Иншооти муҳимтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон дар замони Истиқлол тадриҷан ба пешрафтҳои назарраси иқтисодӣ ноил шуда, самарабахшии иқтисоди бозориро дар фаъолияти табақаҳои гуногуни ҷомеа собит сохт. Бо мақсади таъмини истиқлоли иқтисодӣ, пеш аз ҳама, истиқлоли энергетикӣ ва раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати ҳаллу фасли чандин тадбири муҳим, аз ҷумла, эҳёи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ, сохтмони пулҳо ва нақбҳои автомобилгард корҳои бузург анҷом дода шуданд.
Дар ин муддат бунёду барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар - неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Маркази дуввуми барқу гармидиҳии Душанбе, агрегати якум ва дуввуми неругоҳи барқи обии Роғун, хатти интиқоли барқи Тоҷикистон - Афғонистон 220 киловатт, сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Қулма - Қароқурум, Душанбе - Саритош, нақбҳои мошингузари «Истиқлол», «Озодӣ», «Шаҳристон», «Хатлон», роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Кохи Сомон, бузургтарин масҷиди ҷомеъ барои 150 000 нафар, Қасри теннис барои 3000 ҷой ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷои нишаст, бо назардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Амонатбонк», Нишону Парчами давлатӣ, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳри Душанбе, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ, биноҳои иқоматии баландошёна бо тарҳи меъмории миллӣ ва аврупоӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии замонавӣ, муассисаҳои тандурустӣ, аз қабили Маҷмааи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим амалӣ гардиданд, ки дар пешравӣ, тараққӣ ва худшиносии миллии мардуми кишвар аҳаммияти бузурги таърихӣ доранд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 358.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




