Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки муносибатҳои Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ танзим намуда, ба фаъолияти ниҳодҳои хадамоти дипломатӣ ва консулгарӣ роҳбарӣ мекунад. Ниҳоди корҳои хориҷии Тоҷикистони Шӯравӣ дар асоси Қонун «Дар бораи ташкил додани Комиссариати халқии корҳои хориҷии иттифоқӣ-ҷумҳуриявӣ» (12.5.1944) таъсис дода шуда, ҳамагӣ 11 нафар корманд дошт. Дар тӯли 65 сол номи ниҳоди сиёсати хориҷии Тоҷикистон 5 бор тағйир ёфт: Комиссариати халқии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (12.5.1944– 6.1946), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (6.1946–31.8.1991), Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31.8.1991–10.1.1992), Вазорати робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10.1.1992–20. 7.1992). Аз 20.7.1992 – Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То солҳои 1946–89 роҳбарии ниҳоди мазкурро ҳамзамон раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ва муовинони раисони Совети вазирони ҷумҳурӣ ба уҳда доштанд. Вазифаву салоҳиятҳо ва сохтори идораи он ҳамчун зерсохтори Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ маҳдуд буданд. Дар тӯли солҳои истиқлол сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд. Ҳоло (2014) Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарият (вазир, муовини аввал ва чор муовин); гурӯҳи сафирон оид ба супоришҳои махсус; Сарраёсати консулӣ; Раёсати кадрҳо, Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико; Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором; Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо; Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; Раёсати созмонҳои байналмилалӣ; Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ; Раёсати иттилоот ва матбуот; Раёсати ташрифоти давлатӣ; Раёсати таҳқиқоти стратегӣ; Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ; Раёсати молиявӣ; Раёсати корҳо; Шуъба оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ; Шуъбаи Созмони ҳамкории Шанҳай, Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, Шуъбаи Комиссияи миллии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, Шуъбаи тарҷума, Шуъбаи сохтмон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикдипсервис»-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, барои баланд гардидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд; стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад; роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбори вобаста ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил менамояд, бо тартиби муқарраргардида хизматрасониҳои консулӣ, ахборӣ-машваратӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро анҷом медиҳад; дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таъмин менамояд; ҳуҷҷатҳои шиносномавӣ – раводидиро ба расмият медарорад, имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад.

Дастоварди нодиртарини миллат дар даврони истиқлол ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Дар марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон фақат дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Намояндагии ваколатдори кишварро таъсис дода буд, ки 18 декабри 1993 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия табдил дода шуд. 18 январи 1994 нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбари давлати хориҷӣ эътимоднома супурд. Дар ҳоли ҳозир (2014) дар кишварҳои хориҷӣ 24 намояндагии дипломатии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагиҳои доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Аврупоӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ амал мекунанд, ҳамчунин 5 консулгарии генералӣ ва 3 консулгарии кишвар дар хориҷ фаъолият дорад. Соли 1993 дар Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд, соли 1994 дар Олмон нахустин сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1995 дар Эрон ва Туркия, 1997 дар Хитой, Австрия, Беларус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон моҳи январи 2002 дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамон сол сафоратҳои Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Белгия (ҳамзамон намояндагӣ дар Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Иттиҳоди Аврупо) ба кор оғоз намуданд. Солҳои 2003–2005 сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва Покистон таъсис ёфтанд. Баъдан соли 2007 дар Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, соли 2008 дар Британияи Кабир, Озарбойҷон, Украина, Швейтсария (ҳамзамон намояндагӣ дар шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид) ва Амороти Муттаҳидаи Араб сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтанд. Дар чанд соли охир дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфаи Россия, Алмаатои Қазоқистон, Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, Истанбули Туркия, Мазори Шариф, Қундуз ва Файзободи Афғонистон консулгариҳои Тоҷикистон ба кор шурӯъ карданд.

То имрӯз 161 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва бо зиёда аз 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли 57 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳоло дар Душанбе сафоратҳои 21 кишвари хориҷӣ фаъолият намуда, 65 давлати дигар сафирони ғайримуқимии худро дар Тоҷикистон таъйин кардаанд, ҳамчунин намояндагии аксари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд (2021).

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002) моҳият, мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозии он ба таври мушаххас инъикос шудаанд. Дар он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна ва бисёрсамтие, ки дар асоси эҳтироми мутақобили истиқлоли давлатӣ ва риояи манфиатҳои миллӣ амалӣ мегардад, муайян карда шудааст. Соли 2003 дар асоси ҳамин санади барномавӣ дар муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ «сиёсати дарҳои боз» эълон гардид. Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои боз» мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра тақвият дода, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард.

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё — Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 1 200 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд. Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Тоҷикистон бунёдгузори форматҳои нави муколама дар доираи кишварҳои форсизабон (сегонаи Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон) ва кишварҳои «Чаҳорғонаи Душанбе» (Тоҷикистон — Россия — Афғонистон — Покистон) мебошад. «Соли байналмилалии оби тоза» (2003); «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт”» (солҳои 2005–2015); «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» (2013) ташаббусҳои роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасию изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таркиби воқеӣ мукаммал намуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг

Муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг:

  • Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба унвони «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардид (2002);
  • «Шашмақом» ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба унвони шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ворид карда шуд (2003);
  • бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шаҳраки қадими Саразм ба феҳристи мусаввараҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ворид карда шуд (2010);
  • бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг «Боғи миллии Тоҷикистон — Кӯҳҳои Помир» ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шомил гардид (2013);
  • дар шаҳри Порис дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт (2013);
  • бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг» сарфароз гардонид (2013);
  • дар шаҳри Порис дар рафти иҷлосияи 37-уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷашнҳои 3 000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон), 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд (2013).

Фаъолияти нашриётӣ

Фаъолияти нашриётии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан аз соли 2006 вусъат пайдо кард; нашри фаслномаи иттилоотии «Дипломатия Таджикистана» ташкил карда шуда, он аз соли 2007 ба солнома табдил дода шуд.

Силсилаи китобҳо дар мавзӯи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Рыночная экономика и международное сотрудничество» (2006), «Тоҷикистон — Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо: муколама ва ҳамкорӣ» (2009, бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз» (2009, 2012, дар ду ҷилд, ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ), «Многовекторная дипломатия Таджикистана» (2010), «Хазинаи тилоии тоҷикон» (2010–2013, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, хитойӣ, туркӣ), «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият» (2011, ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ), «Таджикистан в системе обеспечения региональной безопасности ОБСЕ» (2011) ба нашр расонида шуданд. Соли 2011 дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» таъсис дода шуд.

А. Атоев.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 163–165.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.