Ҷисму ҷирмҳои масофаи дурро чӣ тавр мебинанд?
Агар ҷисм ё ҷирмҳо масофатан ниҳоят дур бошанд ва бо чашми одӣ дида нашаванд, онҳоро ба воситаи дастгоҳҳои оптикӣ – дурбин ва телескоп дидан мумкин аст. Дар дохили ин асбобҳо ба тартиби муайян линзаҳо – шишаҳои нимдоираи суфта ва оина гузошта шудаанд. Линзаҳо ҷисмҳои дур ва дар назар хурдро калон нишон медиҳанд, оинаҳо бошанд, онҳоро ба шабакияи чашмҳо наздик мекунанд.
Телескопро соли 1671 табиатшиноси англис Исаак Нютон ихтироъ намудааст. Дурбин бошад, соли 1850 аз ҷониби ихтироъкори итолиёвӣ – Игнасио Порро сохта шудааст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




