Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Аввалин ҷангалҳои рӯи замин чӣ шакл доштанд?

Миллионҳо сол пеш сатҳи Замин бо ҷангал пӯшида шуда буд. Дар ҷангалҳо бештар аз 9 ҳазор навъи папоротник (фарн)-ҳои гуногунро вохӯрдан мумкин буд. Онҳо то 30 м баландӣ доштанд. Зеро дар он вақт ғайр аз папоротникҳо навъҳои дигари дарахтон намерӯиданд. Пас аз он ки обу ҳаво тағйир ёфта, дар баъзе минтақаҳо хушкӣ ба вуҷуд омад ва дар баъзе ҷойҳои дигар намнокӣ зиёд шуд, папоротникҳо дар минтақаҳои хушк нест шуданд. Ҳоло ин навъи дарахтон танҳо дар мамлакатҳои тропикӣ мерӯянду халос.

Чилбуғум

Чилбуғумҳо низ яке аз қадимтарин дарахтон ба шумор мераванд, ки 350 млн сол қабл вуҷуд доштанд ва қадашон то ба 15 м мерасид.

Чилбуғумҳои имрӯза чандон баланд набошанд ҳам, намуди худро дигар накардаанд.

Дар бофтаҳои дарахти чилбуғум дуоксиди силитсий — моддае, ки барои тайёр намудани маводи шустушӯй истифода мешавад, мавҷуд аст. Ғайр аз ин чилбуғум дорои заҳри таъсирнокест, ки ба ҳаёти ҳайвоноти ширхӯр хатар дорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.