Ҳифзи тандурустӣ
Дар замони Аморати Бухоро ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Ҳукумати подшоҳӣ барои хизматрасонии тиббии аҳолии Осиёи Марказӣ ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Оид ба чигунагии ташкили хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар Аморати Бухоро (то соли 1913 қисми марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ, яъне бахши дар ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор воқеъбудаи он то ноҳияҳои водии Рашту Помири Ғарбӣ ҳамагӣ дар он дохил буданд) маълумоти кофӣ дар даст нест. Охири асри 19, дар аморат нахустин муассисаҳои табобатӣ, масалан, дар навоҳии сарҳаддӣ амбулаторияҳои назди қисмҳои беҳдоштии гарнизонҳои ҳарбии рус бунёд шуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯзӣ фақат як табобатгоҳи амбулаторӣ барои занон ва бачагон дар Хуҷанд мавҷуд буд, ки сентябри 1886 ба фаъолият пардохт. Дар он то соли 1895 10926 зан ва 7714 кӯдак ба муолиҷаи амбулаторӣ фаро гирифта шуданд. Ба занони ҳомила асосан момодояҳо, ки хеле камшумор буданд, кумак мерасониданд. Масалан, соли 1913 дар вилояти Самарқанд ҳамагӣ 18 акушерзан ва момодоя фаъолият дошт (ба ҳар 56 ҳазор зан як момодоя рост меомад). Дар асоси Қарори Шӯрои генерал-губернаторияи Туркистон соли 1905 дар вилояти Сирдарё 18, Самарқанд – 10 ва Фарғона – 16 қитъаи тиббӣ ташкил карда шуд. Соли 1911 дар онҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ 125 табиб, 184 фелдшер, 74 акушерзан, 35 табиби дандон ва 62 дорусоз кор мекард. Ба ҳар табиб ба ҳисоби миёна 44 ҳазор, ба ҳар фелдшер – зиёда аз 27 ҳазор, ба ҳар акушерзан – 70 ҳазор, ба ҳар табиби дандон – 145 ҳазор, ба ҳар дорусоз – 80 ҳазор аҳолӣ рост меомад.
Барои ташкил кардани хизматрасонии тиббӣ соли 1924 Шуъбаи тандурустии Бухорои Шарқӣ таъсис дода шуд, ки аз тариқи Идораи қисми беҳдоштии корпуси тирандози рақами 13 ба аҳолӣ хизмат мерасонд.
Соли 1924 ба муносибати ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шуъбаи тандурустии Бухорои Шарқӣ ба Комиссариати халқии тандурустии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Нахустин муассисаи табобатӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон амбулаторияи ҷарроҳии чашм буд, ки феврали 1925 дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Амбулатория июни 1925 ба беморхонаи шаҳрӣ табдил дода шуд ва адади кати он аз 8 то ба 33 афзуд. Охири соли 1925 беморхонаи шаҳри Душанбе дорои 45 кат ва аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ (12 кат), чашмпизишкӣ (6 кат), бемориҳои дарунӣ ва зуҳравӣ (9 кат) ва момоиву амрози занона (6 кат) иборат буд. Соли 1928 он ба Беморхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд, ки 125 кат дошт ва аз шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ (30 кат), ҷарроҳӣ (30 кат) ва чашмпизишкӣ (5 кат) иборат буд. Соли 1929 дар назди он утоқи рентгенӣ, шуъбаҳои табиатдармонӣ ва эксперти тиббии судӣ ташкил карда шуданд.
Соли 1925 дар шаҳри Душанбе бори аввал нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ташкил шуд, ки аз соли 1926 то 1927 ба 6408 нафар кумак расонид.
Он солҳо ба масъалаи ҳифзи модару кӯдак диққати бештар дода мешуд ва соли 1926 аввалин амбулаторияи занона, соли 1927 нахустин машваратгоҳи тиббӣ барои кӯдакон ташкил шуд.
Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои дигар, бештар аз Россия ва Украина, кормандони тиб фиристода мешуданд. Табибони аввалин А. Н. Гостев, И. А. Петрухин, А. В. Спасская, М. А. Чернилова, С. И. Чумаков, А. М. Дяков (нахустин Комиссари халқии тандурустии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон) ва дигарон буданд. Ба туфайли рушди мунтазами хоҷагии халқ, болоравии фарҳанг ва некуаҳволии одамон, ҳифзи тандурустӣ, илми тиб ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар ҷумҳурӣ бисёр бемориҳои иҷтимоӣ ва сироятию ангалӣ нест шуда, шумораи бемориҳои дигар кам шуд.
Баъди таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳифзи тандурустӣ босуръат ривоҷ ёфт. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи муолиҷавию пешгирии бемориҳо (бо 990 кат) вуҷуд дошт. Солҳои 30 аввал дар Хуҷанд, баъд дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) техникумҳои тиббӣ ва соли 1939 дар Сталинобод Донишкадаи тиббӣ таъсис дода шуданд. Соли 1943 Донишкадаи тиббиро 125 кас, аз ҷумла 6 нафар тоҷик хатм намуданд. Соли 1940 дар Тоҷикистон 121 беморхонаи дорои 4490 кат, 245 муассисаи амбулаторию поликлиникӣ, 71 машваратгоҳи занона ва дармонгоҳи кӯдакон вуҷуд дошт; табиб 648 ва кормандони миёнаи тиббӣ – 2674 нафар буданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диққати ташкилотҳои ҳифзи тандурустии ҷумҳурӣ ба масъалаи пешгирии бемориҳои вогир, муолиҷа ва ҳар чӣ зудтар ба сафи артиш баргардонидани ҷанговарони маҷрӯҳу бемор, истеҳсолоти доруҳои зидди бемориҳои сироятӣ ва ғайра равона шуда буд. Дар ҷумҳурӣ чандин ҳоспитал ташкил карда шуд, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷанговар шифо ёфтанд. Муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ солҳои ҷанг ба хизмати тиббии коргарони саноати мудофиа диққати ҷиддӣ медоданд, дар кори табобату пешгирии бемориҳо, аз ҷумла муҳоҷирон, кӯшиш менамуданд. Бо вуҷуди ин, вазъи санитарияи ҷумҳурӣ тағйир ёфт. Теъдоди мубталоёни бемориҳои домана, вабо ва ҳасба афзуд, мубориза зидди бемориҳои сил, узвҳои таносулӣ, чашм ва ғайра басо заиф гашт.
Шароити замони ҷанг ба мавзӯи таҳқиқоти илмии соҳаи тиб низ таъсир расонд. Дар ин солҳо асосан ба омӯзиши масъалаҳои тибби ҳарбӣ, аз ҷумла омӯзиши ҷараён ва табобати захм, контузия (зарбзадагӣ) ва оқибатҳои он, инчунин ба ташкили кори дармонгоҳҳои кӯчидагон эътибори ҷиддӣ медоданд.
Баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ давраи пешрафту инкишофи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бахши тиб ва ҳифзи тандурустӣ фаро расид. Ташкили мақомоти идоракунандаи муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ, аз рӯи нақшаи маҳаллию минтақавӣ ва истеҳсолӣ, таъсис додани ёрии тиббӣ, муттаҳид кардани бахшҳои назорати санитарӣ ва пешгирӣ, таъсиси институти мутахассисони пешбар (сармутахассисон) ва тадбирҳои дигар ба минбаъд беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ бештар ба масъалаи пешрафти муассисаҳои тиббии кӯдакон ва таваллудхонаҳо, такомули тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва пурсамарии фаъолияти тиббию ташхисии онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Вусъати сохтмони шаҳру шаҳракҳои коргарнишин, маркази ноҳияҳо ва деҳот боиси беҳтар шудани хизматрасонии тиббию беҳдоштӣ ва ҳифзи сиҳҳати аҳолӣ гардид. Дар муборизаи зидди бемориҳои сироятӣ комёбиҳои назаррас ба даст омаданд; бемории вараҷа қариб тамоман аз байн рафт ва бемориҳои сироятии кӯдакон хеле кам шуданд.
Солҳои баъдиҷангӣ дар муборизаи зидди бемориҳои сил, узвҳои таносул, чашм ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Таъсис додани муассисаҳои таълимии тиббӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёд шудани мутахассисони таҳсилоти олию миёнаи махсуси тиббӣ мусоидат намуд.
Солҳои 70-80 асри 20 дар бахши тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ пажӯҳишҳои зиёди илмӣ анҷом дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ Институти гастроэнтерология, Институти ҳифзи модару кӯдак, Шуъбаи тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи ғизошиносии Қазоқистон таъсис ёфтанд. Соли 1984 дар 6 омӯзишгоҳи тиббии ҷумҳурӣ беш аз 2000 корманди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ, дар Донишкадаи давлатии тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино тақрибан 600 табиб тайёр карда шуд. Беморхонаҳои бисёр бунёд шуданд, ки на фақат ба сокинони шаҳрҳо, балки ба аҳолии тамоми гӯшаю канори кишвар ёрии тиббӣ мерасонданд. Соли 1984 дар Тоҷикистон 10818 табиб ва 28926 корманди миёнаи тиб кор мекард, 319 беморхона (дорои 42790 кат), 630 амбулаторияву дармонгоҳ вуҷуд дошт. То оғози солҳои 90 дар ҷумҳурӣ 17 диспансери зидди бемории сил, 4 диспансери омосшиносӣ (онкологӣ), 17 диспансери бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ, 9 диспансери рӯҳу асаб, 3 диспансери эндокринологӣ, 6 диспансери тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуданд. Шабакаи умури муҳофизати саломатии модар ва кӯдак 19 таваллудхона, 144 шуъбаи таваллуд (бо 6520 кат), беш аз 180 беморхонаю шуъбаҳои бемориҳои кӯдакона, 26 санаторияи махсуси бачагона, 125 ошхонаи маҳсулоти шириро дар бар мегирифт. Ба кӯдакон дар муассисаҳои амбулаторию поликлиникӣ (дар шаҳрҳо аз рӯи 18-21 ихтисос, дар деҳот аз рӯи 6-8 ихтисос) ёрии тиббӣ расонида мешуд. Ба коргарони корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва нақлиёт 11 қисми тиббию санитарӣ (дорои 795 кат), 33 бунгоҳи тиббӣ, 329 қитъаи фелдшерӣ ва 79 қитъаи коргоҳӣ хизмат мекард. Ба аҳолии ҷумҳурӣ 12 дармонгоҳи махсус ва ҳуҷраҳои стоматологӣ ёрӣ мерасонанд.
Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Дар кишвар дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ оғоз ёфтанд. Дар ин давра гузаштан аз иқтисодиёти нақшавӣ ва идорашаванда ба муносибатҳои бозоргонӣ хеле душвор буд, зеро харобиҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф кардан лозим меомад. Ноустувории сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, равандҳои демографӣ дар давраи гузариш ба соҳаи тандурустӣ низ таъсири манфӣ расонданд. Ҳолати бамиёномада инчунин паст гардидани вазъи иҷтимоӣ дар муқоиса ба дигар давлатҳо, зарурати ислоҳоти соҳаи тандурустиро ба миён овард, ки чаҳор марҳаларо дар бар мегирифт.
Марҳалаи аввал (солҳои 1993-97) ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Вазорати тандурустӣ бино бар нокифоя будани маблағгузории соҳа фаъолияти худро бештар ба кам кардани адади катҳо равона кард. Дар ин давра тавассути тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳифзи тандурустӣ аз дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор гардид. Кумакҳои фаврӣ бо дору, ваксина, воситаҳои банду баст дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ нақши муҳим бозиданд, вале бештари ин кумакҳо хусусияти фавқулода дошта, мурод аз онҳо рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Марҳалаи дуввуми ислоҳоти соҳаи ҳифзи тандурустӣ солҳои 1997-99-ро дар бар мегирифт. Дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар шароити нисбатан ором идома ёфтанд. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005», «Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997-2001» ва ғайра таҳия ва қабул шуданд. Ин зинаи ислоҳот барои бартараф намудани буҳрони соҳаи тандурустӣ, таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои марбута ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар чаҳорчӯби муайян имкон доданд. Дар ин давра дигаргунсозии маблағгузории соҳа, такмили сохтор ва шабакаи муассисаҳои тандурустӣ, сиёсати доруворӣ, хусусигардонии дорухонаҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз буданд.
Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро дар бар мегирифт. Соли 1999 лоиҳаҳои нахустини инвеститсионӣ бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ оғоз гардиданд. Аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳолати мавҷудаи муассисаҳои тиббӣ дар саросари кишвар анҷом дода шуд. Бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ таҳия гардид.
Вобаста ба шароити зарурӣ ҷалби маблағ аз ҳисоби институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ кумакрасон ба миён омад. Лоиҳаи намунавии «Ислоҳоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ», ки соли 1999 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қарзи дарозмуҳлати имтиёзноки Бонки умумиҷаҳонӣ дастрас шуд (маблағи умумӣ – 6,24 миллион доллари амрикоӣ) дар ду ноҳияи таҷрибавӣ – Варзоб ва Данғара амалӣ гардид. Он нахустин лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб мешуд. Дар доираи татбиқи лоиҳа барномаҳои таълимии омодасозии табибони оилавӣ, бозомӯзии ҳамшираҳои тибби оилавӣ, стандартҳои муолиҷаи беморӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ғайра таҳия ва амалӣ гаштанд. Лоиҳа инчунин дар татбиқи системаи нави идоракунии иттилооти тандурустӣ ва муҷаҳҳаз кардани соҳа бо компютерҳо, омода намудани табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аҳаммияти беназир дошт.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур чандин амбулаторияи тибби оилавӣ, Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ ва 26 маркази саломатии деҳот (дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара) сохта, бо таҷҳизоти тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва алоқаи радиоӣ таъмин карда шуданд.
Дар ин давраи рушди ҳифзи тандурустӣ «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи 2005 (таҳти №171) қабул карда шуд. Дар доираи татбиқи стратегияи мазкур ба таври таҷрибавӣ маблағгузории сарикасӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара, ки аввалин ноҳияҳои таҷрибавии ислоҳот буданд, ҷорӣ карда шуд. Инчунин, Барномаи кафолати давлатии таъмини кумаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои номбурда ва тартиби хизматрасонии тиббии пулакӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба аҳолии ин навоҳӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни 2004 (таҳти №279) тасдиқ гардиданд.
Бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ соли 2003 лоиҳаи Тоҷикистону Швейсария оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ амалӣ карда шуд. Қисмати асосии лоиҳа ба аҳолӣ дастрас намудани хизматрасонии босифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, назорати бемории сил ва истифодаи табобати кӯтоҳмуддати он (ДОТС), беҳтар намудани системаи банақшагирӣ, идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии умури тиббиро дар назар дошт.
Дар пешбурд ва татбиқи дигаргунсозиҳои ҳифзи тандурустӣ Лоиҳаи таҷдиди бахши иҷтимоӣ (№1705, Бонки рушди Осиё), ки солҳои 1999–2004 амалӣ гардид, саҳми назаррас гузошт. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар 190 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ, 16 беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 4 маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд корҳои сохтмону барқарорсозӣ ба анҷом расида, муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуданд.
Аз соли 2004 аз ҳисоби қарзи Бонки Рушди Осиё (ба маблағи 9,375 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дар ноҳияҳои таҷрибавии Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Рошткалъа, Кӯлоб ва Рашт корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Вазифаҳои асосии лоиҳа созмон додани потенсиали банақшагирӣ ва идоракунӣ, ташкил намудани маркази хариди дору, таҳияи механизми назорат аз болои сифати доруҳо, таъмини аҳолии камбизоат бо хадамоти тиббӣ ва ғайра буданд.
Дар марҳалаи сеюми ислоҳоти тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидан ба дигаргунсозиҳои соҳа кӯшиш ба харҷ дод. Дар татбиқи ислоҳоти соҳа ҳамчунин Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ (Бонки рушди Осиё), Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳа оид ба ислоҳоти кумаки аввалини тиббию санитарӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ), Лоиҳаи Тоҷикистону Швейцария оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Лоиҳаи «Сино»), Лоиҳаи «Здрав Плюс», Хазинаи Оғохон, Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Лоиҳаи ХОУП, Фонди миллии иҷтимоии инвеститсионии Тоҷикистон (НСИФТ), «Каре интернешнл» ва дигарон саҳм гузоштанд.
Дар ин марҳала инчунин ба таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода шуд, чунончи, қонун ва қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ барои солҳои 2002–2010», Нақшаи стратегӣ «Оид ба солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014» ва ғайра Бори аввал соли 2003 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии тандурустӣ таъсис ёфт.
Марҳалаи чаҳоруми ислоҳоти ҳифзи тандурустӣ аз соли 2006 оғоз шуд. Вазифаи асосии он дигаргун намудани сохти идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ, рушди тибби оилавӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва ғайра буд. Бо мақсади беҳтар кардани вазъи саломатии аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо санади меъёрию ҳуқуқӣ таҳия намуд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006–2010», «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010–2011», «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», «Нақшаи стратегияи таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020» ва ғайра Бо мақсади таҳкими системаи идораи тандурустӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 665 аз 2 декабри 2009) дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо шуъба ва бахшҳои тандурустӣ таъсис дода шуданд.
Дар давраи истиқлол бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва инвеститсионӣ зиёда аз 1258 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гаштаанд.
Самти дигари афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Соли 2012 дар соҳаи тандурустии кишвар намояндагии 16 институти байналмилалии молиявӣ ва 24 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият дошт, ки дар маҷмӯъ 31 лоиҳаи инвеститсиониро амалӣ намуданд.
Баҳри тарбияи босифати кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар давраи сипаригашта дар Тоҷикистон чандин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд: «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар солҳои 2006–2015», «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010–2020» ва ғайра
Дастовардҳои олимони тоҷик дар даврони истиқлол назаррас буда, ба баланд бардоштани савияи ташхиси дақиқ бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ ва роҳҳои нави табобат равона шудаанд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, ҳепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикии ДНК ва РНК дастрас гашта, ташхиси радиологии изотопии (сцинтиграфии) узвҳои дохилӣ ба роҳ монда шуд. Амалиёти пайванди узвҳо (трансплантология) ва тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба роҳ мондани табобати бемории дилу рагҳо, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рӯй, муолиҷаи саратони сурхрӯда мавриди истифода қарор гирифт. Дар соҳаи акушерӣ, гинекология ва перинатология амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ ба роҳ монда шуд.
Дар ин давра усулҳои нави маблағгузории соҳаи тандурустӣ, маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, пардохти маблағ барои ҳар як ҳолати табобат дар хадамоти бистарикунонӣ, барномаи кафолати давлатии таъмини кумаки тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибӣ, барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, муқаррар намудани нархи хидматрасонии тиббӣ аз тарафи муассисаҳои хусусӣ ва хидматрасониҳои тиббии бомузд татбиқ гашт. Ҳамчунин ворид намудани суғуртаи тиббӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» дар назар аст.
«Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», ки вазифаҳои рушди соҳаро дар даҳ соли оянда муайян намуд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи 2010 (№368) тасдиқ шудааст. Мақсади асосии он таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист ба шумор мерафт.
Тоҷикистон баъди дарёфти истиқлол бо мушкилоти ҷиддии марбут ба таъмини дору ва молҳои тиббӣ рӯ ба рӯ гардид. Ба сабаби завол ёфтани системаи давлатии мутамаркизи таҳвили доруворӣ ва коҳиши маблағгузорӣ барои хариди он арзиши доруворӣ якбора афзуд. Вуҷуд надоштани саноати маҳаллии дорусозӣ ба ин раванд сабаб шуд. Дар бозори фармасевтии кишвар шумораи доруҳои бесифат ва барои кормандони тиб ва дорусозон ношинос афзуд. Баҳри аз байн бурдани ин мушкилот ва беҳтар намудани вазъи таъминоти кишвар бо дору Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешид, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул кард. Дар баробари дорухонаҳои давлатӣ дорухонаҳои хусусӣ низ пайдо шуданд.
Тӯли солҳои ахир бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва муҷаҳҳаз кардани муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ чорабиниҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Қариб 43% муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ таъмир ва 46 нақлиёти санитарӣ харидорӣ гардид. Бо мақсади саривақт ва самаранок татбиқ гардидани маҷмӯи тадбирҳои соҳавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи амалигардонии «Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»» қабул ва амалӣ шудааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 15 маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ ва 11 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд. Бо мақсади босуботии раванди вориднамоии тибби оилавӣ табибон ва ҳамшираҳо омӯзонида шуда, бо борҳалтаҳои тиббӣ таъмин карда мешаванд.
Маблағе, ки барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии соҳаи тандурустӣ ҷудо гардидааст, дар даҳ соли ахир 9 баробар афзудааст. Масалан, агар соли 1998 барои шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар 15,9% аз маблағи умумии соҳаи тандурустӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2018 ин рақам ба 40% расонида шуд.
Ҳифзи саломатии модарону кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти тандурустии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои муҳим давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар кишвар нишондиҳандаи фавти кӯдакон ва модарон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Масалан, соли 1991 нишондоди фавти кӯдакони синни то яксола баробар ба 40,9 % буд, он соли 2019 ба 14,9% (нисбат ба 1000 тифли зинда таваллудшуда) расид. Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар кишвар муассисаҳои нави дорои таҷҳизоти замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар сиёсати ҳирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон мақоми хосса дорад. 28 октябри 2016 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020»-ро қабул кард. Мақсади асосии он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд буд.
Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафақахӯр, аз ҷумла 150 ҳазор маъюб, ки беш аз 27 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд, сабт шудаанд. Қариб 15% хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоат аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд. Дар муассисаҳои будубоши муваққатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 43 адад марказу шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дорад.
Соли 2019 дар дунё бемории COVID-19 хурӯҷ кард. То 13 феврали 2021 дар олам зиёда аз 108 миллион одам ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Аз ин миқдор 79 миллион нафар шифо ёфта, 2,3 миллион нафар фавтид. Дар Тоҷикистон барои табобати ин бемории дунёгир беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибу корманди тиббӣ омода гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. 19 марти 2021 дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз байн рафтани бемории COVID-19 дар мамлакат иттилоъ дод. Ба ин беморӣ дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар гирифтор шуда, аз он 13 218 нафар шифо ёфт, 90 нафар фавтид (2020). Аз моҳи майи 2021 дар ҷумҳурӣ мавҷи дуюми бемории COVID-19 хурӯҷ кард. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи июл дар ҷумҳурӣ 14592 бемор сабт шудааст. Аз ин шумора 14096 нафар шифо ёфта, 117 нафар фавтиданд. Инчунин 524 472 нафар шаҳрванд ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуд (июли 2021).
С. Ҷ. Юсуфӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 362–365.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




