Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Филмҳои тасвириро чӣ гуна меофаранд?

Офаридани филмҳои тасвирӣ – мултфилмҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Дар он рассомон, коргардонҳо ва таҳиягарон ширкат мекунанд. Бо ёрии донишу малака ва санъати худ ба онҳо муяссар мешавад, ки тасвири қаҳрамонон филмҳояшон зинда шуда, ба ҳаракат дароянд ва сухан кунанд. Албатта, ин кор заҳмати зиёд, вақт ва сабру тоқатро тақозо менамояд.

Барои ҳар як сонияи филми тасвирӣ бояд 24 расми гуногун кашида шавад. Ҳар як тасвирро бо каме тағйирот нисбати расми аввала, дар варақи шаффоф кашида, бо тартиб паҳлуи ҳам мегузоранд. Ҳангоми филмсозӣ тасвирҳои мазкур пайи ҳам бо суръати тез ба навор гирифта мешаванд ва ҳангоми намоиш чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки тасвирҳо мисли одамон ҳаракат мекунанд.

Аввалин қаҳрамонони маъруфи ин филмҳо оҳубарра Бэмби, Микки Маус, сагча Плуто ва ғайра буданд. Филмҳои тасвирӣ дар солҳои 30-юми асри 20 дар Амрико ба навор гирифта шудаанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.