Занбӯруғ (қорч) чист?
Занбӯруғҳо организмҳои зиндаи ба рустанимонанд мебошанд. Чандин намуди занбӯруғ мавҷуд аст. Дар Тоҷикистон қариб ду ҳазор намуди занбӯруғҳо паҳн шудаанд, ки дар байни онҳо 20 намудашон (дили бара, қорч, чатрак ва ғайра) чун маводди ғизоӣ истифода мешаванд. Занбӯруғҳо асосан дар ҷангалзор мерӯянд, баъзеи онҳоро ба таври сунъӣ ҳам парвариш мекунанд. Маъмулан, пояи он дароз буда, бо пояаш ба замин мечаспад. Қисми болоӣ, ё худ кулоҳи он зич ва сергӯшт буда, воқеан ба кулоҳ монанд аст. Ранги занбӯруғ гуногун – сафед, сурх, қаҳваранг ва доғдор мешавад. Қабати поёнии кулоҳи занбӯруғ ба лаб монанд аст. Баъзеашон аз лавҳаҳои хурду тунук иборат мебошанд.
Занбӯруғҳо дар таркиби худ хлорофилл надоранд ва аз худ моддаҳои ғизоӣ ҳосил намекунанд, аз ин рӯ рустанӣ шумурда намешаванд. Аммо ба ҳайвонот ҳам монанд нестанд, бинобар ин олимон онҳоро як гурӯҳи махсуси мавҷудоти зинда меҳисобанд, ки ба гурӯҳи рустаниҳо ва ба олами ҳайвонот дохил намешаванд.
Ба ин гурӯҳ мағор ва пӯпанакро низ дохил мекунанд, ки ҷисман хеле хурд буда (онҳоро занбӯруғҳои микроскопӣ меноманд), баъзеашон боиси беморӣ низ мешаванд.
Бактерия – организми зиндаи якҳуҷайрагӣ; баъзе бактерияҳо ба беморӣ мубтало мекунанд, дигарашон, баръакс, барои организми мо муфиданд.
Пигментҳо (моддаи рангдиҳандаи организми ҳайвон ё рустанӣ) Пигмент моддаи органикиест дар дохили ҳуҷайраҳо, ки ба бофтаҳои организми зинда рангҳои гуногун мебахшад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




