Эмкунӣ (ваксина) кай пайдо шудааст?
Соли 1796 духтури англис Эдвард Ҷеннер аввалин шуда эмкуниро ҷорӣ намуд. Мизоҷи ӯ ҷавоне буд, ки ба бемории гузарандаи нағзак гирифтор шуда буд. Ҷеннер муайян намуд, ки агар ба организми инсон вируси бемории муайян, ки дар говҳо мушоҳида мешавад, ворид карда шавад, он гоҳ инсон аз бемории нағзак наҷот меёбад. Ин ихтирои худро ӯ ваксина номид, ки дар забони лотинӣ маънояш «гов» аст. Пас аз ин ҳамаи доруворие, ки нисбат ба ин ё он беморӣ сироятнопазиранд, ваксина номида мешуданд. Моҳияти эмкунӣ дар он аст, ки ба воситаи сӯзандору ба хуни инсон барангезандаҳои бемориро ворид менамоянд, вале онҳо коркард шуда, дар ҳаҷми ниҳоят кам мебошанд, бинобар ин дар организм хурӯҷ намекунанд. Чунин сӯзандору эмкунӣ (ваксина) номида мешавад. Вақте ин вирусҳо ба организм ворид мешаванд, организм моддаҳоеро ба вуҷуд меорад, ки бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, онро нобуд мекунанд. Аз ин рӯ, агар дар оянда вирусҳои чунин беморӣ ба организм ворид шаванд, организм аллакай худро муҳофизат карда метавонад ва инсон ба беморӣ гирифтор намешавад.
Ивазкунии дил
Нахустин бор, соли 1967 ҷарроҳи Африқои Ҷанубӣ Кристиан Бернард дилро иваз кардааст. Аз он вақт то имрӯз технологияи ивазкунии дил хеле такмил ёфта, натиҷаҳои аҷиб ба даст оварда шуданд. Дар замони ҳозира одамонеро, ки ба бемории дил гирифторанду умеде ба беҳбудии онҳо нест, ҷарроҳӣ карда, қалби беморро бо дили бенуқс иваз мекунанд ва мизоҷ боз чун шахси солим зиндагӣ мекунад. Ҳоло шахсони бисёр васият мекунанд, ки пас аз маргашон дили онҳоро барои табобати дигарон истифода баранд.
Эдвард Ҷеннер
Эдвард Ҷеннер (1749–1823) – духтури англис аввалин шуда, соли 1796 эмкуниро ҷорӣ намуд. Бемории нағзак, ки бар асари он дар дунё миллионҳо одамон ҷон доданд, дар давоми 13 садсола яке аз бемориҳои хатарноктарину паҳнгардидаи олам маҳсуб мешуд. Соли 1979 Созмони байналмилалии тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон эълон намуд, ки бемории номбурда пурра нест карда шудааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




