Ҷисмҳои хурдро чӣ тавр мебинанд?
Дар табиат ҳам ҷисмҳои бузург, ба мисли кӯҳҳо ва ҳам ниҳоят хурд, ба мисли микробҳо мавҷуданд, ки онҳоро бо чашми одӣ дидан имкон надорад. Барои он ки мо онҳоро бинем, дастгоҳи махсуси оптикӣ – микроскоп (заррабин)-ро истифода мебарем. Ин асбоб ба воситаи линзаҳои махсус ашёро миллион маротиба калон мекунад. Ҳанӯз аз асри 15 одамон ба воситаи линзаҳо ва пурбинҳо ашёро мушоҳида мекарданд. Аммо аввалин микроскоп дар асри 16 дар Фландрия, (Нидерландияи имрӯза) ихтироъ шудааст. Дақиқан муайян нест, ки онро кӣ ихтироъ кардааст, вале тахмин мекунанд, ки онро олимони нидерландӣ Захария Янсен, Ханс Липпершей ва Корнелиус Дреббел сохтаанд. Дар асри 19 Эрнст Аббе ном ихтироъкор микроскопро бо ёрии назарияҳои нави илмӣ такмил дод. Акнун ба воситаи он мушоҳида кардани ҷисмҳои микроскопӣ, яъне микроорганизмҳо – ҳуҷайраву бофтаҳои хурдтарин, ки бо чашм дида намешуданд, имконпазир гардид. Ба шарофати микроскоп дар омӯхтани табиат ва мавҷудоти зинда, аз ҷумла, узвҳои бадани инсон, кашфиёти зиёде ба вуҷуд омаданд. Ҳоло микроскопҳои электронӣ роиҷанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




