Қутбнамо барои чӣ зарур аст?
Қутбнамо асбобест, ки барои муайян намудани самти ҳаракат истифода мешавад. Бо ёрии ин таҷҳиз самтҳои Замин – шимол, ҷануб, шарқ ва ғарбро муайян мекунанд.
Механизми қутбнамо хеле содда буда, дар дохили он ақрабаки миқнотисӣ (магнитӣ) (оҳанрабо) мавҷуд аст, ки дар гирди меҳвари амудӣ давр мезанад ва ҳамеша Қутби шимолро нишон медиҳад. Вақте ки самти шимол муайян гардид, муайян кардани самтҳои дигар душворӣ надорад. Қутбнаморо ҳанӯз дар асрҳои 4–6-и милодӣ чиниҳо ихтироъ намудаанд. Баъдтар арабҳо қутбнаморо аввал ба Аврупо ва баъд ба Амрико расондаанд.
Қутбнамо барои баҳрнавардону сайёҳон ва кашшофон ашёи зарурӣ аст. То пайдоиши он баҳрнавардон самти ҳаракатро рӯзона танҳо ба воситаи офтоб ва шабона ба воситаи ситораҳо муайян мекарданд.
Амали оҳанраборо мушоҳида мекунем
Гарди филиззӣ ё резамайдаҳои оҳанро гиру ба болои як варақи сафед рехта паҳну парешон кун. Оҳанраборо аз таги варақ ба ҳар ҷониб ба ҳаракат дарор. Мебинӣ, ки майдони магнитӣ ба вуҷуд омада, резамайдаҳои оҳан ба самти ҳаракати қувваи оҳанрабо ба ҷунбиш даромада, бо ҳаракатҳои дасти ту ҳамоҳанг мешаванд.
Оҳанрабо
Оҳанрабо ашёест дорои хусусияти фавқулодда. Вай баъзе филиззотро ба худ мекашад. Тамоми навъҳои оҳанрабо ду қутб доранд, ки онҳоро шартан қутбҳои «шимол» ва «ҷануб» меноманд. Оҳанрабо ғайр аз филиззот, инчунин оҳанрабои дигарро низ ҷазб мекунад. Дар ин сурат қутби шимоли як оҳанрабо қутби ҷануби оҳанрабои дигарро мекашад ва баръакс. Аммо ду қутби якҷинсаи оҳанрабо (қутбҳои шимолу шимол ва ҷанубу ҷануб) ҳамдигарро тела медиҳанд.
Оҳанрабо ашёеро ба худ мекашад, ки аз оҳан, чӯян, кобалт ва никел сохта шудаанд, вале ба тило, мис, нуқра, алюминий, пластика ва чӯб таъсир намерасонад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




