Термометрро кӣ сохтааст?
Термометр асбобест, ки ба воситаи он ҳарорат санҷида мешавад. Онро соли 1592 олим Галилео Галилей ихтироъ намудааст. Ба ҳамаи мо термометри тиббӣ (ҳароратсанҷ), ки барои чен кардани ҳарорати бадани инсон истифода мешавад, шинос мебошад. Сохти ин термометр хеле сода аст: вай аз шиша сохта шудааст, дар як тарафи он андаруни зарфи найчадор симоб мавҷуд аст. Вақте ки мо термометрро ба бағал мегузорем, аз таъсири ҳарорати бадани мо симоб гарм шуда, аз дохили найчаи ниҳоят танг ба боло меравад. Дар рӯи термометр ҷадвал тартиб дода шудааст ва симоб ба кадом нуқтае, ки барояд, мо медонем, ки ҳарорати симоб чӣ қадар баланд шудааст. Ва ҳамин нуқта ҳарорати бадани моро муайян мекунад.
Ғайр аз ин термометрҳои электронӣ мавҷуданд, ки ҳароратро ба воситаи рақамҳо дар экран нишон медиҳанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




