилалии Ибни Сино, муассисаи ташхису табобатӣ. Сентябри 2009 бо ҷалби табибони ботаҷриба аз кишварҳои Эрон, Олмон, Россия ва Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд (дорои 120 кат). Беморхона дорои бахшҳои ангиография ва ангиопластика, эндоурология, ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб, ёрии таъҷилӣ, бемориҳои занона, ҷарроҳии умумӣ, ортопедӣ, ҷарроҳии тармимӣ, даҳонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, утоқи рентген ва дорухона мебошад. Беморхона бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони эронӣ ва тоҷик кор мекунанд. Беморхона аз оғози фаъолият ба зиёда аз 18 ҳазор бемор мадад расонидааст; тақрибан 16 ҳазор бемор ҷарроҳӣ карда шудаанд. Дар ҳама бахшҳои бемористон бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ хизматрасонӣ дар сатҳи байналхалқӣ қарор дорад.
Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара
22 марти 2014 ба истифода дода шуд. Бино ва таҷҳизоти беморхона ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст: ангиография, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени Сиремобил камони С, мамография, ортопантомограмма, ултрасадо (Акузон X300), эндовидео, аскулап, дастгоҳи диализ ва ғайра дорад. Беморхона яке аз калонтарин муассисаҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мебошад. Он на танҳо ба аҳолии ноҳия ва вилоят, балки ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ ва хориҷи он хизмат мерасонад. Беморхона шашошёна буда, дорои 105 кат аст. Дар он шуъбаҳои бемориҳои дил, узвҳои дарунии калонсолон ва наврасон, пайвандсозии узву бофтаҳои инсон, ҷарроҳии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакон ва урология, бемориҳои амрози занона, таваллуд, наҷот, қабулгоҳ, бунгоҳи шикастабандӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, ташхиси шуоӣ ва ултрасадоӣ, тавонбахшӣ ва физиотерапия фаъолият менамоянд. Дар беморхона аз ҷониби доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон тӯли 5 сол бо мақсади таҷриба омӯхтани донишҷӯён зиёда аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ (қолабвайронии бинӣ, бинии шикаста, чинҳои рӯй ва ғайра) анҷом дода шудааст.
«Истиқлол»
«Истиқлол», бузургтарин маркази серсоҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ. 4 марти 2016 бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият сар кард. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст. Маҷмаа нахустин муассисаи серсоҳаи тиббии кишвар буда, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Масоҳати умумаш 105000 метри мураббаъ. «Истиқлол» аз 38 бинои 1–9-ошёна иборат буда, дорои 650 кат (аз ҷумла 150 кат барои калонсолон, 182 кат барои ҷарроҳии кӯдакон, 213 кат барои дорудармонии кӯдакон, 100 кат барои таваллудхона), зиёда аз 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, дармонгоҳ (барои қабули 800 нафар дар як баст), 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон ва дармонгоҳ, 50 шуъбаи бистаригардонӣ бо ташхисгоҳ, аз ҷумла шуъбаи наҷот ва муолиҷаи фаврии калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳо, толори рустанидармонӣ (фитотерапия), маркази иттилоот, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери пайваст ба Интернет, таваллудхона, шуъбаи бемориҳои дарунии кӯдакон, шуъбаи бистаригардонии калонсолон, осоишгоҳ, варзишгоҳ ва ғайра мебошад. Дар пойгоҳи марказ бахши ёрии тиббии таъҷилӣ бо 15 адад нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми замонавӣ, як адад мошини ёрии таъҷилӣ барои кӯдакони навзод ва 3 бригадаи наҷот фаъолият менамоянд. Толори конфронсии «Истиқлол» 260 ва ошхонааш 150 ҷои нишаст дорад. Дар ихтиёри табибон 620 таҷҳизоти муосири ташхису табобат (истеҳсоли Россия, Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Олмон, Финляндия, Чехия ва ғайра) қарор дорад, ки қодиранд якбора чанд амалиёт ба иҷро расонанд. Масалан, дастгоҳи ангиография ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд; дастгоҳи рентгении ададӣ беморро дар як лаҳза аз ташхис мегузаронад. Дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳи олмоние насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад. Заррабини замонавӣ маводди ташхисро 1000–2500 дараҷа калон нишон медиҳад. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ дастгоҳе мавҷуд аст, ки табиб дар вақти ҷарроҳӣ беморро аксбардорӣ, ҳамзамон табобат менамояд. Барои бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ дастгоҳе вуҷуд дорад, ки беморро дар як вақт ташхис, беҳис ва муолиҷа мекунад. Дар ҳар ҳуҷраи ҷарроҳии маҷмаа дастгоҳҳои сайёр, масалан, рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси ҳифзи навзодони вазнашон то 500 грамм ва интиқоли онҳо ба ҷойҳои дигар мавҷуданд. Дар бинои ташхисгоҳи «Истиқлол» шуъбаи махсуси тибби суннатӣ амал мекунад, ки дар он кӯдакон хатна, гӯш ё бинии духтарон сӯрох карда мешавад. Дар «Истиқлол» ҳамчунин усули тибби фосилавӣ ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он табибони маҳалҳои гуногун метавонанд ба ҳамдигар иртибот дошта бошанд ва барои анҷоми ҷарроҳиҳо табодули донишу таҷриба намоянд. Дар бахши гиёҳдармонии «Истиқлол» бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши ҷумҳурӣ доруҳои гуногун тайёр карда мешаванд. Фароҳам овардани шабакаҳои худкори идораи иттилоотӣ, таъмини об, газҳои табобатӣ (ҳавои фишурда ва оксиген), дастгоҳҳои ҳавополо, тибби фосилавӣ, Интернет, алоқаи дохилӣ ва шаҳрӣ, радиои дохилӣ, 416 нуқтаи камераҳои мушоҳидаи бевосита ва 602 адад компютер марказро дар ҷумҳурӣ беназир кардааст. Дар пойгоҳи марказ 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва ғайра фаъолият мекунанд. Саҳни марказро 670 адад дарахту буттаи гуногун ва 10 ҳазор бех гулҳои зебо оро медиҳанд. Лоиҳаи марказро се ташкилоти лоиҳакашии ватанӣ – Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбешаҳрсоз», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия намудаанд.
Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара
16 июни соли 2021 ба истифода дода шуд. Бинои беморхона бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Беморхона дорои 200 кат буда, барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти бисёр дорад. Ошёнаи якуми беморхона аз 18 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функционалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи дуввум 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобат ва кӯдакона мавҷуданд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ошёнаи чоруми беморхона аз 29 ҳуҷра иборат буда, дар он бемориҳои зардпарвин ва касалиҳои сироятии махсусан хавфнок табобат карда мешаванд. Дар маҷмӯъ беморхона дорои қариб 120 ҳуҷра барои беморон мебошад. Дар асоси лоиҳа дар ошёнаи панҷуми беморхона кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷойгир аст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 371–372.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




