Расадхона чист?
Ҳанӯз аз замонҳои қадим одамон осмони пурситора ва ниҳоят дуру асрорангезро мушоҳида мекарданд ва меомӯхтанд. Дар ин хусус боқимондаҳои расадхонаҳои қадим шаҳодат медиҳанд. Мардумони Байнаннаҳрайн, Миср, Ҳиндустону Чин, ҳиндуҳои майя, арабҳо биноҳои махсусро барои мушоҳида намудани ситораҳо сохтаанд, ки намунаи аввалин расадхонаҳо ба шумор мераванд. Дар байни расадхонаҳои сохтаи ниёгони тоҷикон расадхонаи Исфаҳон (асрҳои 10–11, бо сарварии Умари Хайём), расадхонаи Мароға (асри 13, бо сарварии Насируддини Тӯсӣ), расадхонаи Самарқанд (асри 15, бо сарварии Улуғбек) шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Расадхонаҳои ҳозира иншооти ниҳоят бузург мебошанд. Дар онҳо барои мушоҳида намудани ҷирмҳои осмонӣ, сайёраву радифҳои онҳо, тағйироти гуногун дар Кайҳон ва ғайра технологияи навтарини астрографӣ, меридианӣ, телескопӣ, фотосферию хромосферӣ, асбобҳои оптикии мушоҳидаи шиҳобҳо ва ғайра истифода мешавад. Дастгоҳҳои аз ҳама маъмули расадхона – устурлоб (асбоб барои муайян намудани баландии офтоб ва ситораҳо), телескоп, судс (секстант) ва ғайра мебошанд, ки дар дохили гунбади нимкураи даврзанандаи боми расадхона гузошта шудаанд. Маъмулан, расадхонаҳоро дар теппаҳо ва ҷойҳое месозанд, ки боду ҳавои тоза ва осмони соф доранд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




