Бармаи барқӣ (Электродрел) чист?
Дар хона зуд-зуд моро зарурате пеш меояд, ки расмеро ба девор овезем, рафи китоб созем, мебелҳоро дуруст кунем, қулф часпонем ва ғайра. Барои анҷом додани ин корҳо ба мо асбобҳои махсус лозиманд: болға, анбур, мурваттоб ва боз чанд асбоби дигар. Дар миёни онҳо асбобҳое ҳастанд, ки истифодаашон кори моро осонтар мекунад, аз ҷумла бармаи барқӣ ва арраи барқӣ.
Бармаи барқӣ асбобест барои сӯрох кардани девор ва дигар ашёи оҳанию чӯбӣ.
Дар қисмати пеши бармаи барқӣ асбоби махсусест, ки ба он бармаҳои гуногунандозаи оҳаниро насб карда, ашёи дилхоҳро сӯрох мекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




