Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Барои рустаниҳо решаву поя ва баргҳо чӣ лозиманд?

Реша он қисми рустанист, ки дар зери хок ҷойгир аст. Он се вазифаи муҳим дорад: аввалан рустанӣ ба воситаи реша дар замин мустаҳкам мешавад, сипас аз замин ғизо, об ва маводди минералӣ мегирад, ниҳоят рустанӣ дар решаҳо ғизои заруриро низ захира мекунад.

Поя қисми болоии рустанӣ аст. Вай баръакси реша, ки дар зери хок ба ҳар сӯ давида, аз он об ва ғизо меҷабад, ба боло қад кашида, рӯшноӣ мегирад. Поя шоху навда медавонад, барг сабз мекунад ва мева медиҳад. Ғайр аз ин ба воситаи поя ба шоху баргҳо об ва моддаҳои минералӣ мерасанд, дар поя шираҳои барои ҳаёт зарурӣ гардиш мекунанд, инчунин маводди ғизоӣ низ захира мешавад.

Баргҳо низ аз ҷумлаи узвҳои ҳаётан муҳими рустанӣ мебошанд. Онҳо дар муғҷаҳои хурди шохаҳои рустанӣ ва баъзан дар худи поя сабз мешаванд. Маъмулан, баргҳо ранги сабз доранд, зеро дар таркибашон моддаи хлорофилл мавҷуд аст. Инчунин, баргҳо энергияи рӯшноии офтобро фурӯ мебаранд. Аз минералҳо маводди ғизоӣ тайёр мекунанд, гази карбонро фурӯ бурда, оксиген ҳосил мекунанд, намиро ҷабида, буғ ҳосил менамоянд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.