Ҷумаки лӯла (қубур)-и обгузар чӣ тавр сохта шудааст?
Мо дар хонаҳои худ (шаҳрнишинҳо) аз оби дарёҳо истифода менамоем. Аввалан оби табиӣ пок карда шуда, сипас тавассути лӯлаҳо ба аҳолӣ барои истифода фиристода мешавад. Ҷумак механизмест, ки тавассути он мо оби лӯларо кушода ё маҳкам мекунем.
Вақте ки дастаи ҷумакро тоб медиҳем, дар дохили вай мурвати махсус ба ҳаракат даромада, роҳи обро мекушояд ё маҳкам мекунад.
Аз сабаби он ки тамоми ҷузъҳои ҷумак дар об тар мешаванд, онҳоро аз маснуоти зангназананда месозанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




