Тибби қадим чӣ гуна буд?
Одамон ҳанӯз аз давраҳои қадим ба омӯхтани бемориҳо ва пайдо намудани роҳҳои табобати онҳо машғул буданд. Қабилаҳои гуногуни қадимӣ, барои табобат ва паст кардани шиддати ин ё он беморӣ, давои захм ва монанди инҳо аз рустанӣ ва ҷинсҳои дигари табиӣ доруҳо тайёр мекарданд. Ин амал дар қадим барои донистани хусусиятҳои ин ё он рустанӣ имкон медод. Ғайр аз ин дар Байнаннаҳрайни қадим тақрибан чор ҳазор сол пеш бобилиён беморонро ҷарроҳӣ мекарданд. Мисли ҳамин мисриёни қадим дар ҷарроҳӣ ҳатто косахонаи сарро мекушоданд. Дар Ҳиндустон 1000 сол пеш аз милод тарзҳои маъмули табобати захмҳои гуногун, аз қабили варам, бартараф намудани заҳролудшавии узвҳои дохилӣ, шикастабандӣ ва осон намудани таваллуди занони ҳаёташон зери хатарбуда мавҷуд буданд. Дар Чин бошад, ҳанӯз аз асри 8 пеш аз милод тавассути сӯзандору табобат менамуданд, ки имрӯз низ ин усул васеъ истифода мешавад.
Фонендоскоп
Фонендоскоп асбобест, ки бо ёрии он садоҳои даруни ҷисми инсонро мешунаванд. Ҳарчанд онро метавон бо мақсадҳои гуногун истифода кард, вале он асосан дар тиб маъмул аст. Духтур бо ёрии фонендоскоп садои тапиши дил ва нафасгириро шунида, аз рӯи ин садоҳо навъи касалиро муайян менамояд.
Лавозимоти тиббӣ чистанд? Доруҳои давобахш ва хосияти онҳо
Доруҳо моддаҳое мебошанд, ки онҳоро барои табобати беморӣ ё ҳангоми захмдор шудан истифода мекунанд. Баъзе доруҳо унсурҳои табиӣ доранд, вале аксарашон аз маводди сунъии кимиёӣ таркиб ёфтаанд. Дар замони мо ҳазорон навъи дору вуҷуд дорад. Ҳамаи онҳо ба ду навъ тақсим мешаванд: пешгирикунандаи беморӣ ва табобатӣ. Доруҳои пешгирикунандаи бемориҳо барои ҳимояи организми мо аз ҳар гуна бемориҳо истифода мешаванд, масалан ваксинаҳо. Доруҳои табобатӣ барои рафъи беморӣ ва барқарор намудани кори мунтазами организм истифода мешаванд. Барои он ки доруҳо ба андомгон (организм)-и мо зиён наоранд, онҳоро пайи ҳам ва бо ҳар гуна ғизо истифода бурдан зарар дорад. Дар сурати набудани духтур аз дастурамали доруҳо истифода кардан манфиатовар аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




