Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Тибби мардумӣ (идома)

Тибқи маълумоти дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва юнонӣ гиёҳдармонӣ тӯли 3–5 ҳазор сол усули асосии муолиҷа будааст.

Тибби мардумии тоҷикон таърихи ҳазорсола дошта, он донишу таҷрибаи қадимии суғдиён, бохтариҳо ва чандин усулу воситаи муолиҷаи дини зардӯштӣ (бо оташ, хокистар ва ғайра)-ро дар бар мегирифт. Яке аз аввалин манбаъҳои тибби форс-тоҷик китоби муқаддаси Авесто мебошад. Авесто тибро чун василаи солим нигоҳ доштани бадан қаламдод кардааст. Дар он ду самту равияи тиб (ваҳдония ва антропосентрӣ) шарҳ дода шудааст. Дар равияи аввалӣ Худо чун офарандаи бемориҳо ва шифодиҳандаи онҳо зикр ёфтааст. Дар равияи дуюм одам дар маркази диққат аст; ӯ бояд поквиҷдон бошад ва қоидаю дастурҳои Зардуштро иҷро намояд. Бино бар таълимоти зардӯштӣ, Аҳура Маздо (қувваи некӣ) ба воситаи фаришта Айрайман (Ирман) ба беморон дасти ёрӣ дароз мекунад. Сабабгори асосии бемориҳо Ахриман (нерӯи зиштӣ) аст. Дар қисми «Вандидод»-и Авесто гуфта шудааст, ки «Ахриман барои инсон 99999 беморӣ офарид» ва Аҳура Маздо гӯё аз осмон барои инсон 10000 рустании доруӣ фиристод, ки дар атрофи «дарахти ҳаёт» мерӯянд. Бунёдгузори тиб Атрат (Трита) дониста мешуд, ки бемориҳои гуногунро муолиҷа ва маргро аз тани инсон дур мекард. Дар қисмҳои «Ясно» ва «Вандидод»-и Авесто дар бораи табибе сухан рафтааст, ки барои муолиҷаи бемориҳо ва ибодат ҳамчун василаи хушбӯйӣ хаома (хаума)-ро истифода мебурдааст. Табибон бемориҳоро бо усулҳои гуногун табобат мекарданд, ки яке аз онҳо гиёҳдармонӣ буд. Дар Авесто номи беш аз 100 навъи рустании давоӣ, аз қабили канапс, бангҳа, барсам, воҳумана, воҳуманангҳа, виспубиш, гаукерена, воҳушауна, ғиона, ҳадапасапта, испанд, рангҳа, нимата, урвасӣ, шайита, фрасната, ҳаперсӣ ва ғайра зикр шудааст. Хосияти шифобахшии равғани шафтолу, бодом, писта, гул, асал ва қанд низ зикр гаштааст. Авесто дар бораи гиёҳдармонӣ маълумоти ҷолиб медиҳад. Табибони он давр давоҳоро бо роҳи ҷӯшонидану дар сирко, равған ё нӯшокии аз меваи хома (хаума) тайёркарда хобондан (парваридан)-и пӯстлоху реша, баргу поя, мева ва гулу тухми рустаниҳо тайёр мекарданд. Хаома дар байни рустаниҳои доруӣ маъмултарин буд. Онро ҳангоми бемориҳои гуногун ва заҳролудӣ, бо роҳи дар хона дуд кардан истифода мебурданд. Чунин мепиндоштанд, ки шираи хаомаи тару тоза бадани инсонро солим нигоҳ дошта, ба ӯ саломативу неру мебахшад, нӯшобаи рӯҳбахши он беморӣ ва маргро дур мекунад. То ҳол аз меваи хаома дар деҳаҳои водии Зарафшон, ҳамчунин деҳаи Понғози ноҳияи Ашт (дар ин ҷо загоза мегӯянд) ширинӣ тайёр ва чун даво истеъмол мекунанд.

Табибони мардумӣ барои аз ҷисми бемор дур кардани неруҳои ахриманӣ аз гил муҷассамаҳои рамзии беморро сохта, дар пеши назари ӯ онҳоро мешикастанд.

Баробари пайдоиши дини ислом дар тибби мардумӣ усулҳои табобати динӣ (масалан, чилёсин) ба вуҷуд омаданд. Табибони мардумӣ, маъмулан, аз як авлод буда, пешаи табибиро аз насл ба насл боқӣ мегузоштанд. Ба ақидаи табибони мардумӣ дигаргунии мизоҷ, истеъмоли таоми сард ё туршшуда, гуруснагӣ, пурхӯрӣ, тарс, сармо, гармӣ ва ғайра боиси беморӣ мегардад. Табибони мардумӣ беморонро бо парҳез, рагмолӣ, доғсӯзӣ, ҷарроҳӣ, гармию сардӣ, бо таъсири нури офтоб, рег ва санги гарм, маъданҳои гуногун ва ғайра табобат менамуданд. Онҳо дар муоинаи мариз ва муайян кардани бемории ӯ ҳамеша пайванди узвҳои баданро аз назар гузаронда, паҳлӯҳои муолиҷаро таҳқиқу дақиқ мекарданд. Яке аз чунин табибони мардумӣ Шоҳзода Муҳаммад (1869–1935) буд, ки ба гуфтаи доктори илмҳои тиб Ю. Нуралиев «Намунаи беш аз 100 рустании шифобахшро тартиб додааст, ки хусусияти табобатии зиёда аз 80 навъи онҳо ба қалами ӯ тааллуқ дорад». Натиҷаҳои таҳқиқоту табобати ӯ дар китоби «Тибби Шоҳзодамуҳаммад» ҷамъбаст шудаанд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон то Инқилоби Октябр тиб комилан дар ихтиёри табибони мардумӣ буд. Онҳоро ба се гурӯҳ – ҷарроҳ, қаҳҳол (табиби чашм) ва табиб (терапевт) ҷудо мекарданд. Табибони мардумӣ вазъи саломатии беморро аз рӯи таносуби чор унсури асосӣ — савдо, балғам, сафро ва хун ташхис намуда, воситаҳои давоиро ба гарму сард ҷудо мекарданд ва ҳангоми таъйини табобат ва парҳез ин хусусияти давоҳоро ба эътибор мегирифтанд. Дар тибби мардумии тоҷикон бисёр усулу воситаҳое низ ба кор бурда мешуданд, ки қисман ё куллан хусусияти рӯҳонӣ (ҷодуӣ ва афсунгарӣ) доштанд. Масалан, дар Дарвоз ҳангоми табобати бемории тосак (дифтерия) ду зоча – мард ва зан сохта, онҳоро бемор мепиндоштанд ва сурудхонону доиразанон онҳоро бурда ба дарёи Панҷ меандохтанд, сипас ба қафо нигоҳ накарда, сӯи деҳа медавиданд. Тӯмору бозубандҳои гуногун низ аз ҷумлаи чунин воситаҳои табобат мебошанд.

Яке аз усулҳои маъмули табобат дар пӯст гирифтан ё печондани бемор буд. Барои ин усули муолиҷа пӯсти навзабҳшудаи гӯсфанди сиёҳро истифода мебурданд, зеро гармии он зиёдтар аст. Ин усул дар мавриде истифода мешавад, ки сарчашмаи пайдоиши беморӣ сардӣ бошад. Агар сабаби беморӣ зиёдии гармӣ дар андомгон бошад, беморро ба пӯсти буз мепечонданд. Баъзан ба болои шиками кӯдаки шамолхӯрда пӯсти ба тозагӣ кандаи мурғ гузошта мешуд. Барои табобати газаки занон, ки сабаби безурётӣ мегардид, ба пӯсти навкандаи гӯсфанд ғализаи ҷигар ва талхаи майдакардаи онро мемолиданд. Сипас аз пӯст халта медухтанд. Зан урён ба халта даромада, дар ҷогаҳ хоб мекард ва болояшро гарм мепӯшонданд. Ӯ бояд дар ҳамин ҳолат як шабонарӯз хоб равад.

Тибби мардумӣ ҳарчанд то замони мо ба таври куллӣ нарасида бошад ҳам, дар амалияи тибби имрӯза баъзе доруҳо ва усулҳои муолиҷаи онро (пас аз санҷиши дақиқи илмӣ ва безарар буданашон барои андомгони одам) истифода мебаранд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 367–368.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.