Озарахш (барқ) чист?
Тавре ки гуфтем, ҳангоми раъду барқ дар натиҷаи ба ҳам соиш хӯрдани қатраҳои борону ҳавои гарм энергияи электрии зиёд ҳосил мешавад. Агар ҷаҳиши заррачаҳои электрӣ байни абрҳову Замин ба вуҷуд ояд, онро барқ ё соиқа меноманд.
Конденсатсия Ҳодисаи аз буғ ба моеъ мубаддал шудан.
Эътидоли шабу рӯз Рӯзҳои сол, вақтеро ки вобаста ба ҳолати Офтоб давомнокии шаб бо рӯз якхела аст, эътидоли шабу рӯз меноманд. Он 21 март, оғози фасли баҳор ва 21 сентябр, саршавии тирамоҳ мебошад.
Инқилоби Офтоб Убури Офтоб аз дуртарин ё наздиктарин нуқтаи эллиптикии хати истиво (экватор). Инқилоби тобистонӣ ба 22 июн - дарозтарин рӯзи сол рост меояд, ки баъди он кӯтоҳшавии рӯзҳо оғоз меёбад. Инқилоби зимистонӣ – 22 декабр – кӯтоҳтарин рӯзи сол буда, баъди он дарозшавии рӯзҳо сар мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




