Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

УЗИ барои чӣ истифода мешавад?

Маънои УЗИ таҳқиқоти ултрасадоӣ мебошад. Он технологияест, ки барои таҳқиқи узвҳои дохилии инсон имкон медиҳад. Тавассути дастгоҳи махсус ба даруни инсон мавҷҳои ултрасадоӣ фиристода мешаванд ва акси онҳо аз узвҳои таҳқиқшавандаи дохилӣ ба сигналҳои электрикӣ табдил ёфта, дар экрани махсус пайдо мешавад.

Вилгелм Конрад Рентген

Вилгелм Конрад фон Рентген (1845–1923) олими олмонӣ, профессори донишгоҳҳои Страсбург, Гессен, Вюрцбург ва Мюнхени Олмон буд. Вай шуоеро ихтироъ намуд, ки худ онро «икс шуоъ» номид ва сипас ба шарафи ӯ номи шуоъҳои рентгениро гирифт. Вай ошкор намуд, ки шуоъҳои мазкур бо хатти рост паҳн шуда, аз майдонҳои магнитӣ ва электромагнитӣ ба осонӣ мегузаранд. Соли 1901 барои ин кашфиёт Рентген сазовори Ҷоизаи байналхалқии Нобелӣ дар соҳаи табиатшиносӣ (физика) гардид.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.