Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Савдо

Савдо дар ҳамаи давру замон оинаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа буда, таносуби муҳими иқтисодиёти миллӣ (тақсимоти даромади миллӣ, афзоиши даромади пулии аҳолӣ ва истеҳсолоти молҳои истеъмолии халқ)-ро инъикос карда, истеҳсолкунандагонро бо истеъмолкунанда мепайвандад.

Баъди ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклу усулҳои ташкили савдо ва сохтори идоракунии он ба таври назаррас тағйир ёфтанд. Гузариши тадриҷӣ ба фурӯши мол бо нархҳои озод, озодии савдои дохилию хориҷӣ ва хусусигардонии объектҳои асосии савдо амалӣ карда шуданд. Солҳои 1990–1998 заминаи зарурии қонунгузорӣ, меъёрӣ ва амалӣ барои ташкили савдо дар шароити бозори озод ва рақобати солим фароҳам оварда шуд.

Субъектҳои асосии савдо тамоми корхонаву ташкилот, вазорату идораҳо, новобаста аз шакли моликият, идоракунӣ ва тобеияти онҳо ба ҳисоб мераванд. Ин субъектҳо иштирокчиёни муносибатҳои тиҷоратӣ буда, дар маҷмӯъ савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми корхонаҳои савдои шаклҳои гуногуни моликият (савдои яклухт ва чакана, таъминоти моддию техникӣ ва хӯрок)-ро тавсиф мекунанд. Шаклҳои асосии савдо: давлатӣ, кооперативӣ ва тиҷоратӣ. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савдо дар маҷмӯъ ба дохилӣ ва хориҷӣ ҷудо шуда, вобаста ба сохти сохторӣ-ташкилӣ ва шакли фурӯши мол, ба яклухт (аз ҷумла, биржавӣ, ярмаркавӣ, музоядавӣ ва ғайра) ва чакана фарқ карда мешавад.

Савдои Тоҷикистон дар солҳои 1990–2019

СолСавдо, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ)Ба ҳар сари аҳолӣ, доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ)Савдо, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои доимии соли 1990)Рушди савдо, %Ҳиссаи савдо дар иқтисодиёт, %Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҷаҳон, %Дар Осиё, %Дар Осиёи Марказӣ, %
19900.1425.90.14–4.60.00430.0183.5
19910.1222.10.13-7.34.30.00350.0133.2
19920.06311.50.090-29.32.50.00170.00621.7
19930.06311.30.073-18.73.50.00170.00551.5
19940.1527.00.057-22.211.90.00370.0123.2
19950.0569.80.050-12.24.30.00130.00391.1
19960.09215.80.042-16.29.40.00200.00681.6
19970.1118.90.0433.013.50.00250.00861.9
19980.1728.80.0453.514.20.00380.0153.1
19990.1320.70.0462.812.70.00270.00962.7
20000.09315.00.05213.511.80.00190.00682.1
20010.1218.30.050-3.711.80.00240.00902.6
20020.1422.20.0559.512.90.00290.0112.8
20030.1827.20.06619.912.80.00320.0123.0
20040.3451.50.08224.418.40.00560.0214.2
20050.3856.40.0898.918.50.00580.0223.8
20060.4869.80.1016.919.00.00680.0273.6
20070.6187.10.1211.518.60.00780.0303.4
20081.0144.50.1314.222.80.0120.0454.6
20091.0142.20.145.723.40.0130.0445.1
20101.1151.80.159.622.60.0130.0414.2
20110.86111.20.167.214.80.00870.0262.5
20121.1134.80.1914.515.70.0100.0312.6
20131.2151.60.2530.416.20.0120.0352.6
20141.3157.50.266.216.10.0120.0362.7
20151.2138.00.273.516.70.0110.0332.7
20161.1123.50.296.617.10.0100.0293.1
20170.94106.10.28-3.913.90.00850.0242.5
20180.99108.70.27-2.014.10.00850.0242.5
20191.1121.70.270.1315.00.00960.0262.8

Соли 1990 савдои Тоҷикистон 0,14 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба ҳар сари аҳолӣ 25,9 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳиссаи тиҷорати Тоҷикистон дар ҷаҳон 0,0043% ва соли 2019 1,1 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳиссаи тиҷорати Тоҷикистон дар ҷаҳон 0,0096%-ро ташкил намуд.

Дар солҳои 1990–2019 савдои Тоҷикистон бо нархҳои ҷорӣ 1,00 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (8,3 баробар) афзуда, ба 1,1 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид. Афзоиши миёнаи солонаи савдо дар Тоҷикистон 0,034 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 7,6% ва бо нархҳои муқаррарӣ 2,4%-ро ташкил намуд. Ҳиссаи савдо дар ҷаҳон 0,0053% ва дар Осиё 0,0086% зиёд шуд. Соли 1995 ҳадди ақалли савдо 0,056 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соли 2014 1,3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод. Афзоиши миёнаи солонаи савдо ба ҳар сари аҳолӣ бо нархҳои ҷорӣ дар сатҳи 3,3 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 5,5% буд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзуда, воридоти маҳсулотро аз дигар кишварҳои дунё коҳиш ва содиротро афзоиш дод. Соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4223 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла содирот 1073 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва воридот 3150 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил кард. Соли 2019 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 4523,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2020 4129,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар шуд. Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 2357,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар гардид, ки ин нишондиҳанда 51,7%-и гардиши савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил дод.

Гардиши савдои хориҷӣ (миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)

Нишондиҳанда20172018201911 моҳи 2020
Ҳамагӣ397242234523,74129,4
Содирот119810731174,41322,5
Воридот277431503349,32806,9

Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Россия (21,4%), Қазоқистон (20%), Швейсария (15,3%), Чин (10,4%), Ӯзбекистон (7,3%), Туркия (7,1%), Олмон (2%), Афғонистон (1,6%), Эрон (1,3%), Ҷопон (1,1%), Корея (1,2%), Итолиё (0,8%); аз рӯи амалиётҳои содиротӣ - Швейсария (49%), Туркия (14,4%), Қазоқистон (10,8%), Ӯзбекистон (5,9%), Афғонистон (5%), Россия (2,9%), Чин (2,4%), Белгия (2,3%), Итолиё (1,1%), Покистон (1%), Гурҷистон (0,9%), Қирғизистону Латвия (0,7%-ӣ); дар сохтори ҷуғрофии воридот шарикони асосӣ Россия (29,6%), Қазоқистон (24%), Чин (13,9%), Ӯзбекистон (7,9%), Туркия (3,8%), Олмон (2,9%), Корея (1,7%), Ҷопон ва Эрон (1,5%-ӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1,2%), Ҳиндустон (1,3%), Қирғизистон (0,9%), Австрия ва Украина (0,8%-ӣ), Итолиё (0,7%) ва ғайра.

Гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо (бо нархҳои соли 2019, миллион сомонӣ)

Нишондиҳанда2013201420152016201720182019
Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо15019,416025,716923,117938,519068,620479,724848,3
Бахши давлатӣ137,5138,469,295,068,9133,6264,8
Бахши ғайридавлатӣ14881,915887,316853,917843,518997,320346,124683,5
Аз ҷумла: савдои тиҷоратӣ2120,43426,63837,74110,25084,36691,08448,8
Савдои кооперативии «Тоҷикматлубот»145,6138,282,213,62,61,40,5
Бозори номуташаккил12615,912322,512934,013719,713910,413653,716234,2

Ҳиссаи содирот дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ аз 26%-и соли 2019 то 30,9% афзоиш ва ҳиссаи воридот аз 74%-и соли 2015 то 69,1% дар соли 2020 коҳиш ёфт. Соли 2020 содироти мол 1406,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2019 19,8% ё 232,5 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёд мебошад.

Вазни хосси содиротии кишвар асосан аз ҳисоби фурӯши филиззоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо 49,0%, нахи пахта 12,4%, маъдани консентратҳо 11,2%, алюминийи аввалия 10,0%, семент 4,3 %, қувваи барқ 4,0%, дигар филиззоти нимгаронбаҳо (сурма) 2,3 %, меваю сабзавот 1,3%, либос 1,2% ва ғайра мебошад.

Соли 2020 содироти сангҳои ороишӣ ва филиззоти гаронбаҳою нимгаронбаҳо 689,7 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли 2019 464 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 3,1 баробар зиёд мебошад.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ (24,5%), маҳсулоти нафтӣ (10,5%), филиззоти сиёҳ (7,7%), таҷҳизоти технологӣ (6,9%), воситаҳои нақлиёти заминӣ (6,9%), гази моеъ (6,2%), мошину таҷҳизоти барқӣ (3,9%), чӯбу тахта ва маҳсулот аз он (3,8%), маҳсулоти полимерӣ, пластмассӣ (3,1%), гилхок (2,8%), маҳсулот аз филиззоти сиёҳ (2,3%), таҷҳизот ва дастгоҳҳои оптикӣ (2,1%), нуриҳои минералӣ (1,4%) ва ғайра ташкил медиҳанд.

Гардиши моли чакана дар бозори истеъмолӣ дар бахши ғайридавлатӣ 98,5% ва давлатӣ 1,5%-ро ташкил дод.

Ҳоло ҳиссаи бештари молҳои истеъмолӣ дар бозори ҷумҳурӣ маҳсулоти воридотӣ ташкил дода, афзоиши нархҳои воридотии молу маҳсулот сабаби болоравии нархи маҳсулот дар бозори дохилӣ гардидааст. То имрӯз ҷумҳурӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ имконияти таъмин кардани талаботи бозори дохилиро надорад.

Соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 9,0 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2019 2,4% зиёд мебошад. Солҳои 2019–2020 ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 2,6 миллиард сомонӣ ё 102,4% ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 6,4 миллиард сомонӣ ё 102,4% мусоидат кард.

Январ – июни 2021 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 18869,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 17,2% афзуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди савдои дохилӣ ва хориҷӣ имконоти воқеӣ дошта, дар асоси шарикии баробарҳуқуқ ва рақобати озод бозори истеъмолиро васеъ намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва болоравии некуаҳволии мардум саҳми назаррас дорад.

Сохтори гардиши моли чакана аз рӯи гурӯҳҳои молҳо (миллион сомонӣ)

Нишондиҳанда2013201420152016201720182019
Навъҳои мавод11311,712823,914377,716166,718435,220479,724948,3
Маводди озуқа5180,86168,37045,17921,79144,19891,712099,9
Маводди ғайриозуқа6130,96655,67332,68245,09291,110588,012848,4

Гардиши моли чакана дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (бо нархҳои соли 2019, миллион сомонӣ)

Минтақа2013201420152016201720182019
Ҷумҳурии Тоҷикистон16336,217430,718406,819511,220740,522275,224948,3
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон101,3108,1114,2121,0128,6138,1154,7
Суғд5922,66318,46673,37073,77519,38075,79044,8
Хатлон4145,84423,64671,34951,65263,05653,06331,4
Душанбе3664,93910,54129,54377,24653,04997,35597,0
ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ2501,62168,22888,72987,83176,13411,13820,4

Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 353–356.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.