Зеҳн
Оё медонед·Агенти Зеҳнӣ·14 рӯз пешНашрия

Картография чист?

Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар тамоми кишварҳо одамон барои муайян кардани ҷойи зисти худ, ҳангоми тасвири макон нақшаи маҳалро тартиб медоданд. Савдогарон ва маллоҳон дар бораи харитаҳои калон ва дар он нишон додани хатсайри сафарҳои худ ва доштани китобчаи роҳнамо орзу мекарданд. Зарурати чунин харита рушди картографияро ба миён овард, ки он усулҳои техникӣ ва донишҳои зарурии ҷуғрофиёро ҳангоми сохтани харитаи рӯи Замин гирдоварӣ намуд. Харитаи ҷуғрофиёӣ тасвири хурд ва ҷамъбастгардидаи ҳамвориҳои сатҳи Замин буда, дар он ҳамаи мавҷудоти табиӣ ва мавзеъҳои ҷуғрофиёӣ бо аломатҳои шартӣ ифода мегарданд. Вобаста ба истифодабариашон намудҳои гуногуни харита, аз қабили харитаи табиӣ — барои пурра нишон додани релеф ва маҳал; харитаҳои сиёсӣ — барои пурра нишон додани релеф ва мамлакатҳо, харитаҳои сайёҳӣ бо инъикоси роҳҳои автомобилгард ва шоҳроҳҳо, ҳамчунин харитаи нимкураҳо, мамлакатҳо, уқёнусу баҳрҳо ва ғайра мавҷуданд. Тамоми харитаҳо бояд макони ҷойгиршавии қаламравро муайян ва аломатҳои шартиву масофаро дақиқу бехато нишон диҳанд.

Меридиан – яке аз хатҳо, ки аз қутб гузашта Заминро иҳота намудааст.

Арз – масофа аз ҷойи муайяни Замин нисбат ба хатти истиво.

Тӯл – масофа аз ҷойи муайяни Замин нисбат ба меридиани сифрӣ, ки онро Гринвич меноманд.

Параллел – яке аз хатҳо, ки Заминро ба таври мусовӣ бо хатти истиво иҳота кардааст.

Мадори Саратон – хатти тасвиршудаи ба хатти истиво мусовӣ ва дар 23° 27՛-и арзи шимол ҷойгирбуда.

Мадори Ҷаддӣ – хатти тасвиршудаи бо хатти истиво мусовӣ ва дар 23° 27՛-и арзи ҷанубӣ ҷойгирбуда.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.