Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Дар оркестри симфонии муосир кадом созҳо истифода мешаванд?

Аз замони пайдоиши нахустин оркестрҳо то имрӯз теъдоди созҳо доиман тағйир меёбад.

Дар замони мо оркестри симфонӣ аз 80 сози мусиқӣ иборат аст. Шумораи созҳои оркестр вобаста ба асарҳои иҷрошаванда, тағйир меёбад.

Оркестрро дирижёр идора мекунад. Ҳангоми концерт ӯ дар байн ва рӯ ба навозандагон меистад, то ки ҳамаи навозандагон ӯро дида, бо дастуру ишораҳои ӯ амал кунанд.

Ба дирижёр аз ҳама наздик навозандагони созҳои торӣ менишинанд. Аз ҷониби рост ғижакнавозон ҷой мегиранд, ки садои аз ҳама баланд ба онҳо тааллуқ дорад. Аз тарафи чапи онҳо алтнавозон ва виолончелнавозон, дар тарафи чаптар контрабасҳо ва созҳои овозашон паст қарор мегиранд. Баъди созҳои торӣ созҳои нафасии аз мису чӯб сохташуда ҷой мегиранд. Созҳои зарбӣ дар охир меистанд, гоҳо дар концертҳо дар оркестр фортепианоро низ ҳамроҳ мекунанд. Ҷои фортепиано дар паҳлуи скрипкаҳост.

Волфганг Амадей Моцарт

Волфганг Амадей Моцарт (1756–1791) бастакор ва навозандаи австриягӣ мебошад. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ фортепианоро хеле хуб менавохт ва мусиқӣ эҷод мекард. Дар синни 6-солагӣ барои маликаи Австрия Мария Тереза концерт намоиш дод. Дар синни 12-солагӣ барои фортепиано чандин асарҳо эҷод намуда, ҳатто ду опера ҳам навиштааст. Вай яке аз бузургтарин оҳангсозон дар таърихи илми мусиқӣ мебошад. Муаллифи операҳои машҳури «Хонадоршавии Фигаро», «Дон Жуан», «Флейтаи сеҳрнок» ва чандин асарҳо барои кларнет, арфа, флейта ва созҳои дигари мусиқӣ мебошад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.