Оё дар Замин мавқеи қитъаҳо тағйир ёфтааст?
Олимон пас аз омӯхтани кӯҳҳову қаъри баҳру уқёнусҳо ба хулосае омаданд, ки миллионҳо сол қабл қитъаҳои Замин шакли имрӯзаашонро надоштаанд. Ба ақидаи онҳо қитъаҳо бо мурури замон дар натиҷаи инкишофи Замин шакли худро тағйир додаанд.
200 млн сол қабл дар сатҳи Замин қитъа (континент)-и ягона бо номи Пангея ва уқёнуси ягона бо номи Панталасса вуҷуд доштааст.
Тақрибан баъди 20 млн сол қитъаи Пангея ба ду континент – Лавразия (Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё) ва Гандвана (Амрикои Ҷанубӣ ва Африқо) ҷудо шудааст.
Инчунин тақсимшавии Антарктида ва Ҳиндустон, ки бо Африқо ҳамроҳ будаанд, ба вуҷуд омадааст.
Амрикои Ҷанубӣ низ аз Африқо ҷудо шуд ва пас аз чанде Африқо бо Аврупо наздик гардид.
Баъдтар Амрикои Ҷанубӣ бо Амрикои Шимолӣ наздик ва Австралия аз ҳамаи онҳо ҷудо шудааст.
Ин тақсимшавӣ, ки 20 млн сол идома ёфт, оқибат шакли имрӯзаи Заминро ба вуҷуд овард.
Вақте ки дар асри 16 аввалин харитаҳои дақиқ ба вуҷуд омаданд, таваҷҷуҳи олимонро ба ҳам монанд будани тарҳи қитъаҳои имрӯза ҷалб намуд. Чӣ гуна пайдо шудани ин монандиро мо акнун медонем.
Қитъаи гумшуда
Баъзеҳо бовар доранд, ки ҳазорҳо сол қабл қитъае дар ҷои уқёнуси Атлантик пайдо шуда, сипас аз байн рафтааст, ки Атлантида ном доштааст.
Одамони ба ин ақида бовардошта чунин меҳисобанд, ки Атлантида дар натиҷаи дигаргуниҳои харобиовари табиӣ нобуд шудааст.
Барои бисёр олимон ин як ривоятест, ки чандон асоси илмӣ надорад. Дигарон исрор мекунанд, ки ин қитъа вуҷуд дошта, тахминан байни соҳилҳои Амрикои Шимолӣ, Гренландия, Аврупо ва ҷазираҳои Канар ҷойгир будааст.
Аз сабаби мавҷуд набудани дигар далелҳо Атлантида чун қиссаи аҷоиби бадеӣ боқӣ мондааст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




