Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Сохтмон

Сохтмон соҳаи фаъол ва рушдёбандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ба кор андохтани иншооти нав, инчунин таҷдид, тавсеа, навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии такрории техникӣ ва таъмири иншооти амалкунандаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

Соҳаи мазкур аз солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва рафъи нобаробарии воқеии иқтисодӣ нақши муҳим дошта, тақрибан 10%-и ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Ҳиссаи арзиши ниҳоии мол ва хизматрасонӣ аз рӯи намуди фаъолияти сохтмон дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 12% (6569,7 миллион сомонӣ) ва дар соли 2017 тақрибан 9,3% (5705,5 миллион сомонӣ)-ро ташкил намуд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бино бар нооромиҳо суръати сохтмон паст шуд. Аксар иншоот, майдонҳои азими сохтмонӣ, биноҳои иқоматӣ нотамом монданд. Новобаста ба шароити вазнини иқтисодӣ сохтмони баъзе иншоот, аз ҷумла корхонаи қолинбофии Қайроққум (1993), корхонаи нонпазӣ дар Хуҷанд, базаи истеҳсолии «Тоҷикмонолитстрой» дар Душанбе (1994), корхонаи кабелсозӣ дар Қайроққум, пойгоҳи автоматии телефонӣ дар Панҷакент, корхонаи нонпазӣ дар Душанбе (1995), заводи пахта ва корхонаи истеҳсоли намаки «Экстра» дар Ёвон (1996); бинои Суди конститутсионӣ ва Кумитаи гумрук дар Душанбе (1997) ба охир расонида шуд.

Баробари нисбатан ором шудани вазъи сиёсӣ баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёди нақбҳо ба роҳ монда шуд. Тӯли солҳои Истиқлол дар сохтмон, азнавсозӣ, таҷдиду барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва оҳан корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳоло ҳам идома доранд. Бунёди шоҳроҳи «Абрешим», нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шаршар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Қулма – Қароқурум, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб омили пешрафти кишвар гардиданд.

Сохтмони Тоҷикистон дар солҳои 1990–2019

СолСохтмон, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ)Ба ҳар сари аҳолӣ, доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои ҷорӣ)Сохтмон, миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (нархҳои доимии соли 1990)Рушди сохтмон, %Ҳиссаи сохтмон дар иқтисодиёт, %Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҷаҳон, %Дар Осиё, %Дар Осиёи Марказӣ, %
19900.2037.00.20–6.60.0140.0473.6
19910.1730.80.065-66.96.00.0120.0363.8
19920.1222.1-0.065-200.84.90.00830.0253.2
19930.09617.10.068-204.15.30.00630.0172.6
19940.08915.70.1281.26.90.00550.0152.8
19950.0244.20.11-13.41.80.00140.00371.0
19960.0172.80.099-7.31.70.00100.00260.72
19970.0162.70.098-0.961.90.00100.00270.68
19980.0325.30.1001.62.60.00190.00611.2
19990.0376.00.118.03.70.00210.00661.5
20000.0182.90.051-52.32.30.00100.00320.86
20010.0294.60.09176.63.00.00170.00571.4
20020.0253.90.073-19.12.30.00140.00490.90
20030.0456.80.1258.63.20.00220.00791.4
20040.08813.30.123.44.80.00380.0142.2
20050.1015.50.1416.45.10.00420.0151.7
20060.1724.90.157.26.80.00620.0231.7
20070.3042.60.1710.49.10.00940.0352.4
20080.5374.10.2021.211.70.0150.0533.5
20090.5168.80.17-15.511.30.0160.0473.6
20100.5876.70.199.511.40.0170.0473.4
20110.5267.30.16-15.88.90.0130.0362.7
20120.6481.00.12-24.49.40.0160.0413.1
20130.88109.40.1529.111.70.0210.0543.8
20140.94114.30.1924.911.70.0220.0544.1
20150.87103.30.2321.212.50.0220.0514.3
20160.8496.80.2821.813.40.0200.0474.8
20170.90101.20.3317.413.20.0200.0465.2
20181.0113.00.21-36.714.70.0210.0495.7
20190.95101.50.20-3.312.50.0190.0444.8

Сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», чандин неругоҳи хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Дар вилояти Суғд хатти 500 киловатт Ҷануб – Шимол ба кор даромада, дар пойгоҳи асосии он трансформатори дуввум насб гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – неругоҳи барқи обии Роғун оғоз гардид, ки баъди ба кор даромадани он Тоҷикистон бо барқ таъмин шуда, ба дигар давлатҳои минтақа барқ содир мекунад. Сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун соли 2008 аз нав оғоз ёфт. Аввалин чарха (агрегат)-и неругоҳ соли 2018 ба истифода дода шуд. Неругоҳ дар маҷмӯъ аз 6 чарха иборат буда, иқтидори ҳар яки онҳо 600 мегаваттро ташкил мекунад. Баробари ба истифода супоридани ду чархаи неругоҳ таъмини ҷумҳурӣ бо барқ беҳтар шуда, ин омил ба рушди соҳаи шаҳрсозӣ, фаъолияти ташкилоту ширкатҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва корхонаҳои истеҳсоли маводду масолеҳи сохтмонӣ мусоидат кард.

Солҳои 1990–2019 сохтмон ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 64,5 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2,7 баробар) афзуда, ба 101,5 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расид. Афзоиши миёнаи солонаи сохтмон ба ҳар сари аҳолӣ 2,2 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё 3,5%-ро ташкил намуд.

Соли 2019 сохтмони Тоҷикистон ба 0,95 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба ҳар сари аҳолӣ 101,5 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост омад. Ҳиссаи сохтмони Тоҷикистон дар ҷаҳон 0,019%-ро ташкил дод.

Дар даврони Истиқлол ба бунёд, азнавсозӣ ва таҷдиди иншооти варзишӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷои нишаст дар шаҳри Ваҳдат (2017), варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷои нишаст дар маркази шаҳри Ҳисор (2015), калонтарин маҷмааи варзишӣ – Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахт (2020) сохта ба истифода дода шуда, алҳол сохтмони калонтарин варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷои нишаст дар шаҳри Душанбе идома дорад. Инчунин, барои солимгардонӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар назди биноҳои иқоматӣ майдончаҳои варзиш сохта ба истифода дода шуданд. Солҳои 2017–2020 дар шаҳри Душанбе 250 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон бо маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Соли 2019 дар ҷумҳурӣ барои 21706 талаба, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои 844, вилоятҳои Суғд – 1502, Хатлон – 10528, шаҳри Душанбе – 8192 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 640 талаба мактабҳои маълумоти умумӣ ба истифода дода шуданд.

Ба истифода додани мактабҳои маълумоти умумӣ (ҷои нишаст)

СолҲамагӣВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонВилояти ХатлонВилояти СуғдШаҳри ДушанбеНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
201317329776798530149604594
201415080–7414382619941846
201510941–75299607401712
20161225838494141500960–
201720651106210583379018403376
20189655–340420313740480
2019217068441052815028192640
Январ–июни 2021875019265542401200564

Соли 2019 беморхонаҳо бо 469 кат, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 244 кат, Суғд 25 кат ва шаҳри Душанбе 200 кат мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ба истифода додани беморхонаҳо (кат)

СолҲамагӣВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонВилояти ХатлонВилояти СуғдШаҳри ДушанбеНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
201352147182272–20
201421747135––35
2015115–115–––
2016745–5045650–
2017251–671415020
2018107–2483–20
2019469–24425200–

Соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1456,1 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Манзилҳои иқоматӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ (63,1%) сохта мешаванд. Дар вилоятҳои Суғд 515,8 ҳазор метри мураббаъ, Хатлон 251,5 ҳазор метри мураббаъ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 109,9 ҳазор метри мураббаъ, шаҳри Душанбе 401,0 ҳазор метри мураббаъ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 177,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд, азнавсозӣ, барқарорсозии иншооти таъйиноти гуногун босуръат ҷараён дорад. Тӯли солҳои Истиқлол дар шаҳри Душанбе иншооти бузург, аз ҷумла Қасри миллат (2008), Китобхонаи миллии Тоҷикистон (2012), Осорхонаи миллии Тоҷикистон (2013), Кохи Наврӯз (2015) бунёд, инчунин биноҳои иқоматии баландошёна (9, 10, 11, 12, 14, 16 ва 26-ошёна) дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Турсунзода ва Ҳисор бо истифодаи ҷузъҳои анъанавии меъмории шарқӣ ва ғарбӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Сохтмони манзил ва иншооти иҷтимоӣ-маданӣ (ҳазор метри мураббаъ масоҳати умумӣ)

2013201420152016201720182019
Ҳамагӣ1056,11123,31263,21185,31162,41159,61456,1
Аз ҷумла, аз ҳисоби: Сармоягузории давлатӣ31,39,331,626,58,515,2–
Сармояи аҳолӣ854,1954,6960,8847,0859,1819,1919,4
Ташкилотҳои дигар170,7159,4240,8311,8258,8325,3536,7
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон30,933,350,259,843,717,4109,9
Вилояти Хатлон346,0361,9393,1291,5270,7204,3251,5
Вилояти Суғд292,2370,5418,1423,0464,4509,4515,8
Шаҳри Душанбе204,7150,2174,9293,5195,2217,9401,0
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ182,3207,4226,9117,5188,4210,6177,9

Сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт, асфалт, рег, қуму шағал, аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли хишти «Корвони аср» дар шаҳри Ҳисор (бо иқтидори 320 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз), корхонаи семент дар ноҳияи Ёвон (бо иқтидори 1 миллион тонна семент дар як сол), корхонаи истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (бо иқтидори 60 тонна асфалти гарм дар як соат) ва дигар корхонаҳо омили асосии рушду нумӯи заминаи соҳаи сохтмонӣ, меъмориву шаҳрсозӣ ва иқтисодиёти кишвар мебошад.

Дар ҷумҳурӣ 951 ташкилоти сохтмонии пудратӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 34 ташкилот (3,6%), дар вилояти Хатлон – 187 ташкилот (19,7%), дар вилояти Суғд – 221 ташкилот (23,2%), дар шаҳри Душанбе – 321 ташкилот (33,8%), Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 188 ташкилот (19,8%) мавҷуд аст. Соли 2018 ташкилотҳои пудратии ҷумҳурӣ ба маблағи 7763278 сомонӣ корҳои сохтмониро иҷро намуданд.

Бунёдкорӣ, созандагӣ ва ободоние, ки дар ҷумҳурӣ дар замони Истиқлол дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ анҷом дода мешавад, ба пешрафт, рушди босуботи иқтисодиёт ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ, маънавиёт ва эҳёи фарҳанги меъморӣ, сохтмонӣ ва шаҳрсозии кишвар мусоидат менамоянд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 350–352.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.