Обсабзҳо чӣ манфиат доранд?
Обсабзҳо хӯроки ҳайвоноти гуногуни баҳрӣ мебошанд, онҳо инчунин аз худ оксиген хориҷ мекунанд. Онҳо ғизоро аз минералҳое мегиранд, ки дар об вуҷуд доранд. Бо ёрии бехчасп (навда)-ҳои решамонанди худ ба қаъри баҳр ва ё сангҳои зериобӣ мечаспанд. Мисли рустаниҳои дигар обсабзҳо дорои хлорофилл буда, қобилияти фотосинтез кардан доранд.
Азбаски обсабзҳо маводди зиёди органикӣ ва намакҳои минералӣ доранд, аз онҳо нуриҳои минералӣ тайёр карда, дар киштукор истифода мебаранд. Баъзе обсабзҳо хусусияти шифоӣ низ доранд. Аз ин рӯ онҳо барои тайёр намудани маводди ороиши рӯй, доруворию маҳсулоти ғизоӣ манбаи муҳимманд.
Обсабзҳоро ҳатто ҳангоми парвоз ба кайҳон истифода мекунанд, зеро дар таркибашон оксиген вуҷуд дорад, ки барои нафасгирии кайҳоннавардон ниҳоят муфид аст. Инчунин онро ҳамчун ғизо истифода мебаранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




