Мутрибон созҳои мусиқиро чӣ гуна менавозанд?
Барои мусиқиро аз рӯи адвор (нота) иҷро кардан донишу ҳунари муайян лозим аст. Мутриб барои иҷро кардани як асари мусиқӣ бояд ба сабти адворе, ки дар он овозҳои мусиқӣ тавассути нишонаҳои махсус — нота ишора шудаанд, сарфаҳм равад. Ҳамчунин дар адвор дастури иҷро низ дарҷ ёфтааст. Мутриб инчунин бояд қоидаҳои навохтани созро донад. Барои созҳои гуногунро навохтан усулҳои гуногуни навозиш лозиманд. Ҳамзамон шеваҳои гуногуни навозиши як соз низ мавҷуд аст. Мутриби хуб бояд ҳамаи ин усулу услубҳоро донад.
Квартет
Квартет асарест, ки барои чаҳор сози мусиқӣ навишта шудааст. Гурӯҳи иборат аз чаҳор мутрибро низ квартет меноманд. Дар квартет созҳои мусиқии як гурӯҳ, масалан, созҳои торӣ ё нафасӣ истифода мешаванд. Квартети торӣ аз ғижак, алт, виолончел ва контрабас иборат аст. Оҳангсозони зиёде квартети торӣ эҷод намудаанд: дар Итолиё Боккерини, дар Фаронса Госек, дар Олмон Гайдн ва Бетховен, дар Австрия Мотсарт.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




