Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Рустанӣ чист?

Рустанӣ мавҷуди зиндаест, ки мустақилона ҳаракат карда наметавонад ва бо ёрии решаҳояш дар замин устувор аст. Рустаниҳо об ва намакҳои минералиро ба воситаи решаҳо аз замин гирифта, аз онҳо маводди ғизоии барои ҳаёт заруриро меҷабанд ва сабз мешаванд. Ҳар ҳуҷайраи рустанӣ бо пардаи селлюлозӣ пӯшонда шудааст, бинобар ин селлюлоза маводди асосии организми рустаниҳо ба ҳисоб меравад.

Рустаниҳое ҳам ҳастанд, ки ҳамагӣ аз якчанд ҳуҷайра иборатанд. Дар ин гуна рустаниҳо аломатҳои ба рустаниҳо хос он қадар зиёд мушоҳида карда намешаванд. Ба қатори ин гуна организмҳои сода бактерияҳо ва занбӯруғҳо дохил мешаванд, ки онҳо ба рустанӣ монанд бошанд ҳам, вале на ҳамаи хусусиятҳои онро доранд. Илмеро, ки рустаниҳоро меомӯзад, ботаника меноманд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.