Радарро кӣ ихтироъ кардааст?
Радар барои мушоҳида кардани ҳаракати ҷисмҳои дар масофаи дур ҷойгиршуда истифода мешавад.
Соли 1911 нависандаи амрикоӣ Хю Ҷемсбэк дар яке аз асарҳои хаёлии худ асбоберо тасвир карда буд, ки айнан мисли радарҳои ҳозира аст. Аз он замон олимон ва таҳқиқотчиёни зиёде кӯшиш намуданд, ки ин хаёлотро амалӣ гардонанд, вале муддати тӯлонӣ касе ба ин мақсад ноил нашуд.
Танҳо соли 1935 ба олими англис Роберт Александр Уотсон-Уатт муяссар гардид, ки ба воситаи радар тайёраи дар масофаи 50 км парвозкунандаро мушоҳида кунад. Ҳамин тариқ, радар ихтироъ карда шуд. Радари имрӯза асбобест, ки мавҷҳои электромагнитиро ба воситаи мавҷгир паҳн мекунад. Мавҷҳо ба масофаҳои ниҳоят дур паҳн мешаванд ва агар дар роҳи онҳо ягон чизе дучор ояд, онро зуд акс мекунанд ва ба асбоби таҳқиқкунанда, яъне ба мавҷгири радар бармегардонанд. Радар ин мавҷро қабул карда, масофаи ҷойгиршавии ҷисмро муайян менамояд ва ба экран медиҳад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




