Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Оё занбӯруғҳо фоида доранд?

Дар мамлакатҳои гуногун аз занбӯруғҳои сафед хӯрокҳои болаззат тайёр мекунанд. Зеро онҳо сергизо буда, дар таркибашон миқдори зиёди протеин ва намакҳои минералии барои организми инсон зарур мавҷуданд. Занбӯруғҳоро асосан дар саноати хӯрокворӣ ва тиб, инчунин дар хамирмояи шаробу пивопазӣ истифода мекунанд.

Баъзе намуди занбӯруғҳо, масалан, шампинёнҳоро сунъӣ парвариш мекунанд. Бештари занбӯруғҳо дар ҷангал ва марғзорҳо мерӯянд.

Занбӯруғҳо асосан дар баҳору тирамоҳи серборон, дар назди решаҳои дарахтон мушоҳида мешаванд ва ғизоро аз маводди пӯсидаи баргҳои рехта мегиранд.

Бояд дар вақти ҷамъоварии занбӯруғ эҳтиёткор буд, зеро занбӯруғҳои заҳрдор низ вомехӯранд, ки ба саломатӣ зарар доранд. Онҳоро аз занбӯруғҳои безаҳр фарқ кардан қариб имкон надорад.

Занбӯруғҳои заҳрдор

Баъзе занбӯруғҳо чунон заҳрноканд, ки пас аз истеъмоли онҳо мурдани одам имкон дорад.

Яке аз ин занбӯруғҳои хатарнок рангпаридаи заҳрнок ном дорад. Баъди 8 соати истеъмоли ин занбӯруғ заҳр таъсири худро мерасонад. Ташнагӣ, дарди шикам, исҳол нишонаҳои таъсири ин занбӯруғи заҳрнок аст. Дар сурати сари вақт ба духтур муроҷиат накардан, заҳр ҷигарро аз кор мононда, ба марг мерасонад.

Занбӯруғи дигари заҳрнок ин магаскуш (мухомор) ном дорад. Заҳри вай баъди 2 соат таъсир мерасонад.

Магаскуш боиси дарди шикаму вайроншавии меъда мегардад, вале он қадар марговар нест.

Александр Флеминг

Яке аз олимонест, ки барои инсоният манфиати зиёд овардааст. Ӯ соли 1881 дар Шотландия таваллуд шуда, профессори соҳаи тибби Донишгоҳи Лондон буд. Вай бо кашфи доруи пенициллин шӯҳратёр гашт. Флеминг тасодуфан мушоҳида намуд, ки мағор гурӯҳи калони бактерияҳо – барангезандаҳои бемории сироятӣ, ки ӯ мавриди таҳқиқ қарор дода буд, нобуд кардааст. Вай ба андешае расид, ки агар мағор бактерияҳоро нобуд карда бошад, пас онро барои табобати бемориҳое истифода бурдан мумкин аст, ки омилашон ҳамин бактерияҳоранд. Ӯ дар ин самт таҷрибаҳо гузаронида, аз бактерияҳои мағор дорувории судбахш тайёр кард. Азбаски мағори номбурда бо забони лотинӣ пенициллин ном дошт, ба дору низ ҳамин номро гузошт. Вай барои ин кашфиёт соли 1945 дар соҳаи тиб сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобелӣ гашт ва соли 1955 аз олам даргузашт. Инсоният барои чунин кашфиёт ба Александр Флеминг арҷгузор аст, зеро то имрӯз ҳазорон одамон ба воситаи пенициллин аз марг наҷот ёфтаанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.